Ятимов
ДИЛРО БА ДИЛ РАҲЕСТ ДАР ИН ГУНБАДИ
СИПЕҲР
ЗИ ҶӮЙЕ, КИ ХУРДӢ АЗ ОН ОБИ ПОК ...
Яке аз деҳаҳои зебоманзари ноҳияи Рӯшон Шидз ном дорад. Ин деҳа дар аввали солҳои ҳаштодум ҳамагӣ навад хоҷагӣ дошт ва дар он тахмин ҳаштсад - ҳазор нафар зиндагӣ мекард.
Дар деҳа мактаби миёна, китобхона ва идораи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ – ҷамоати деҳот ҷойгир буданд.
Ин мавзеъ сарсабз, сердолу дарахт ва чашмасор буд. Аз дари ҳар хона чашмае фаввора зада, ба ҷӯйборҳои деҳа ҳамроҳ мешуд. Атрофи хонаҳо ва талу теппаи гирдогирди қишлоқро шодоб мегардонд. Дар ин деҳа дарахтони мевадиҳандаи тут, себ, нок, зардолу, олучаву гелос хуб нашъунамо меёбанд. Мардуми деҳа мисли сокинони тамоми кӯҳистони Бадахшон меҳнатқарин, одӣ, хоксор ва бо нону намаканд.
Деҳа, дар маҷмуъ, як хонаи бузурги сеқабатаро мемонд. Фақат, ки зинаи барқӣ надошт.
Одамон бори худ, лингчаҳои орду қандеро, ки аз мағоза, қабати аввали деҳа мехариданд, дар даруни сабади калони дарозрӯяи аз берун барои китфҳо банди махсусдошта, пуштора намуда, ба масофаи як-ду километр ба боло, то хонаҳояшон мебурданд.
Қариб дар тамоми Бадахшон қиматтарин чиз хок аст. Агар дар пойин, дар роҳи калон касе барои худ аз таҳдашт, дар як мошини бузург ин муъҷизаи табиатро оварда резад, бисёр бо заҳмат, таҳаммул ва бурдборона дар шабонарӯз онро одамон бо сабадашон кашонида, то макони даркорӣ ба баландиҳо бурда, тахт карда, аз он самаранок истифода мебаранд.
Баъди бозгашт аз Бадахшон, вақте ман ба дигар нуқоти мамлакат сафар карда, одамонеро медидам, ки бо вуҷуди доштани заминҳои наздиҳавлигии ҳосилхез ва обҳои фаровон, соатҳо дар сари кӯчаву хиёбон рост истода, бо гапхӯрӣ, вақтгузаронӣ, беҳудакорӣ машғуланд, дар тааҷҷуб мешудам. Онҳоро бо мардуми заҳматкаши кӯҳистон – сарзамини камзамин муқоиса мекардам.
Ман қариб ҳамаи деҳоти Бадахшонро, ки он ҷо гузарам меафтид, кор мекардам, бо ҳиссиёти қаноатмандӣ ёдоварӣ мекунам. Аммо Шидз дар байни онҳо ҷойи махсус дорад. Дар ин деҳа дӯстони содиқ, ватандӯст ва намаксипос зиёд буданд. Инҷо дидбонгоҳи сарҳадӣ низ ҷойгир буд, ки мо бо афсарони он ошноӣ ва муносибати хуби корӣ доштем. Табодули маълумот карда, чорабиниҳои гуногуни таъмини бехатарии қитъаи муайянро дар чор фасл мегузаронидем. «Роҳ» ба Афғонистон доштем.
ТАҚДИРИ ЯК ДУХТАРИ УКРАИНӢ
Яке аз рӯзҳои сахти зимистон ман дар деҳаи Шидз дар сафари навбатии хизматӣ будам.
Корам дар мактаб кашол ёфт.
Дар як синфхонаи калон бо фаъолони деҳа, падару модарон дар бораи зарурати ҳушёрӣ дар сарҳади давлатӣ, вобаста ба маълумоти дастрасшуда оид ба пайдо шудани гурӯҳи террористон дар деҳаи Чоснуд ва дараи Тангшеви кишвари ҳамсоя, суҳбати фаҳмондадиҳӣ доштам. Зарурати ҳамкории зичро бо мо ва сарҳадчиён таъкид кардам.
