Собир ба қавле бачаи талбидагии модар ба шумор мерафт, зеро баъд аз даҳ соли дар мазорҳо чароғ мондану аз Худо зора карданҳо ба дунё омада буд. Собир дусола буд, ки падараш аз дунё гузашт, вале Гулзор-хола дигар ёди шавҳар накарда, ба тарбияи писари ягонааш машғул шуд. Ин бонуи меҳнатӣ дар ҷавонияш говҷӯши номдоре буд ва баъди таъсис ёфтани аввалин фермаи шахсӣ дар ноҳия ӯро чун мутахассиси таҷрибадор ба кор даъват карданд. Собир низ ёрдамчии модар буду зиндагии тинҷу осудае доштанд, писарак баъди дарс дав-давон назди модар мерафту баъди кор онҳо якҷоя бо табъи болида ба хона бармегаштанд. Зиндагӣ дар маҷрои худ равон буду Собир оҳиста-оҳиста қад кашида, ҷавони зебое шуд, мактабро бо баҳои хубу аъло хатм карда, бо маслиҳатҳои модари меҳрубон роҳи пойтахтро пеш гирифт. Азбаски дониши хуб дошт, ба яке аз донишгоҳҳои бонуфузи кишвар дохил шуда, дар риштаи иқтисод ба таҳсил сар кард. Гулзор-хола Худоро зора мекард, ки ба бачаи талбидааш тавфиқу имон диҳад то дар шаҳрҳои бегона ба роҳи баде нарвад. Собир баъд аз дарс худро ба ҳар кор мезад то пуле барои таҳсил ёбаду модари бечораашро камтар ғусса диҳад.
Лутфи қисмат
Дар наздикии хобгоҳи Собир супермаркети калоне буд, ҷавон бо яке аз кормандони он шиносоӣ дошту ҳар гоҳи омадани бор шиносаш ӯро ба ёрӣ даъват мекард. Бист-сӣ сомонӣ ҳам ёбад, хурсанд мешуд ҷавони камбағал, дар яке аз чунин рӯзҳо зани калонсоле омада, борфарории онҳоро назорат карда, ба ӯ хуб зеҳн монд. Шиносаш зери лаб ба Собир гуфт: -Агар раиса пурсад, ки ту ин ҷо чӣ кор мекунӣ, гӯй, ки писараммаи ман ҳастию барои ёриям омадаӣ, вагарна ҳардуямон аз кор мемонем. Ҳамин дам зан гуфтугӯи онҳоро шунидагӣ барин, Собирро наздаш ҷеғ зада гуфт:- Ту ҷавони нағз ин ҷо чӣ кор мекунӣ?- Собир, ки дар умраш дурӯғ нагуфта буд, чунин посух дод: -Ману Бароталӣ, ана ҳамин корманди шумо ҷӯраем, ӯ танқисии ҳаёти маро медонад, аз ин рӯ баъзе корҳо пайдо шавад, даъватам намуда, пули гирифтаашро бо ман тақсим мекунад. -Дасти якдигарро гирифтан нағзу ту аслан чӣ ҳунар дорӣ,- бозпурсӣ кард раиса,- ман донишҷӯям, падар надорам, модарам дар як фермаи шахсӣ говҷӯш аст, бисёр мехоҳам, ӯро ташвиш надиҳам. Бо шунидани иқрори рӯирости ҷавон симои раиса тағир ёфт ва илова кард: - Ман туро ба ҳайси маслиҳатчӣ дар растаи маҳсулоти ширӣ ба кор мегирам, аз фардо баъди дарс ба кор биё!- Пеш аз хайрухуш раиса боз савол дод:-Номат чӣ буд? -Собир,- саросема ҷавоб дод ҷавон.- Бароталӣ, рафиқи тасодуфии Собир, ки аслан бачаи шаҳр ва бемиён буду танҳо барои фаровардани борҳои вазнин рафиқи қишлоқияшро ҷеғ мезад, ин гуна ранг гирифтани воқеаро дида, ба китфи Собир тап-тап зада, изҳори хурсандӣ кард: -Як зиёфат қарздор шудӣ ҷӯра, агар донӣ, ки маслиҳатчии растаи маҳсулоти ширӣ чанд сомонӣ маош мегирад, аз хурсандӣ кафида мемурӣ!
