Бахилӣ ҳасту феъли бандагӣ нест.
Магар аъмоли мо шармандагӣ нест...
Ҳамин дунё кирои гандагӣ нест.
Касе боло равад поён намоем,
Бихандем,дидааш гирён намоем.
Ситам бинмудаву фармон намоем,
Ҳамин дунё кирои гандагӣ нест.
Кушем мо орзуйи як нафарро,
Раво бинем барои ӯ хатарро.
Намоем таъна лангу гӯши карро,
Ҳамин дунё кирои гандагӣ нест.
Бародар бо бародар мекунад ҷанг,
Писар бошад ба модар мекунад ҷанг.
Зи худбинӣ ду хоҳар мекунад ҷанг,
Ҳамин дунё кирои гандагӣ нест.
Зи пушти зан гузар кардем,зи модар,
Раҳи худро дигар кардем,зи модар.
Ба дуриҳо сафар кардем,зи модар.
Ҳамин дунё кирои гандагӣ нест.
Падарро бар дилаш мотам намудем,
Муҳаббатро барояш кам намудем.
Сарашро назди мардум хам намудем,
Ҳамин дунё кирои гандагӣ нест.
Намоем якдигаро бар касе паст,
Бигӯем «хуб шуд»-вақте,ки бишкаст.
Каси уфтодаро кай мегирем даст....
Ҳамин дунё кирои гандагӣ нест.
Замин гуфтему зар гуфтему мурдем,
Давидему самар гуфтему мурдем.
Пасандози падар гуфтему мурдем,
Ҳамин дунё кирои гандагӣ нест.
Fуломи кибру нафси саркашем мо,
Билохир шарбати маргро чашем мо.
Дар-он дунё азобе мекашем мо.
Ҳамин дунё кирои гандагӣ нест.
Биё,Маҳкампурӣ бо ман қарин бош,
Яке аз дӯстони беҳтарин бош.
Сазовори ҳазорон офарин бош,
Ҳамин дунё кирои гандагӣ нест.
✍️Ҷамшеди Маҳкампур.
📌Барои дастгирии гуруҳ рафиқони худро ба гурӯҳҳ даъват намоед.Ва агар дастатон расад,танҳо аз таҳти дил бидуни ягон фикри бад саҳми худро барои пешрафти гуруҳ гузоред.
✔️ Сбербанк 5469290012105169
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 4