Мардум ҳам фаъол буданд. Суолҳои зиёд медоданд. Вақт андак зиёдтар рафт. Ман аз мактаб баромада, бояд ба дидбонгоҳи сарҳадӣ мерафтам. Владимир Ким ном як ҷавони кореягӣ сардори он ва аз ҷӯраҳои наздики мо буд. Аз лиҳози дигар, фазои дидбонгоҳ барои ман мисли хонаи худӣ менамуд.
Аммо дар дами дар директори мактаб Алибеков Муродмамад гуфт:
– Ошно, вақти хӯроки нисфирӯзӣ гузашт. Туро намедонам, ман сахт гушна шудам. Хонаи мо меравем.
Директор марди тақрибан шаст - шаступанҷсола, қадбаланд, тануманд, бо мӯйи сари сап-сафед, шахсияти бофарҳанг ва воқеан, зиёӣ буд.
Тарзи либоспӯшии озода – курта ва шиму костюми бо эҳтиёт дарзмолшуда, гарданбанди мувофиқ бо сару либос ва дар шароити деҳа пойафзоли ба мавсим мувофиқу доимо пок дошт.
Чанд муддате, ки ман директори солхӯрдаро мешинохтам, ягон бор риши расидаи ӯро мушоҳида накардам. Ӯ барои муаллимон, талабагон ва аҳли деҳа дар рафтору гуфтор ва муносибату кирдор намунаи ибрату пайравӣ буд.
Мактабу деҳа, ки маърифат ва ибтидои давлатдорӣ аз онҳо сарчашма мегиранд, ба он фарқ намекунанд, ки бузурганд ё хурд, чӣ қадар одамон дар онҳо таҳсил мекунанд ё ба сар мебаранд. Инсонро ҳам на аз рӯйи қадду қомат, балки аз рӯйи ақлу фаросат ва донишу хирад бузург номидан мумкин аст. Шуҳрати макону маскани ёдшуда ҳам, аз шумораи шахсиятҳои соҳибмаърифат, кордида ва барои ҷомеа муфиду судманд вобастагӣ дорад.
Гарчанде ман дар Шидз дӯстону рафиқони хуб доштам, макони зистам меҳмонхонаи афсарии дидбонгоҳи сарҳадӣ буд. Аммо таклифи нисфирӯзии директор ҳам бароям қобили қабул афтод.
Чун вориди макони иқомати директор шудам, атроф ва дохили манзил намуна ва ҳамсон бо сифати шахсияти соҳибхона ба назар мерасид.
Мувофиқ ба анъанаҳои маҳаллӣ, дар мобайни хона печкаи русӣ меистод.
Дар болои он чанд зарфи хурду бузурги хӯрокпазӣ ва чойҷӯш дар ҳамоҳангӣ бо ҳарорати бухории бузурги русӣ озодаву дар таносуб ба ҳадафи рӯз арзи вуҷуд мекарданд.
Мизи тозаву озодаи хӯрокхӯрӣ, ки дар болояш дастурхони сафеди оҳарӣ партофта, тибқи тахмин анвои ғизо дошт, бо докаи пок пӯшонида шуда буд.
Дар назди бухорӣ зани ҳамсинну соли соҳибхона моро дидан баробар аз ҷой бархост. Ва саломи моро алейк гирифт. Бо чеҳраи кушод хайрамақдам гуфт. Алибеков хонумро ба ман муаррифӣ кард:
– Ин кас завҷаи ман – Елена Илйинична Школа. Зодаи Украина. Сиву панҷ сол муаллимаи забони русии мактаби деҳа буд. Ҳоло дар нафақа аст.
Ман ба ин хонуми солхӯрдаи муштипари ситорагарм нигаристам. Ҳазор суол яку якбора ба сарам омад. Дар бораи тақдири одамӣ, дар ин сарзамини фарсахҳо дур аз он ҷойе, ки «хуни ноф рехтааст». Ба замми он ки Бадахшон дар як сол ҳашт моҳ бо маркази ҷумҳурӣ ҳам роҳ надошт, қисмат ин зани аврупоиро ба чӣ дуриҳои дур овардааст.
Келини кампир барои ману соҳибхона хӯрок овард. Нони танурӣ бо ширчойи чормағзӣ беҳтарин ғизо буд. Ману устод Алибеков бо даст, ҳамсараш бо қошуқ таоми нисфирӯзиро дар сари як дастурхон дидем.
Елена Илйинична нигоҳи ҳалиму модарона дошт.
