Падарам дар Бадахшон зиндагӣ дошт.
Падарам дар дар Боми Ҷаҳон зиндагӣ дошт.
Падарам дар мармаристон зиндагӣ дошт аммо,вале,лекин,
аз санги испеди мармар хабар надошт.
Падарам дар сангистон зиндагӣ дошт.
Ӯ ҳам медонист ҳар як санг зар дорад,
Ӯ ҳам медонист ҳар як кӯҳ санги мармар дорад,
Ӯ ҳам медонист ҳар як санги хорро чашмаи тар дорад,
Ӯ ҳам медонист ҳар як ғор торихи дигар дорад.
Аммо он замон нони гандум қиматар аз зар буд,
Нони ҷавин қиматар аз санги мармар буд.
Қимати як халта орд болотар аз дурру гавҳар буд.
Зиндагӣ мушкил, тифли замона хуни ҷигар буд
Ӯ замин меҷӯст,сангҳоро тӯда мекард,
Як санг болои санге чида мекард.
Қала мекард қибла мекард, бо дили болида мекард.
Бо ду дасташ сангҳоро сила мекард, бо арақ полида мекард.
Падарам,меҳнатқарин буд,
Падарам дӯсти замин буд.
Падарам зоғнӯл дар даст оташин буд,
Падарам аз нури хуршед дар арақ тар нозанин буд.
Он замон, ки мардум ба як бурда нон зор буданд,
Он замон, ки қариб ҳама дилфигор буданд.
Он замон, ки ду пайраҳаи наҷоти кӯҳи валангор буданд.
Он замон, ки аз бе нонӣ дар орзӯи мазор буданд
Падарам он ҷо биҳишт бунёд кард,
Сангҳоро тӯда карду ҷои кишт обод кард.
Гадуми сабзӣ падар рӯид онро бод кард.
Нони дастурхони моро падар эҷод кард.
Он ҷо имрӯз кӯҳсор аст.
Дар зери ҳамин кӯҳ лолазор аст.
Санҷид шукуфт ҳам сабзазор аст.
Сангоҳои падар дар як қатор аст.
Сангоҳои сипар чун ёдгор аст.
Он ҷо обшор аст,обшор аст.
Номи падарам бар мо шиор аст.
Боғи падарам зебӣ диёр аст.
SHAKARSHO
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев