Домод як руз хангоми нахоркуни гуфт, ки:
-Ака! Имруз хохаратон кати мехохем ба шумо як духтари холаамро шинос кунем. Харчанд ин чиянам бо касе харф намегуяд- аммо хамин бас аст, ки шумо уро бубинеду у шуморо.
Ман боз якрави кардани шудам- аммо гиряхои хохарам маро мачбур кард то рози шавам. Мо ба он хона рафта мехмон шудем. Муддате гузашту хохарам маро аз назди мардхо ба дигар хона даъват кард. Дар он хона духтараки зиёд шармгине бо модараш меистод. Дар сараш руймоли калоне дошт ва он сару руяшро мепушонд. Ман танхо як камеи чехраашро дидаму халос.
Аммо хамин басанда буд, ки дар дилам оташи мехр пайдо гардад. Хохарам акнун аз ман пурсид, ки рози хастам ин духтарро ба зани гирам. Ман табассумкунон рози шудам. Холаамро, ки наздиктарин хешамон буд ба деха даъват намудему уро аз ин нийятам хабардор намудем. У сахт хурсанд шуд ва моро дуъои хайр дод.
Мо дар муддати кутохе туй кардем. Аммо ин туи кардаи ман бо он туйхои пешина кардаву дидаам монанд набуд. Балки бо хохиши волидайни арусшаванда мо маъракае кардему бе раксу бозиву сарояндахо ва онхо духтарашонро гусел намуданд. Харчанд арусшаванда то ба хол боре хонадор нашуда бошад хам чун баъзе духтархо пофишори накард то туи калону раксу бози ташкил кунем.
Ин зани нави ман аз он занам пурра фарк мекард:
- Аз дар дароям зуд аз чой мехест, аз дар баромадани шавам пойафзоламро зуд тоза карда ба пешам мегузошт, то шин нагуям намешишт. У зиёд сухан намегуфт ва боэхтиром ба саволхоям чавоб мегуфт. Ягон сухани хуб гуям табассум мекарду кам сухан мекард. Хама либосхоям тоза, хурок сари вакт тайёр- гуиё ман хоб медида бошам.
Акнун ман лаззати зандориро дидам ва фахмидам ки оиладор будан чист. Чун он зиндагии аввалаамро бо ин зиндагиам мукоиса кунам фаркаш чун байни замину осмон буд. Холо хурусхо бедор набуданд, ки занам бедор буду тахорат карда намозхои нофила мехонд ва каме Курьон хонда сипас намози бомдод мехонд. Хама корхои хонаро пурра мекарду аз хоб хезам хуроки нахор тайёр буд. Он зани аввалаамро гар чизе намегуфтам то нисфирузи «гов» барин мехобиду аз хуроки нахору пешин харф гуфта намешуд.
Рости хохари ман хам акнун ба худ чунин феъли хуб гирифта буд ва он «эрка»-гие ки дошт фаромуш карда буд. У хам либосхои хубе ба бар карда буду намозхон шуда буд. Як руз бинам у аз хушдоманаш харфхои Курьони меомухт. Ин барои ман ачоиб менамуд, чун мову хохарам дар мухите ба воя расидаем ки либосхои аврупои ба бар мекард ва на харфе аз Курьон медонисту на боре уву ман намоз хонда будем.
Акнун мо ба шахр баргаштани шудем. Он бегохе ки мо тайёри медидем ба хонаи хусурам рафта хайрухуш кардем. Он кас пас аз камее сухбат ба ман насихати хубе доданд ки:
- Писарам! Худованд одамро халк карду уро хам нафс ва хам акл дод. Дигар махлукотро нафс дод аммо акл надод. Пас инсоне, ки нафсро мутеи акл кунад Худованд уро аз фариштагон болову авло намояд- аммо инсоне ки аклро мутеи нафс кунад уро аз пасттарин хайвон пасттару хору залилтар намояд. Чун акл аст, ки инсон некро аз бад, халолро аз харом, «хак»-ро аз «ботил» фарк мекунад! Фариштагоне, ки тамоми умр дар тоъату ъибодати Илохианд нафс надоранд- аммо инсон нафс дорад писарам.
Акл мегуяд биё хочаам ту тоати Чаббор кун!
Нафс мегуядки хай-хай тарки ин рафтор кун!
- Пас писарам акли худ кор фармо то Худованд аз ту рози бошад. Гар Худованд, ки аз ту рози шуд хама некихову баракатхои зиндагиро бонасибат гардонад. Худовандро шинос то окибат худро шиноси! Худро ба мартабаи фариштагон расон- на хайвонот!
Дар аввал ин суханони хусурам ба ман каме сахт расида буданд, чун мафхуми ин гуфтахоро хуб нафахмида будам. Аммо бо гузашти моху солхо ин гуфтахо бароям равшан гаштанд ва донистам, ки ин бехтарин насихате буд ки падар ба писар метавонад намояд!
Рузи дигар мо ба рох баромадем. Аз такси дар назди хона фароем хамсояхо маро бо занам дида хайрон гаштанд. Онхо ба дидаашон бовар намекарданд, чун зани ман либоси Исломи «сатр» дошт ва либосхои хубе ки пурра танашро мепушид ба бар дошт. Чун мо пештар зиёд «современний» будем хамсояхо аз хамин сабаб хайрон монда буданд. Ман бо занам ба хона даромадему либосхои овардаамонро хам фаровардем.
Занам аз паи тоза кардани хонаву хавли шуду ман ба куча баромадам ва дидам, ки зану мардони гирду атроф чизе пичир пичир доранд. Ман ба онхо хабар додам, ки рузи дигар мехохам маъракае кунаму онхо мехмони мо шаванд. Хамин тавр хам кардам ва маъракаи хурде карда хабар додам, ки оила барпо намудаам.
Як чи зиёд зани маро гамгин сохта буд, ки он хам бенамозии ман буд. Занам хар сахар торики мехесту дару тирезахои хонаро мекушод. У намоз мехонд, Курьон мехонд ва ба хавли баромада корхои хонаро мекард. Боре ман хунук хурдаму хашмгин шуда дод гуфтам то дару тирезахоро пушад. Чун тирамох шуда буду хаво каме хунук гашта буд. Рузи дигар бинам занам ба дигар хучра гузашта намозу Курьон мехондаги шуд.
Аз кардаи худ сахт пушаймон гаштам:
-чун зани аввалам сагфеълу бадху буд, хурмату эхтиром надошт, шарму хаё надошт, бепарво суханони кабех мегуфту ман боре ба у сахт сухан нагуфта будам. Он зан дар фикру хаёлаш тиллову пулу мол буд, кайфу сафову бехудагарди буд, аммо ман боре уро манъ накарда будам.
Аммо ин зане ки холо дорам бо хама феълу атвораш шоистаи номидани «зани чаннати» буд, парвои пулу моли дунё надошт, хурмату эхтиром нисбатам дошт, хама корхояш бароям маъкул буду барои ин феъли хубашу барои Худотарсиаш ман суяш дод гуфтам. Охир ман ин занро бояд болои сар бардораму «маликаи» худ карор дихам то маро подшохи худ кунад. Ман бояд шабу руз беист Худовандро шукр гуям аз чунин зани «порсо»!
Дигар ин ки дар он муддат ба он одат карда будам, ки занам дару тирезахоро кушода Курьон мехонд, чун он руз нахонд хаёлам чизеро гум карда бошам. Овози пасту махини Курьонхонии занам дар дилам чой гирифта буд. Ман аз ин ъамали кардаи худ пушаймон гаштам ва хангоми нахор як руз аз у хохиш кардам то дубора хар сахар дар хамин хучра намозу Курьон хонад. Чавобе, ки аз занам шунидам маро шармсор кард:
- Ман хадисе аз Расулаллох (салаллоху ъалайхи ва салам) шунидаам, ки дар сахарии барвакт баракати Илохи таксим мешавад. Ман мехохам дар хонаи шумо баракат дарояд, аз хамин сабаб дару тирезахоро мекушоям. Ман зиёд мехохам шумо хам бархезеду бандагии Худованд кунед!- чавоб гуфт занам.
У ин суханхоро гуфта аз паи корхои хона шуд. Акнун ман сахт ба фикр рафтам ва ба гуфтахои занам андеша мекардам. Охир у 100% рост мегуфт- аммо ман на намоз хонда метавонам ва на сурае медонистам. Чи кор кунам? Шарм медоштам ба занам инро гуям. Гумон мекардам, ки у мегуяд ки:
- Мусалмон шуда аз Ислом хеч чиз намедони? Магар шарм намедори аз чунин зистан?
Хохарам, ки медонист ман на сура медонам ва на боре намоз хондаам ба хангоми омаданаш ба мехмони ба ман китоби кирилии намозу тахорат оварда дод. Ман акнун каме вакти холи ки меёфтам даррав он китобра ба даст гирифта мехондам. Чун ба кори нав гузашта будам ин китобхонии маро занам намедид. Аз як хамкорам, ки намоз мехонд баъзе нофахмидагихоро мепурсидам.
Як руз ин дустам ба ман маслихати хубе дод:
- Ту бехтараш биё тахорат куну дар бари ман биист. Ман он ъамале мекунам чун ман бикуну он чи бо овози баланд мегуям такрор кун. Ин тавр ту зуд ёд мегири!
Хамин тавр хам шуд. Дар муддате ман намоз омухтам ва якчанд сураву ташаххудро. Як намози чумъа хам рафтам. Як сахар занам барвакт хезад ман хам хестам. Рафта тахорат кардаму чойнамози нави харидаамро кушода ба намоз коим шудам. Бовар кунед он хурсандие, ки дар симои занам дидам бо гуфтан намешавад расонда. У мегуфт, ки ин бехтарин хадяест барояш.
Он руз у аз ман илтимос кард то ягон моле аз бозор харида биёрам. Рахмати падарам зиёд бузу гусфанд дошту ба як дусташ дода буд то нигохубин кунанд. Пас аз таксимоти моли рахмати падар (тарака) он хама ба ман мерос гузошта шуда буд. Рости он замон нисфи он бузу гусфандхоро фурухтам ва ё ба хешу дустон таксим карда будам- аммо холо хам зиёд монда буд. Рафта як гусфанду бузи калонеро аз хонаи дусти падарам овардам.
Бо маслихати занам харду чорворо кушта пурра «холисан ЛиЛлох» ба хамсоягону мухточон таксим намудем. Пас аз якчанд мохи зиндаги рузе занам каме худро нотоб хис карду уро ба духтурхона бурдам то ташхис гузарад. Духтурзан наздам баромаду гуфт, ки занат якчанд моха хомила аст ва як ду мохе мондааст барои таваллудаш. Ончунон хурсанд будам, ки занамро ба бозор бурдам то барояш хадяхо харам. Харчанд у зид буд аммо барояш ду чуфт гушвору гарданбанд бо чалла харидам. Матоъхои зебо харида додам.
Ин зан сабаби хидояти ман гашт ва рузе ба ман хайру саховатро низ омухт. Як руз пас аз кор ба хона баргаштаму занам маро хуб пешвоз гирифт. Хангоми хурокхури у ба ман саволе дод ки:
- Мардак! Аз шумо мехохам ичозат гираму як чуфти тилловории харидаатонро ба духтари хамсоя тухфа намоям. У ду хафта пас туи аруси дораду ягон чаллаву гушворе надоштааст. Имруз модари бемораш ба хонаамон омада зиёд гиря кард. Ин духтар аз кудаки ятим будаасту гайри ин модари бемор як бародаре доштааст, ки якчанд сол шудааст ба Россия ба мухочират рафта бедарак гаштааст. Шумо ба ин чи мегуед?
- Биё бехтараш ман ба у рафта аз бозор чунин чаллаву гушвор мехарам-аммо ту тухфаи маро худат гардон! - чавоб гуфтам ман.
- Не мардак! Ман хатто як чуфти ин тухфаатонро 1-2 маротиба гардонидааму халос. Он дуюм чуфташ зиёдатист. Аммо хайри ъумру чонатон мешавад гар ба ин ятимдухтар онро бо ягон матоъ хайр кунем!Худованд фармудааст то дорандагон ба ятимону мискинон дасти хайр дароз намоянд!- давом дод занам.
Ман ичозат додам ва худам хам як микдор пул ба дасти занам додам то бурда ба модари духтар дихад. Руз ба руз аз ъамалу рафтори занам ман хайрон мегаштам. Он зани аввалаам гар ягон гадову мухточе пушти дар меомад чизе надода зада пеш мекард – ин бошад тайёр аст кимматтарин ашёро хайр кунад. Аз ин пас ман ба воситаи ин занам аз хайру саховат хам хабардор гаштам ва мувофики тавоноиям ба ятимону мискинон хайр мекардам.
Худованд дар зиндагии мо баракатхоро болои хам арзони ато намуд. Дар кор муваффак гаштам. Занам яку якбора як духтару як писари зеборуе таваллуд намуд. Бо маслихати хусуру хушдоман мо онхоро Фотимаву Тохир ном ниходем. Боз хам рафта якчанд гусфанду буз овардаму тибки суннати Набави «акика» карда муи сари кудаконро гирифтем ва Тохирчонро хатнасур намудем.
Инак 5 сол мешавад ман бо ин зан зиндаги дорам. Холо 4 фарзанд дорем ва баъзан он духтари аз зани авваламонро низ тарбия менамоем. Сабаби уро ба хонаам овардани он зани аввала ин буд, ки он марди «сожител»-аш бо фиреб хам хонаи ин зан ва хам хавлии падару модарашро дар банк гузошта пули калоне гуиё барои тичорат гирифта гайб задааст. Холо бошад хамаи онхо дар хонае ичора зиндаги мекардаанд.
Ин зан боре гирёну нолон ба хонаам омада духтарамро овардааст. Ман дар кор будам ва занам замоне ки фахмидааст ки у духтари ман аст уро кабул намудааст. Он зан гуфтааст, ки хеч не мохе якчанд руз падараш духтарашро тарбия кунад. Бовар кунед занам он духтарро низ чун фарзандони худ нигохубин мекард. Аз ин ъамалхояш мехру мухаббатам нисбаташ дучанд гашта буд.
Бехуда нагуфтаанд бузургони мо ки:
Зани хубу фармонбару порсо,
Кунад марди дарвешро подшох!
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 16
Худованд хамаи бародархои мусалмона сохиби амихел зани солехаву хоксор гардона. Омин!