Чун гап дар бораи кори мактаб рафт, хонум гӯё ки масъала ба ӯ ҳам дахл дошта бошад, бо гӯшу ҳуш ба суханҳои шавҳараш диққат медод.
Ман медидам, ки пиру кампир бо вуҷуди хосияти синну солӣ, бо якдигар мисли ҷӯраҳои ҷонӣ муомила мекунанд.
Баъди хӯрок пиразан як пиёла об ва аз қуттича ду дона доруи ҳархела оварда:
– Мурод, доруятро фаромӯш накунӣ, – гуфта, дар назди соҳибхона монд. Директор доруи сафедро нӯшид. Хост доруи дуюмро аз паси он нӯшад, ки ҳамсараш дасти мӯйсафедро бо меҳрубонӣ поин кард:
– Магар духтур нагуфта буд, ки байни нӯшидани ду дору панҷ дақиқа фосила бошад.
Соҳибхона ба ман бо табассум нигоҳ карда, доруву пиёларо дар ҷояш монд. Бо гузашти андак вақт онро нӯшид.
Ман эҳсос мекардам, ки нигоҳҳои зани солхӯрда ба мӯйсафед то ҳанӯз ниҳоят меҳрубонона ва бо эҳтироми махсусанд. Ба ӯ ҳамчун ба меҳмони азиз муносибат мекунад. Мӯйсафед ҳам хомӯшона аз чунин арзи эҳтиром ва ҳусни таваҷҷуҳи пур аз меҳр ором, хотирҷамъу қаноатманд менамуд.
Ман ба ҳама ҳаракатҳои кампир бодиққат ва омӯзанда нигоҳ мекардам. Мехостам, ақаллан, чизе ҳам дар бораи тақдири ин зани ғариб донам, ки кай ва чӣ рӯзгор ӯро ба ин кӯҳистони дурдаст овардааст.
Пиразани рамузфаҳм инро дарк кардагӣ барин:
– Бачам, ба фикрам, ту ҳам инҷоӣ нестӣ. Мисли ман мусофирӣ. Аз нигоҳҳоят, мехоҳӣ донӣ, ки чӣ рӯзгоре маро бадахшонӣ кард.
Ман бо табассум ба доноии муаллимаи собиқ қоил будани худро тасдиқ кардам.
Елена Илйинична бо нақли кӯтоҳ хост маро аз таваҷҷуҳам ба донистани сарнавишташ огаҳӣ бахшад:
«Соли 1938 буд. Ман ҳамагӣ нуздаҳ сол доштам, ки омӯзишгоҳи педагогии духтаронаи шаҳри Донетскро бо ихтисоси муаллимаи забони русӣ хатм кардам.
Маро барои кор ба Тоҷикистон фиристоданд.
Муддати понздаҳ шабонарӯз ба воситаи роҳи оҳан ба шаҳри Сталинобод расидам.
Мо панҷ муаллима будем.
Ҳангоми тақсимот эълон карданд, ки маро ба Помир мефиристанд. Он ҷо муаллимаи забони русӣ намерасад.
Шояд барои Шумо ҷолиб бошад, ки аз соли 1938 то ҳол, яъне муддати 43 сол аз ҳамин деҳаи Шидзу маркази ноҳияи Рӯшон, дигар ба ягон ҷо, ҳатто то шаҳри Хоруғ ҳам нарафтаам.
Он вақт Сталинобод баробар ба як кӯчаи шаҳри Донетск ҳам набуд.
Баъди як ҳафтаи расидан ба пойтахти Тоҷикистон, намояндаи вазорати маориф ба ҷойи зисти муваққатии мо омада, саросемавор пурсид:
– Фамилияи Шумо Школа аст?
– Оре! Чӣ гап шудааст? – пурсидам ман.
– Ҳеҷ чиз не! Фақат таъҷилан бояд фурудгоҳ равем. Ҳоли ҳозир ҳаво кушода шудааст. Шумо бояд ба Хоруғ парвоз кунед, – гуфт.
Ман ҷомадони худро гирифтам. Ин марди бӯзбала дасти холӣ медавид ва мани духтари муштипарро бо ҷомадони кӯчбастаам ҳадаҳа мекард, ки зуд бошам. Аз ӯ қафо намонам.
Хайрият фурудгоҳ дар мобайни шаҳр будааст. Баъди ҷанг гуфтанд, ки дар ҷойи ин аэродром Театри опера ва балет сохтаанд.
