Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим
Алҳамду лиллоҳи раббилоламин вассалоту вассалому ало сайидино Муҳаммадин ва олиҳиттоҳирин ва саҳбиҳилмунтаҷабин ва баъд;
Мо уламои бузург, муфтиён, андешмандону масъулони кишварҳои исломӣ, бо истинод ба нусуси сареҳи Қуръони Карим, суннати набавии шариф, усули мусаллами фиқҳи исломӣ ва қавоиди мусаллами ҳуқуқи байналмилал, бо қотеъият ва иттифоқи назар мавозеи зерро эълом менамоем:
1. Маҳкумияти сареҳи Трамп ва Нетаняҳу ба унвони муҳорибону муфсидони дар рӯи замин
Бар асоси ояти 33-юми сураи Моида: إِنَّمَا جَزَاءُ الَّذِینَ یُحَارِبُونَ اللَّهَ وَرَسُولَهُ وَیَسْعَوْنَ فِی الْأَرْضِ فَسَادًا أَنْ یُقَتَّلُوا أَوْ یُصَلَّبُوا...
Трамп, Нетаняҳу ва сарони режими ишғолгари саҳюнистӣ ба далели ишоаи фасод, хунрезӣ, ишғоли сарзаминҳои исломӣ, қатли омми мардуми мазлуми Фаластин ва ҷиноят зидди башарият, муҳориб бо Худо ва Расули ӯ ва муфсиди дар замин шинохта мешаванд ва дар маҳокими байналмилалӣ ва додгоҳҳои исломӣ, бояд таҳти пайгард қарор гиранд.
2. Ҳимояти қотеъ ва ҳамаҷониба аз раҳбарии ҳакимона ва муқтадиронаи ҳазрати оятуллоҳи узмо имом Хоманаӣ (Сояаш бардавом бод)
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ ба унвони раҳбари бедори уммати исломӣ ва парчамдори ҷабҳаи иззати исломӣ, бо дироят, шуҷоат ва ҳикмат масири иззат, муқовимату ваҳдати уммати исломиро раҳбарӣ менамоянд. Уламои Ислом бо тамоми тавон аз мавозеи усулӣ, шаффофу ҳакимонаи ишон ҳимоят мекунанд ва ишонро таҷассуми раҳбари машрӯъ ва дорои шароити дифоъ аз уммати исломӣ медонанд.
3. Таъкиди фиқҳӣ, ҳуқуқӣ ва байналмилалӣ бар машруъ набудани ҳар гуна созиш бо Исроил ва Амрико
Бар мабнои қавоиди мусаллами шариат, ба вижа асли “ҷоиз набудани вило ва созиш бо куффори муҳориб“ ва дар партави асноди байналмилалии ҳуқуқи башар ва ҳуқуқи миллатҳо дар таъини сарнавишти худ, ҳар гуна созиш, оддисозии равобит ва шарокат бо режими ҷаълӣ ва ишғолгари саҳюнистӣ ва сиёсатҳои истикбории Амрико, ҳароми шаръӣ, хиёнат ба уммати исломӣ ва нақзи ошкори ҳуқуқи миллати Фаластин ва миллатҳои мазлуми минтақа ҳисоб мешавад.
4. Даъват ба ваҳдат миёни мусулмонону донишмандон дар баробари тавтеаҳои саҳюнизм ва истикбор
Имрӯз, беш аз ҳар замони дигар уммати исломӣ ниёзманди ваҳдат, ҳамбастагии илмӣ, фикрӣ, динӣ ва сиёсӣ аст. Мо уламои Ислом, тамоми мусулмонон ва нухбагони илмии ҷаҳони Исломро ба ҳамгароӣ, ваҳдати калима ва ташкили ҷабҳаи муштарак барои муқобила бо тавтеаҳои Амрико, Исроил ва ҳампаймонони онон даъват менамоем.
5. Изъон ба пирӯзии қатъӣ ва ҳамаҷонибаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҷанги 12-рӯзаи таҳмилӣ бо Исроил
Пирӯзии Эрон дар ҷанги 12-рӯза бо режими саҳюнистӣ, таҷаллии қудрати имон, муқовимат, ҳикмати раҳбарӣ ва истеҳкоми ҷабҳаи муқовимати исломӣ аст. Ин пирӯзӣ на танҳо дар арсаи низомӣ, балки дар абъоди сиёсӣ, расонаӣ, равонӣ ва байналмилалӣ шикасти сангине бар ҷабҳаи истикбор вориди сохт ва исбот кард, ки даврони султа бечуну чаро Амрико ва Исроил поён ёфтааст.
6. Дархости муҳокимаи байналмилалии ҷинояткорон ва ҳомиёни саҳюнизм
Мо хостори ташкили фаврии додгоҳҳои мустақили байналмилалӣ барои муҳокимаи Трамп, Нетаняҳу ва дигар сарони ҷинояткори Исроил ва ҳомиёни онон ҳастем ва аз созмонҳои ҳуқуқи башарӣ, додгоҳҳои байналмилалӣ ва маҷомеи қонунӣ мехоҳем, ки ҷиноёти ин афрод зидди башарият ва сулҳи ҷаҳониро баррасӣ ва муҷозоти лозимро эъмол намоянд.
7. Таҷдиди байъати уммати исломӣ бо ормони Фаластин ва Қудси шариф
Масъалаи Фаластин, қиблаи аввали мусулмонон ва Қудси шариф, ҳамчунон дар раъси авлавиятҳои уммати исломӣ қарор дорад ва то таҳаққуқи озодии комили Фаластин ва нобудии комили ғуддаи саратонии саҳюнизм, муборизаи машруъ ва ҳамаҷониба идома хоҳад дошт.
وَمَا النَّصْرُ إِلَّا مِنْ عِنْدِ اللَّهِ الْعَزِيزِ الْحَكِيمِ
Ва нусрат ҷуз аз сӯи Худои шикастнопазири ҳаким нест. (Сураи Оли Имрон ояти 126)
۱۰۰ نفر از علما و اندیشمندان جهان اسلام حکم محاربه ترامپ و نتانیاهو را صادر کردند+ اسامی mshrgh.ir/1731365 Уламо ва донишмандоне аз кишварҳои
Ироқ
Миср
Покистон
Ҳинд
Фаластин
Яман
Лубнон
Туркия
Уммон
Урдун
Русия
Сурия
Афғонистон
Сенегал
Алҷазоир
Либия
Австралия
Кения
Баҳрайн
Бангладеш
Камерон
Тунис
Инденазия
Амрико
Судон
Мавритония
Қатар
Тайланд
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев