оила зану шавҳар аҳлона ва хушу
хуррам мезистанд. Мард ҳар саҳар
бо дуои неки занаш аз хона берун
мешуду барои таъмини оила то
шом меҳнат мекард. Зан бошад баъди гусели шавҳараш аз паи
рӯфтану шустан, пухтану дӯхтан ва
тарбияи фарзандон машғул мешуд.
Ин зан ончунон тақводору
поксиришт буд, ки ҳатто як сӯзану
як каф намакро бе иҷозати шавҳар ба касе намедоду бе ризоияташ аз
дари ҳавлӣ берун қадам
намениҳод. Хислати ҳамидаю аҷиби
ин зан боз дар ин буд, ки аз хоб бо
калимаи “Бисмиллоҳи раҳмони
раҳим” чашм боз карда, аз ҷойгаҳ мехесту ба ҳамаи кор бо талаффузи
ин се калима даст зада шурӯъ
мекард. Боре шавҳараш шӯхиомез
пурсид: -Занакҷон, чаро ин қадар ,
сари ҳар қадам басабабу бесабаб
“Бисмиллоҳ”мегӯӣ? Зан гуфт: - Шавҳари азиз! Ман тани сиҳату
хонаи обод ва барори корамонро
аз баракати ин калимаҳои муқаддас
медонам. Ҳарчанд он рӯз мард ба
посухи ҳамсараш хандида чизе
нагуфта бошад ҳам дар дил ният кард, ки бо ягон роҳу восита гуфтаи
ӯро санҷида бинад. Бо ин мақсад
чанд рӯз пас шомгоҳон аз кор
омаду як бандча пулро сӯи занаш
дароз карда гуфт: -Ин пулҳоро
гирифта мон, кадом вақт пурсидам, медиҳӣ! -Хуб шудааст, мардакҷон-
гӯён зан пеш аз он ки пулро аз дасти
шавҳар бигирад боз “Бисмиллоҳи
раҳмони раҳим” гуфт. - Занак, ин ҷо
“Бисмиллоҳ” ба пул чӣ дахл дорад?
-Тавба гӯед, агар “Бисмиллоҳ” гуфта онҳоро гирам, он бобаракат шуда,
ҳеҷ гоҳ дузд нахоҳад бурд. Мард
ботинан ба соддагию зудбоварии
занаш хандиду хомӯш монд. Зан
бошад ба такрори ин калимаҳо
пулҳоро дар рӯймолчае печониду дар сандуқ пинҳон кард. Мард
нисфишабӣ, ҳангоме, ки ҳама масти
хоб буданд, оҳиста аз ҷойгаҳ
бархосту пулҳоро аз сандуқ
гирифта бурда дар замини рӯи
ҳавлӣ чуқурӣ кофта, гӯр кард ва омада оромона хобид. Субҳ, баъди
наҳорӣ, пеш аз он ки аз хона
барояд, аз занаш хоҳиш кард, ки
пулҳои шаб додагиро биёрад.
Даме, ки зан кӯрпаҳоро аз болои
сандуқ мепартофт, мард ҳолати занашро баъди дар ҷояш наёфтани
пулҳо тасаввур карда табассум
кард. Зан аз сандуқ пулҳои
рӯймолчапечро бо зикри
калимаҳои муқаддас берун карду
мард дар ҷояш карахт монд. -Мана, мардакҷон, амонатиатонро гиред!
Мард нобоварона саросема
рӯймолчаро кушоду он ҷо пулҳои
хоколудро дида хастахолона дар
ҷояш нишаст. Акнун ба гӯши ӯ ягон
ҳарфи занаш, ки пулҳои хоколудро дида “Эҳ, Худоҷон аз
қудратат гардам, охир ман шаб
пулҳоро тоза печонида будам-ку?”
гуён тавба мекард, намедаромад
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 10