Меҳрубонии раиса
Собир аз барори кораш хурсанд ба хобгоҳ баргашту рӯзи дигар пеш аз соати корӣ ба коргоҳ ҳозир шуд, раиса низ расида омад ва ба сарвари мағоза марди мӯйлабдори ҷиддӣ фармон дод, ки ба коргари нав нозукиҳои корашро фаҳмонад. -Ман Собирҷонро барои он ба растаи масолеҳи ширӣ ба кор гирифтаам, ки аз рӯи гуфти худаш модараш як умр говҷӯш будааст,- бо ханда гуфт раиса, ки атрофиён дар ҳузураш ӯро Сайҳуна Бахтиёровна меномиданд. Собирҷон аз таҳти дил ба кор часпид, ӯ ғайр аз маслиҳат додан ба харидорон, ки ин шир чӣ гуна асту ин қаймоқ чӣ хел, боз ба тозагии растааш, ки аслан кори дигарон буд, аҳамияти ҷиддӣ медод. Раиса зуд-зуд омада, корманди навро ба сӯҳбат мекашид, маоши Собирҷон ҳазор сомонӣ бошад ҳам, “ту донишҷӯй ҳастӣ” гуфта, ба вай панҷсад сомонии дигар иловагӣ дод. Пас аз ду моҳи корӣ раиса ба Собирҷон гуфт, ки сехи коркарди шир кушоданисту ӯро барои бастани шартнома ба деҳа ба фермае мефиристад, ки модараш он ҷо кор мекунад. Ҷавон аз ин таклиф худашро гум карда, чӣ гуфтанашро намедонист, аммо Сайҳуна бо нигоҳи гарму меҳрубонона гуфт: Ман барои ин ба ту пул медиҳам ва аз мудири ферма талаб мекунам, ки ба модарат чун намояндаи мо маоши иловагӣ муқаррар намояд. Собирҷон ба ин зани меҳрубон бо миннатдорӣ нигариста, розӣ шуд, охир кӣ чунин бахтро пеши по мезанад, боз дар ҳамин замона. Давом дорад...
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 9
Давомаш ... Собир чандин бор Сайҳунаро зорӣ кард, ки “биё туро бурда, бо модарам шинос кунам”, вале зан метарсид, ки хушдоманаш аз худаш ду сол калон будани келинашро фаҳмида, дилкаф нашавад. Аслан Сайҳуна аз сину солаш даҳ-понздаҳ сол ҷавон метофт, вале чун дар бари Собир шинад, калонияш маълум буд. Зан барои аз даст надодани шавҳари ҷавонаш дар Эрон ҷарроҳии пластикӣ карда, таровати рӯяшро барқарор карда бошад ҳам, пажмурдагии гарданаш аз синну соли соҳибаш дарак медоданд. Сайҳунаро ҷудоӣ аз Собир баробари марг бошад ҳам, ғаму дардашро фурӯ нишонда, чанд бор ба ӯ гуфт, ки “ту бояд зани ҷавон гирӣ”, вале ҷавонмарди гандаошиқ аз зани пираш дил канданӣ надошту ӯро баробари ҷонаш дӯст медошт. Боре Сайҳуна ба Собир гуфт: -Собирҷон, агар дилат барои меҳнатҳоят сӯзад, ман дороиямро ба ту тақсим мекунам, вале ту зани ҷавон гир!- Собир чанд рӯз бо вай гап назада, ҳатто аз тиҷорат даст кашида, ба кор даромаданӣ шуд, ӯ қатъӣ фарёд зад:- Сайҳун, дороият ба худат насиб кунад, ман ба кори ...ЕщёҚисми 3
Давомаш ... Собир чандин бор Сайҳунаро зорӣ кард, ки “биё туро бурда, бо модарам шинос кунам”, вале зан метарсид, ки хушдоманаш аз худаш ду сол калон будани келинашро фаҳмида, дилкаф нашавад. Аслан Сайҳуна аз сину солаш даҳ-понздаҳ сол ҷавон метофт, вале чун дар бари Собир шинад, калонияш маълум буд. Зан барои аз даст надодани шавҳари ҷавонаш дар Эрон ҷарроҳии пластикӣ карда, таровати рӯяшро барқарор карда бошад ҳам, пажмурдагии гарданаш аз синну соли соҳибаш дарак медоданд. Сайҳунаро ҷудоӣ аз Собир баробари марг бошад ҳам, ғаму дардашро фурӯ нишонда, чанд бор ба ӯ гуфт, ки “ту бояд зани ҷавон гирӣ”, вале ҷавонмарди гандаошиқ аз зани пираш дил канданӣ надошту ӯро баробари ҷонаш дӯст медошт. Боре Сайҳуна ба Собир гуфт: -Собирҷон, агар дилат барои меҳнатҳоят сӯзад, ман дороиямро ба ту тақсим мекунам, вале ту зани ҷавон гир!- Собир чанд рӯз бо вай гап назада, ҳатто аз тиҷорат даст кашида, ба кор даромаданӣ шуд, ӯ қатъӣ фарёд зад:- Сайҳун, дороият ба худат насиб кунад, ман ба кори дигар мегузараму ба тиҷорати ту дахл намекунам, вале аз баҳри тую фарзандам намегузарам! -Акнун, ки Собир назди модараш мерафт, Сайҳун пеш аз сафар шавҳари ҷавонашро ба оғӯш гирифта гуфт:-Собирҷон, дили модаратро нашикан, бигузор ӯ арӯси хушкардаашро ба хона оварда, армон шиканад. Ҳозир ҳама дузана, гоҳ бо ӯ мемонӣ гоҳ бо ману Самирҷон. Аммо Собирҷон бо навозиш мӯйҳои парешони зани пирашро навозиш карда посух дод: -Сайҳун, ман як тора мӯйи ту ва нохуни пойи Самирамро ба садҳо духтари ҷавон иваз намекунам. Ту бо ин зебоию латофат аз сад духтар болотарӣ, ҳар чӣ бодо бод, ба модарам мегӯям!- Онҳо чанд дақиқаи дигар ҳамдигарро аз оғӯш сар надода, чун ҷавонони навхат бӯсобӯсӣ карданду баъд хайрухуш намуданд… Маслиҳати сархӯр Холаи Гулзор писарашро бо хурсандӣ пешвоз гирифта, аз нуқлу навои аз бозори Панҷшанбеи Хуҷанд хариднамудааш назди ӯ гузошта, сари масъалаи зангирӣ омад. Модар чанд духтари зери чашм кардаашро пеши писараш таърифу тавсиф намуда, дар чашмонаш шарораеро надида гуфт: -Бачаҷон, агар ягон духтари шаҳриро дӯст дошта бошӣ, бигӯ ман зид нестам, э- исто ҳамон раисаи накӯкор ягон духтур ё ҷиян надорад, ки келин кунам?!- Бо шунидани исми раиса дар ҷисми Собирҷон рашъа афтода бошад ҳам, бо мулоиматӣ гуфт:-Очаҷон, ман медонам, ки шумо барои ман шуда, умратонро хазон кардед, вале ман хоҳишатонро иҷро карда наметавонам, зеро зану фарзанд дорам!- Ранги зан канд, лабонаш пир-пир парида, шаппотие ба рӯи писараш зада фарёд кард, -наход ту писар дорию модарат бедарак?!- Собир дид, ки ҳоли модараш бад шуда истодааст, ӯро ба мошинаш бор карда, ба духтур бурд, вале талоши духтурон фоидае набахшиданд, Гулзор-хола баъди се рӯзи кашмокашӣ бо марг ҷон ба ҷонофарин дод. Собир маъракаҳои сею чили модарро дода, ба шаҳр назди зану фарзандаш баргашт, Сайҳуна худро дар марги модари Собир гунаҳгор дониста, нолаю фиғон бардошт. Аммо шавҳари ҷавонаш ӯро тасалло дода гуфт: -Ман фақат гуфтам, ки зану фарзанд дорам, аммо нагуфтам занам кист? Имрӯз шӯи ҷавону зани пир зиндагии хурамонае доранд, аммо фардо чӣ мешавад номаълум