Дар фурудгоҳ ҳамагӣ як ҳавопаймои хурдакаки болояш шишагии якмуҳаррика буд.
Ходими фурудгоҳ ҷомадони маро гирифта, дар куҷое аз ҳавопаймо, ки ҳамагӣ ду курсии нишасти пасопеш дошт – яке барои халабон ва дуюмӣ барои мусофир, ҷой кард.
Маро фаҳмонданд, ки парвоз қариб севуним соат идома меёбад.
Ба ман кулоҳи махсус ва айнаки шишагӣ доданд. Тарзи пӯшидани онҳоро фаҳмонданд. Баъд халабони ҳавопаймо ҳам бо каллапӯши махсус, айнакҳо, портфели чармӣ сару либоси нимнизомӣ ва мӯзаҳои «хром» омада, сари рул нишаст. Касе аз пеш чархи ҳавопайморо тоб дод, ки муҳаррики он ба кор даромад.
Парвози мо ба Хоруғ баъди хаму хезҳои зиёди «бодбараки ҳавоӣ» ба некӣ анҷом ёфт. Дар фурудгоҳ маро пешвоз гирифтанд. Муддати чор шабонарӯз бо асп аввал ба маркази ноҳияи Рӯшон, аз он ҷо дар якуним рӯзи дигар ба ҳамин деҳаи Шидз оварданд.
Агар сабаби сарфи умри азизи маро дар ин кӯҳистон пурсед, ана ҳамин Мурод аст. Акнун, бубин, суханашро хулоса кард кампир, – тарҷумаи ҳоли умри шасту панҷ солаи ман дар панҷ дақиқа тамом шуд, – гуфта, ин зани солхӯрдаи ғариб аз ёру диёр нигоҳи пурмеҳре ҷониби шарики якумраи ҳаёташ кард.
ЭЙ ВОЙ БАР ОН ДИЛ, КИ ДАР Ӯ СӮЗЕ НЕСТ
Аз ин нақли Елена Илйинична расо чил сол сипарӣ гашт.
Рӯзе як нафарро аз рӯйи сифатҳои хуби корӣ, касбӣ ва шахсӣ интихоб ва дар яке аз самтҳо ба вазифаи масъул пешниҳод кардам.
Ҳангоми шиносоӣ бо тарҷумаи ҳоли ӯ фаҳмидам, ки зодаи деҳаи Шидзи ноҳияи Рӯшон будааст.
Ҳини суҳбат бо ӯ аз ҳолу аҳволи чанд нафар шиносҳову наздикони худ аз ин деҳа пурсон шудам. Аз ҷумла, дар бораи собиқ директори мактаби Шидз Алибеков Муродмамад ва завҷаи ӯ Школа Елена Илйинична суол додам.
Ҳамсуҳбати ман Ардашер ном ҷавон буд. Соле, ки ман дар Рӯшон кор оғоз кардаам, ҳамон сол таваллуд шуда будааст.
Ӯ гуфт:
– Алибеков Муродмамад бобоям ва Елена Илйинична бибиам мешаванд.
Аз ҳамсуҳбат фаҳмидам, ки баъди барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ, солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, тохтутози гурӯҳҳои силоҳбадасти ҷиноятӣ, шикасти низоми инсониву одамгарӣ, тантанаи террору қаҳтиву гуруснагӣ ҳама дар ғами ҷони худ афтида, роҳи халосӣ меҷустанд. Авлодони ӯ дигар ба ояндаи тоҷику Тоҷикистон, давлату давлатдорӣ, эҳтимоли бозгашти осудагиву оромӣ бовар надоштаанд.
Елена Илйинична дар пиронсолӣ ин аҳволи фалокатборро дида, бо гиряву зорӣ аз шавҳараш хоҳиш мекунад, ки кунун, дар чунин шароит дар Тоҷикистон имкону зиндагии имрӯзу оянда намонд. Якҷо ба ватани ӯ ба Украина раванд. Фарзандонро ҳам бо худ бубаранд.
Бобои Мурод ба чунин таклиф розӣ шуда наметавонад. Чӣ тавр ӯ зодгоҳ, хешу табор, ҳамқишлоқу ҳамшаҳриҳо ва Тоҷикистони азизашро партофта, дар охири умр худро овораи сад мулк мегардонад?
Елена Илйинична аҳволи рӯзафзуни бадро дида, дар назди мӯйсафед ба зону зада, зорӣ мекунад, ки агар нахоҳад, ӯро иҷозат диҳад то ба Украина, ба назди хешу табораш баргардад.
Мӯйсафед ноилоҷ монда, розӣ мешавад, ки охирин хоҳиши ҳамсафари умр, вафодори ғариби азиятдидаеро, ки ҳаёташро ба ӯ бахшиду акнун умраш Офтоби ба ғуруб расидаро мемонад, иҷро кунад.
Тасмим мегирад, ки худаш шахсан кампирро ба зодгоҳаш, шаҳри Донетск бурда, дар назди хешу ақрабояш мемонад ва ба деҳа бармегардад.
Ҳамин тариқ, мӯйсафеди бечора бо дили реши бедармон, кампири аз ҷабри замона хазон ва аз алами рӯзгор ноумедгаштаву нолонашро гирифта, бо ҳазор дарду алам дар чанд шабу рӯз ба Украина мерасонад.
Кампир пеши пойи мӯйсафед меафтад. Гиряву зорӣ мекунад, ки ӯ аз баҳри падару модар, акаву додар, хешу табораш гузаштаву умри худро сарфи муҳаббати Мурод кардааст. Акнун навбати посух расидааст. Наравад. Бо ӯ бимонад:
Мабод кас чу мани хаста мубталои фироқ,
Ки умри ман ҳама бигзашт дар балои фироқ.
Ғарибу ошиқу бедил фақиру саргардон,
Кашида меҳнати айёму доғҳои фироқ.
Куҷо равам, чӣ кунам, ҳоли дил киро гӯям,
Ки доди ман биситонад, диҳад ҷазои фироқ?
Фироқро ба фироқи ту мубтало созам,
Чунон, ки хун бичаконам зи дидаҳои фироқ.
Ман аз куҷову фироқ аз куҷову ғам зи куҷо,
Магар бизод маро модар аз барои фироқ.
Гаштаву баргашта изҳор доштааст, ки дар Тоҷикистон дигар осудагиву умеди зиндагӣ аз даст рафт. Силоҳбадастон мардум, зиёиён, махсусан муаллимонро шикор карда истодаанд. Ба ҳеҷ кас раҳм надоранд. Зориву тавалло мекунад, ки Мурод бо ӯ биистад. Дур аз Ватанаш бошад ҳам, охирин лаҳзаҳои умрро якҷо гузаронанд.
Ҳоли дили ин мискини зор суханҳои Ҳофизи бузургворро ба хотир меовард, ки:
Ҳазор ҷаҳд бикардам, ки ёри ман бошӣ,
Муродбахши дили беқарори ман бошӣ.
Чароғи дидаи шабзиндадори ман гардӣ,
Аниси хотири уммедвори ман бошӣ...
Ман ин мурод бибинам ба худ, ки ними шабе,
Ба ҷойи ашки равон дар канори ман бошӣ.
Пирамард ҳолати руҳиашро бори чандум ба кампир изҳор медорад. Бо чашмони пурнам ва дили пурғам бо ӯ хайрухуш мекунад. Ва роҳи Тоҷикистони азизашро пеш мегирад. Елена беовоз, ашки шашқатор аз дили хастаи оташбор мерезад:
Юсуфи азизам рафт, эй бародарон, раҳме,
К-аз ғамаш аҷаб бинам, ҳоли пири канъонӣ.
Мӯйсафед се шабонарӯз дар поезд дар бораи рӯзгори неки аз сар рафта, ранҷу азоби гузашта ва ҳамакнун синаи моломоли дарди бемарҳам, танҳоии якумраи мусаллам андеша мекунад. Умедашро аз зиндагӣ ва ояндаи нек меканад. Аҳволашро дар пирӣ бо дили шикаста ва руҳи гусаста тасаввур мекунад:
Маро корест мушкил бо дили хеш,
Ки гуфтан менаёрам мушкили хеш…
Чи фурсатҳо, ки гум кардам дар ин роҳ,
Зи бахти хобноки ғофили хеш!
Бобои Муродбек намехост, ки ин поезд ба манзил расад. Ва акнун ба замине қадам гузорад, ки дигар ғамхору ғамгусор, табиби шабзиндадор, дар ҳама дарду ранҷ шарик – ҳамдами роздор, Еленааш нест.
Бо ҳамин хаёл, шабу рӯз об дар даҳон накарда, бемору бемадор дар гӯшаи «купе»-и поезд менишаст:
Эй боди сабо, бигзар, з-он ҷо, ки ту медонӣ,
Аҳволи дилам баргӯ онҳо, ки ту медонӣ.
Дар пардаи асрораш ҳар гаҳ ки шавам маҳрам,
Сарбаста бигӯ аз мо онро, ки ту медонӣ.
Оқибати шабу рӯзҳои бехобӣ наздик ба истгоҳи Душанбе, бобои Муродро хоб мебарад. Ногаҳ касе болои сари мӯйсафеди ғамбемору бемадор омада, мегӯяд:
– Бобо, ба Душанбе расидем! Ҳама фаромада рафтанд! Намехезед?!
Мӯйсафед чашмонашро мекушояд. Аз ҷояш хеста, ҷомадони фарсудаи худро бардошта, гӯё намедониста бошад, ки аз куҷо омадааст, ба куҷо меравад, бо дили нохоҳам, аз қафои роҳбалади поезд базӯр – базӯр қадам мезанад. Чун масъули қатор эҳсос менамояд, ки ҳоли мӯйсафед хуб нест, дасти ӯро гирифта, то даҳани дари вагон меорад. Таъкид мекунад, ки эҳтиёт бошад.
Мӯйсафед дастаи зинапояи поездро дошта - дошта, бо ҳоли ҳазине поин фаромаданӣ мешавад. Ҷомадони куҳнаашро роҳбалади поезд гирифта, мехоҳад пирамардро ёрдам кунад. Ҳангоми пой гузоштан ба охирин пила, мӯйсафед сархам дастаки зинапояро дошта, қадам ба замин мегузорад. Ин вақт як кас бо бастаи хоксоронаи гул мӯйсафедро пешвоз ва бо дастони ларзон ба оғӯш мегирад. Ӯро дигар сар намедиҳад. Оби шашқатори дидагони ӯ рӯю гардани мӯйсафедро мисли селоб тар мекунад...
Пирамард парешонхотиру беҳис дастони нофармони ларзидаи ба гардановехтаи ӯро мебӯсад... Инро давоми хоби ширини даруни поезд мепиндорад. Аммо чашм кушода, сар бардошта, беҳис менигарад. Пирамардро на каси дигар, балки Елена Илйиничнаи азизаш тани танҳо пешвоз гирифтааст.
Пиру кампир, чанд муддат дар ҳамин ҳолат моту мабҳут мемонанд...
Эй вой бар он дил, ки дар ӯ сӯзе нест,
Савдозадаи меҳри дилафрӯзе нест.
Рӯзе, ки ту бе ишқ ба сар хоҳӣ бурд,
Зоеътар аз он рӯз, туро рӯзе нест.
Баъди оне, ки кампир мӯйсафедро дар истгоҳи Донетск ба поезд савор карда, гусел мекунад, ба хонаи хешу табор бармегардад. Дар байни наздикон худашро бегона меҳисобад. То субҳ чун пири бекаси ғарибафтодаи фақиру ҳақир бо замири пурдарду алами эҳсоси ҷудоӣ аз дӯсти якумраи беназири акнун зиндаҷудои худ Мурод, ки дигар ҳеҷ вақт ӯро намебинад, то ба рӯз болиштро аз ашк тар мекунад.
Ин шаби дарозтарини умри Елена Илйинична буд.
Субҳ аз хешовандон бо имдод мехоҳад, ки роҳи фурудгоҳро ба ӯ нишон диҳанд. Кампир бо касе маслиҳат накарда, хомӯш дар навбат истода, бо наздиктарин хатсайр билети ҳавопаймо мегирад.
Се рӯз пеш ба Душанбе мерасад. Се рӯзу шаби интизориро танҳо дар вокзали поезд мегузаронад.
Акнун ба охирин муроди зиндагии худ мерасад:
Вақтро ғанимат дон, он қадар, ки битвонӣ,
Ҳосил аз ҳаёт, эй ҷон, ин дам аст, то донӣ...
Боғбон, чу ман з-ин ҷо бигзарам, ҳаромат бод,
Гар ба ҷойи ман сарве, ғайри дӯст биншонӣ.
(Порча аз китоби «Ёддоштҳо»-и Саймумин Ятимов,
Қисми 2. – Душанбе: «Эко Принт», 2024, –С. 106-119)
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев