зулҳиҷҷа:(хонеду класс
гузоред шояд касе хонаду амал
кунад ва дар савобаш шумо низ
шарик шавед)
Алҳамдулиллоҳ вас-салоту вас-
салому ало расулиллоҳ ва ало
олиҳи ва асҳобиҳи аҷмаин:
Шукру сипос аллоҳ таолоро ки
барои бандагонаш мавсимҳоеро
қарор дода то бандагонаш ба
анҷом додани амалҳои солеҳ
бикушанду ризояти уро касб
намояндонанд пас саодатманду
хушбахт он касест ки ин
мавсимҳоро ғанимат медонаду
амалҳои хайру нек ва солеҳро
зиёдтар мекунаду ин вақтҳоро
беҳуда сипари намекунад.
Хонандаи азиз! Бидон ки
дӯстдоштатарин моҳҳо дар назди
аллоҳ таоло моҳҳои ҳаром
(зулқаъда, зулҳиҷҷа, муҳаррам, ва
раҷаб) мебошанд ва
дӯстдоштатарини он аз миёни ин
чаҳор моҳ моҳи зулҳиҷҷа аст ва
даҳ рӯзи аввали ин зулҳиҷҷа дар
назди аллоҳ таоло аз
дӯстдоштатарин рӯзҳост ва то ҷое
ин рӯзҳо дар назди аллоҳ таоло
дӯстдоштани ва соҳиби фазилат
ҳастанд, ки аллоҳ таоло дар
каломи поки худ ба ин рӯзҳо қасам
ёд намудааст албатта аллоҳ таоло
ба ончики қасам ёд кунад ин
нишондаҳандаи он аст ки он
махлуқ дар назди ӯ (аллоҳ) дорои
фазилату бартари аст чигунае ки
аллоҳ таоло дар каломи худ
мефармояд:
ﻭَﺍﻟْﻔَﺠْﺮِ ﻭَﻟَﻴَﺎﻝٍ ﻋَﺸْﺮٍ
«Қасам ба субҳ, ва қасам ба
шабҳои даҳгона» (сураи фаҷр 1-2)
Муфассирини қуръон аз ҷумла
Абдуллоҳ ибни Аббос, муҷоҳид,
муқотил ва ғайра мегуянд: мақсад
аз шабҳои даҳгона ки аллоҳ таоло
ба онҳо қасам ёд намудааст, даҳ
рӯзи аввали моҳи зулҳиҷҷа аст.
Даҳ рӯзи аввали моҳи зулҳиҷҷа
беҳтарин рӯзҳои дунё мебошанд,
чуноне ки паёмбар алайҳиссалом
мегӯяд:
ﺃﻓﻀﻞ ﺍﻳﺎﻡ ﺍﻟﺪﻧﻴﺎ ﺃﻳﺎﻡ ﺍﻟﻌﺸﺮ
«Беҳтарин рӯзҳои дунё даҳ рӯзи
аввали моҳи зулҳиҷҷа
ҳастанд» (ривояти баззор ва ибни
ҳиббон)
Дар ҳадиси дигаре паёмбар
алайҳиссалом мефармояд:
ﻋَﻦِ ﺍﺑْﻦِ ﻋُﻤَﺮَ ﻗَﺎﻝَ : ﻗَﺎﻝَ ﺭَﺳُﻮﻝُ ﺍﻟﻠَّﻪِ ﺻﻠﻰ
ﺍﻟﻠﻪ ﻋﻠﻴﻪ ﻭﺳﻠﻢ « ﻣَﺎ ﻣِﻦْ ﺃَﻳْﺎﻡٍ ﺃَﻋْﻈَﻢَ ﻋِﻨْﺪَ
ﺍﻟﻠَّﻪِ ﻭَﻟَﺎ ﺃَﺣَﺐَّ ﺇِﻟَﻴْﻪِ ﺍﻟْﻌَﻤَﻞُ ﻓِﻴﻬِﻦَّ ﻣِﻦْ ﻫَﺬِﻩِ
ﺍﻟْﺄَﻳْﺎﻡِ ﺍﻟﻌﺸﺮ ﻓﺄﻛﺜﺮﻭﺍ ﻓﻴﻬﻦ ﻣِﻦَ ﺍﻟﺘَّﻬْﻠِﻴﻞِ
ﻭَﺍﻟﺘَّﻜْﺒِﻴﺮِ ﻭَﺍﻟﺘَّﺤْﻤِﻴﺪِ »
«Ҳеҷ амале бузургтар ва дӯст
доштанитар дар назди худо аз
амалҳои даҳ рӯзи зулҳиҷҷа дида
бештар нест, пас дар ин рӯзҳо
гуфтани таҳлил(ло илоҳа иллаллоҳ)
такбир(аллоҳу акбар) таҳмид
(алҳамдулиллоҳ)-ро зиёд
кунед»(ривояти имом аҳмад, ва
табаронӣ)
Яъне аллоҳ таоло анҷом додани
амалҳои солеҳро дар ин даҳ рӯз
бисёр дӯст медораду хушнуд
мешавад, ки дигар рӯзҳо дорои
чунин фазилати нестанд.
Аз ҷумлаи фазилатҳои даҳ рӯзи
аввали зулҳиҷҷа инаст, ки савоби
амалҳои солеҳ дар ин рӯзҳо аз
ҷиҳоди дар роҳи худо дида бештар
аст, чигунае ки дар ҳадиси
муборака омадааст:
ﻋَﻦْ ﺍﺑْﻦِ ﻋَﺒَّﺎﺱٍ ﻗَﺎﻝَ : ﻗَﺎﻝَ ﺭَﺳُﻮﻝُ ﺍﻟﻠَّﻪِ ﺻَﻠَّﻰ
ﺍﻟﻠﻪُ ﻋَﻠَﻴْﻪِ ﻭَﺳَﻠَّﻢَ : « ﻣَﺎ ﻣِﻦْ ﺃَﻳَّﺎﻡٍ ﺍﻟْﻌَﻤَﻞُ ﺍﻟﺼَّﺎﻟِﺢُ
ﻓِﻴﻬَﺎ ﺃَﺣَﺐُّ ﺇِﻟَﻰ ﺍﻟﻠَّﻪِ ﻣِﻦْ ﻫَﺬِﻩِ ﺍﻟْﺄَﻳَّﺎﻡِ » ﻳَﻌْﻨِﻲ
ﺃَﻳَّﺎﻡَ ﺍﻟْﻌَﺸْﺮِ، ﻗَﺎﻟُﻮﺍ : ﻳَﺎ ﺭَﺳُﻮﻝَ ﺍﻟﻠَّﻪِ، ﻭَﻟَﺎ ﺍﻟْﺠِﻬَﺎﺩُ
ﻓِﻲ ﺳَﺒِﻴﻞِ ﺍﻟﻠَّﻪِ؟ ﻗَﺎﻝَ : «ﻭَﻟَﺎ ﺍﻟْﺠِﻬَﺎﺩُ ﻓِﻲ
ﺳَﺒِﻴﻞِ ﺍﻟﻠَّﻪِ، ﺇِﻟَّﺎ ﺭَﺟُﻞٌ ﺧَﺮَﺝَ ﺑِﻨَﻔْﺴِﻪِ ﻭَﻣَﺎﻟِﻪِ، ﻓَﻠَﻢْ
ﻳَﺮْﺟِﻊْ ﻣِﻦْ ﺫَﻟِﻚَ ﺑِﺸَﻲْﺀٍ »
«Аз абдуллоҳ ибни аббос ривоят
аст, ки мегӯяд: расули худо
алайҳиссалом фармуд: «Ҳеҷ рӯзе
нест, ки анҷом додани амали солеҳ
дар он рӯзҳо назди худо
дӯстдоштанитар аз ин рӯзҳо яъне
даҳ рӯзи аввали зулҳиҷҷа бошад,
саҳобагони бузургвор пурсиданд: ё
расулаллоҳ ҳатто (савоби анҷом
додани амали солеҳ дар ин рӯзҳо)
аз ҷиҳоди дар роҳи худо (дар
дигар рӯзҳо) дида бештар аст?
Расули худо фармуданд: Бале
(амали солеҳ дар ин рӯзҳо аз
ҷиҳоди дар роҳи худо дар ғайри ин
рӯзҳо дида) бештар аст, магар
ҷиҳоди шахсе ки бо молу нафсаш
(ба хотири худо) аз хона берун
шуда дигар барнамегардад (савоби
ин) бештар аст» (ривояти имом
бухорӣ, ва абудовуд)
Аз ин ҳадиси муборака бармеояд,
ки анҷом додани амали солеҳ дар
ин рӯзҳо аз дигар рӯзќои дида
фазилату Аврупо Подоши зиёдтар
дораду назди худо дӯст
доштанитар аст.
Аз ҷумлаи фазоили даҳ рӯзи
аввали моҳи зулҳиҷҷа инаст, ки
дар он рӯзҳо рӯзи арафа собит аст
савоб ва фазилати рӯза доштани
рӯзи арафаи чунонест, ки дар
ҳадиси муборака омадааст:
ﻋَﻦْ ﺃَﺑِﻲ ﻗَﺘَﺎﺩَﺓَ، ﻗَﺎﻝَ : ﻗَﺎﻝَ ﺭَﺳُﻮﻝُ ﺍﻟﻠَّﻪِ ﺻَﻠَّﻰ
ﺍﻟﻠﻪُ ﻋَﻠَﻴْﻪِ ﻭَﺳَﻠَّﻢَ : « ﺻِﻴَﺎﻡُ ﻳَﻮْﻡِ ﻋَﺮَﻓَﺔَ، ﺇِﻧِّﻲ
ﺃَﺣْﺘَﺴِﺐُ ﻋَﻠَﻰ ﺍﻟﻠَّﻪِ ﺃَﻥْ ﻳُﻜَﻔِّﺮَ ﺍﻟﺴَّﻨَﺔَ ﺍﻟَّﺘِﻲ
ﻗَﺒْﻠَﻪُ، ﻭَﺍﻟَّﺘِﻲ ﺑَﻌْﺪَﻩُ »
«Аз Абӣ қатода ривоят аст, ки гуфт
расули худо алайҳиссалом
фармуданд: Рӯза доштани рӯзи
арафа инаст, ки ман умед дорам
ки шахсе ин рӯзро рӯза гирад
гуноҳони соли гузашта ва соли
ояндаашро аллоҳ таоло
меомурзад» (ривояти имом
муслим).
Яке аз фазилатҳои дигаре ин даҳа
инаст, ки аллоҳ таоло барои
бандагони(дастрасу доро) қурбони
карданро машруъ гардонида то ба
сабаби анҷом додани ин амали
солеҳу бузург ба сӯи ӯ наздик
шаванд.
Пас хонандаи азиз! Фазилату
бартарии ин рӯзҳо дар назди аллоҳ
таоло ба қадри имкон бароятон
равшан гардид пас ин мавсимро
ғанимат шуморему (ба қадри
тавонои ва иститоат) аз пайи
иҷрои амалҳои солеҳ шавем то
ризояти аллоҳ таолоро ба даст
орем.
Рӯза доштан, хондан ва таълим
додани қуръон,истиғфор кардан
(астағфируллоҳ гуфтан) хабар
гирифтани бемор, таом додан ба
кам дастону нодорон, садақа
додан, ислоҳ намудан байни
мардум, амри маъруф ва наҳи аз
мункар, хайру некуи ба мардум ва
хоссатан ба ҳамсоя, икрому
эҳтироми меҳмон, дур кардани
чизҳои азият мерасондаги аз роҳ,
дасти кумак дароз кардан ба халқи
мусалмон, ёри ва кумак кардани
бародари мусалмон, некуи ба
волидайн, ва ғайра аз амалҳоест ки
сабаби дарёфти савоб ва
ризомандии аллоҳ таоло
мегарданд, пас бикушем анҷом
додани ин амалҳоро дар ин рӯзҳо
зиёдтар намоем.
Аз аллоҳ таоло талаб мекунем то
бароямон тавфиқи амал кардан ва
анҷом додани ин амалҳоро дар ин
рӯзҳо насибамон гадонаду чунон
кунад, ки аз ин мавсимҳо
истифода кунему амалҳои ин рӯзҳо
сабаби дарёфти ризомандии аллоҳ
таоло бароямон шаванд.
Танбеҳ: якум рӯзи моҳи зулҳиҷҷа
рӯзи сешанбе 15-уми сентябр оғоз
мешавад.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев