ҳамеша ризқи онхоро бо шикори
моҳӣ таъмин мекард. Одаташ чунин
буд, ки ҳар руз яке аз онҳоро бо
худ мебурд, то дар шикори моҳӣ
барояш ёрӣ расонад. Рузе сайёд хамроҳи аҳли хонаводааш хурок
мехурданд(яъне моҳӣ ), падар ба
ҷониби духтарон гуфт: «Моҳӣ танҳо
он замон дар тури сайёд мезанад, ки
аз зикри Худо дар ғафлат мемонад.»
Яке аз духтарон бо тааҷҷуб гуфт: «Падарҷон! Оё ба ҷуз инсон
махлуқони дигар ҳам зикри Худо
мекунанд?» Падар гуфт: «Хамоно
ҳамаи махлуқоти Худованд тасбеҳи
Худоро мегуян ва бар ин амр
эътиқот доранд, ки Худованд онҳоро мешунавад ва у холиқи
онҳост.» Духтарак гуфт: «Падарҷон!
Вале мо садои онҳоро
намешунавем?» Падар табассуме
карду гуфт: «Ҳар кадом махлуқ
забоне доранд, ки миёни худ бо он гуфтугу мекунанд ва бо он Худоро
тасбеҳ мегуянд ва Худованд ба ҳама
забонҳо шунавост» Фардо, ки
сайёд ба шикор баромад навбати
духтари хурдӣ буд ва тасими гирифт
кори хосе анҷом дихад. Ва ҳамроҳ бо падар ба лаби дарё рафтанд ва
ҳар замон сайёд моҳӣ мегирифт ба
духтарак медод, то дар сабад ҷо
кунад, аммо духтарак кори аҷибе
мекард, моҳиҳоро аз дасти падар
мегирифт ва боз ба дарё сар медод ва аз ин кори у падараш огоҳ
набуд. Вақти ба хона баргаштан
падар сабади пур аз моҳиро хост
бардораду ба хона раванд, аммо
нигоҳ кард, ки дар сабад ягон моҳӣ
нест, аз ин амали духтараш асабонӣ шуду гуфт: «Духтарам! Моҳиҳо
куҷоянд?» Духтар чавоб дод:
«Моҳиҳоро ба дарё сар додам»
Падар: «Чаро чунин кардӣ? Барои
чӣ?» Духтарак хело ҷавоби
зиракона дод: «Падарҷон! Дируз шунидам, ки гуфтед, моҳӣ ҳамон
замон ба тури сайёд меафтад, ки аз
зикри Худо ғофил монда бошад,
барои ҳамин ман ҳам дуст
надоштам он чи, ки зикри Худоро
намекунад вориди хонаи мо шавад!» Субҳоналлоҳ! Сайёд дар
ҳоле, ки ашк аз чашмонаш мерехт
гуфт: «Духтари ҷонам! Ту рост мегуӣ»
ва бо сабади холӣ ба хона
баргаштанд. Дар он руз амири
шаҳр аз кучаи онхо гузар кард, то дар назди хонаи онҳо расид ва
эҳсоси ташнагӣ кард ва дари
онҳоро кубид, духтари дуюм дарро
кушод ва амирро назди дар дид, ки
дархости об мекард. Духтар дарҳол
машке пур аз об карду ба амир дод. Амир обро нушид ва баъди
ташнагии худро шикастан
сипосгузорӣ кард ва як кисса тилло
ба духтарак дод. Аз рафтори амир
ҳама аҳли хонавода хушҳол
шуданду инро аз ҷониби Худо неъмате донистанд аммо духтараки
пайванд бо Худо ғамгин буду дар
хушҳолии онҳо шарик намешуд.
Падар пурсид: «Духтарам, чаро ту бо
ҳамроҳ намешавӣ?» Хоҳари гиромӣ
ҷавоб дод: «Падарҷон! Ин амир махлуқи Худо нигоҳе ба мо андохт
дар ҳоле, ки аз мо розӣ буд, пас он
чи ба мо ато кард хушнуду розӣ
гаштем. Пас ба ин фикр кунем, ки оё
агар холиқи амир назаре ба мо
кунад оё аз мо розист...? Сайёд аз тиллоҳо дида барои он хушҳол
шуд, ки Худованд барои у
духтареро насиб гардонидаст, ки
ҳар замон онҳоро аз ғафлат будан
аз ёди Худо нигаҳ медорад..! Парвардигор!
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1