ҶОДУ ОДАМРО МЕКУШАД!
Салом хонандаи азизи «Қиссаҳои ҳаёти».
Ростӣ, ҳеҷ гумон надоштам, ки рӯзе қалам ба даст гирфта дарди диламро ба шумо менависам, вале поят сӯзад ба лаби об медавӣ гуфтагӣ барин, зиндагӣ маҷбурам кард, ки розамро кушоям. Зулайхо ном дорам, ҷавонзани босаводу ҳунармандам, вале бо амри тақдир зани сеюм шудам. Аниқтараш ба марде, ки ду маротиба зан гирифта, ҷудо шуда буд, ба шавҳар баромадам. 5 сол боз зиндагӣ дорему соҳиби фарзанд намешавем. Ҳомиладор мешавам, лекин дар ду-семоҳагӣ тифлаконам меафтанд. Борҳо ба духтур муроҷиат намудем, иллате наёфанд. Муносибатам бо шавҳарам рӯз то рӯз бадтар шуда истодааст. Мардакам иқрор шуд, ки ягон айбу гуноҳро дар ман намебинад, вале дар назараш мисли хук менамоям. Корҳои
шавҳарам низ хуб нестанд, мардаки пулдор якбора ба қарз ғӯтида монд.
«Ба умед нашав, ки аз ман ҷудо шуда, рӯзи хуш мебинӣ, чунон кунам, ки дигар на рӯйи фарзандро бинию на пулро», - таҳдид карда будааст зани дуюми шавҳарам. Ҳамсояҳо мегӯянд, ки палонҷамро тез-тез дар назди ҷодугарон мебинанд. Занҳои шавҳарам бо ҷодугариашон ҷонамро ба лаб расонидаанд. Аз аҳли қалами нашрия хоҳишмандам, ки дар бораи таъсири ҷоду ба зиндагии инсон ва роҳҳои худро аз сеҳр ҳимоя намудан бо донандагони асрори ғайб сӯҳбатеро омада намуда, ба ман барин дармондагон кӯмак расонанд.
Зулайхо, ш. Душанбе.
Зулайхо ягона зане нест, ки бо ин масъала ба мо муроҷиат намудааст. Бо мақсади кӯмак расонидан ба чунин бонувон мо ба рақами 93-566-66-** занг зада, бо зани ғайбдон Шарофатхон сари ин мавзӯъ сӯҳбат намудем. Инак, фишурдаи сӯҳбатамонро пешкашатон мегардонем.
-Апаи Шарофат, сеҳру ҷоду дар назари мо афсона менамояд, вале аксарият ба он бовар доранд. Шумо чӣ мегӯед?
-Агар сеҳру ҷоду афсона мешуд, Худованд дар китобҳои осмонӣ бандагонашро дар ин бора ҳушдор намедод. Дар замонаш ҳатто Ҳазрати Муҳаммадро ҷоду карда буданд ва онҳое, ки аз нозукиҳои дини мубини ислом бохабаранд, инро хуб медонанд.
-Ҷоду ба зиндагии инсон чӣ гуна таъсир расонида метавонад?
-Сеҳру ҷоду пеши роҳи бахт ва кори инсонро мебандад, одамро касалию мӯҳтоҷ карда мемонад.
-Аз куҷо фаҳмидан мумкин, ки одам дар ҳақиқат бемор аст ё ҷодушуда?
-Одатан ба одамони аз таъсири ҷоду ба беморӣ печида духтурон диагнози
аниқ монда наметавонанд. Аз нигоҳи тиббӣ ҳама ҷояш сип-сиҳат, вале дар асл сахт бемору бемадор мешавад инсон. Ҷоду пеш аз ҳама узвҳои дарунии одамро аз кор мебарорад. Марде зани тотор дошт. Тоторзан доим ҷоду мекард ва билохира мардаки бечора ба касалӣ печид. Тамоми аъзои баданаш сӯхта, на шаб хоб доштаасту не рӯз. Фарзандонаш хонаашонро фурӯхта, се маротиба ҷарроҳиаш карданд, вале заррае нафъ накард. Хостанд назди ҷодукушо баранд, шумо барин «афсона» гуфту нарафт. Азобҳои алим кашида, аз ҳамин дард мурд. Пас аз маргаш ҷойи ҷоду дармонда, сип-сиёҳ шуд. Агар сари вақт ҷодуро мекушоданд, шояд боз 15-20 соли дигар зиндагӣ мекард, афсӯс…
-Ҷоду метавонад боиси бефарзандӣ гардад?
-Албатта! Таъсири бад дорад ҷоду, ҳам бахтро ва ҳам пеши кори одамро мебандад, аз фарзанд бенасиб мегардонад. Заррина ном ҷавонзани зебое маҳз аз таъсири ҷоду дар чор- панҷмоҳагӣ 15 тифлашро афтонда будааст. Ҳолаташ бисёр вазнину аз зиндагӣ батамом навмед гашта буд. Ӯ зани дуюм буд ва палонҷаш ба номаш ҷоду карда, дар гӯристон гӯронда будааст. Ҷодуро кушодем, шукр ҳоло писарчааш дусола шуд, боз ҳомиладор аст, ба қарибӣ таваллуд мекунад.
-Гармию хунукӣ ҳам сеҳру ҷодуст?
-Чандин оилаҳо маҳз бо сабаби ҳамин
гармию хунукӣ вайрон шудаанд. Маъшуқаҳо ба хотири вайрон кардани оилаи марди дӯстдоштаашон даст ба гармохунук мезананду занҳо барои нигоҳ доштани шавҳар. Дар натиҷа сеҳру ҷоду зиёд шуда, одами ҷодушуда бемор ё хонавайрон мегардад ва ё пеши кораш банд меафтаду бепулу қарздору афгор мегардад.
-Барои пешгирии сеҳру ҷоду чӣ бояд кард?
-Мардҳо маъшуқабозӣ накунанд, занҳо бо мардҳои оиладор ишқварзӣ нанамоянд, олам гулистон мешавад, вале аксарият худашон бо дасти худ барои роҳати лаҳзаина шуда, ба сарашон бало меоранд.
-Ҷодуро бештар бо чӣ мекунанд?
-Ҷоду гуногун мешавад. Ҷодуе ҳаст, ки онро ба одам мехӯронанд. Ба воситаи сураташ инсонро сеҳр мекунанд. Хоки гӯр, пашми ҳар гуна ҳайвонот ва ҳатто қурбоқаю ҳашаротҳоро ҷодугарон истифода мебаранд.
-Магар ҷодугарӣ гуноҳ нест?
-Ҷодугарӣ гуноҳи бузург асту ҷодугарон рӯйи ҷаннатро намебинанд. Инро донанд ҳам, одамоне ҳастанд, ки ба хотири қасос гирифтан ё барои пулу моли дунёӣ шуда дунёву охирати худро месӯзанд. «Аз худонотарс битарс» гуфтаанд, чунки одами худонотарс ба ҳама кор қодир аст.
- Фарз кардем, ки кор аз кор гузашта, одам ба доми ҷоду печид, чӣ бояд кард?
-Бо каломи Оллоҳ сари вақт банди сеҳрро кушодан лозим. Ҷоду, ки кушода шуд, роҳи инсон кушода мешавад. Духтар бошад, шавҳар мекунад, корҷӯ бошад, кори хуб меёбад, қарздор бошад, аз қарзҳо халос мешавад. Умуман, кори одам пас аз кушодани сеҳру ҷоду барор мегираду аз мӯҳтоҷӣ мебарояд. Зиндагӣ бобаракат мешавад.
- Ҷодукушоӣ гуноҳ нест?
-Пеши кори инсонро кушодан, дари бахти касеро боз кардан, инсонро аз беморию марг раҳоӣ бахшидан, бефарзандеро соҳиби фарзанд намудан магар гуноҳ аст? Албатта не! Кушодани банди сеҳр кори савоб аст, вале ниҳоят душвор ва ҳар кас аз ӯҳдааш намебарояд.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 76
Худованд хдш диханда ва гиранда аст... Чизе ки мо дорем моли парвардигор аст онхо хама амонатанд пас ширк наёред ба Аллах ба амонатош хиёнат накунед... Ин дунё дунёи санчиш аст... Бо хама рох мо дар санчишем....
Худо нигахбонатон бошад.....
5 вақт намозотона хонед ба худо бовари доштабошед ягон сеҳру ҷоду ба шумо таъсир расонда наметавонад Худованд ҳамаи моро дар паноҳаш нигаҳдор бошад
бдав пеши чодугар бра