АГАР АЛӢ НАБУД УМАР ҲАЛОК МЕШУД
Умар ибни Хаттоб борҳову борҳо дар мушкилот мегуфт: Агар Алӣ набуд ман ҳалок шуда будам. Таъвилул мухталафил ҳадиси Ибни Қутайба, саҳ.152. Файзул қадири Муновӣ, ҷ.4, саҳ.470.
كان عُمَر يتعوَّذ بالله من معضلة ليس لها أبوالحسن.
Умар ибни Хаттоб ҳамеша ба Худо паноҳ мебурд аз мушкилоте, ки барои ҳалли он Алӣ вуҷуд надошта бошад. Табақоти Ибни Саъд, ҷ.2, саҳ.339. Фазоил-ус-саҳобаи Аҳмад, ҷ.2, р1100. Таърихи Ислом, ҷ.3, саҳ.539. Таҳзиб-ут-таҳзиб, ҷ.1, саҳ.337. Фатҳул борӣ, ҷ.13, саҳ.343, аз Наводири Ҳумайдӣ устоди Бухорӣ. Исоба, ҷ.4, саҳ.568. Назму дурарис сибтайн саҳ. 131.
Ин хабар аз Ибни Аббос ва Саид ибни Мусайяб ривоят шуда ва санади Ибни Саъд тамоми ровиёнаш сиқа аз аз ривиёни Бухорӣ ва Муслим ҳастанд ба ғайр аз Муаммал ибни Исмоил, ки ў низ сиқа ва аз ровиёни саҳеҳи Бухорӣ ва сунан аст.
Саид ибни Мусайяб мегӯяд:
عن سعيد إبن مسيّب قال: سمعتُ عُمَر يقولُ: اللّهمّ لا تبقني لمعضَلَةٍ ليس لها إبن أبيطالب حيّاً.
Шунидам, ки Умар ибни Хаттоб ҳамеша мегуфт: Худоё маро дар мушкилоте боқӣ нагузор, ки дар он Алӣ зинда набошад. Ансобул ашрофи Билозарӣ, ҷ. 2, саҳ.351. Фатҳул борӣ, ҷ. 13, саҳ.286. Билозарӣ ин хабарро бо ду санад ривоят карда ва санади он саҳеҳ ва ё хуб аст.
قال النووي: وسؤال كبار الصحابة ورجوعهم إلي فتاويه وأقواله في المواطن الكثيرة والمسائل المعضلات، مشهور.
Нававӣ мегӯяд: Ва савол кардани бузургони саҳоба ва муроҷиаташон ба фатво ва суханони Алӣ дар маворидифаровон ва масъалаҳои мушкилу печида, машҳур аст. Таҳзибул асмо валлуғоти Нававӣ ҷ. 1, саҳ.475.
Агар Алӣ набуд Умар ибни Хаттоб ҳалок мешуд
عن أبي سعيد الخدري قال: حججنا مع عمر بن الخطاب فلما دخل الطواف استقبل الحجر فقال: إني أعلم أنك حجر لا تضر و لا تنفع و لولا أني رأيت رسول الله قبلك ما قبلتك ثم قبله فقال له علي بن أبي طالب: بلى يا أمير المؤمنين إنه يضر و ينفع قال: ثم قال: بكتاب الله تبارك و تعالى قال: و أين ذلك من كتاب الله؟ قال: قال الله عز و جل: {و إذ أخذ ربك من بني آدم من ظهورهم ذريتهم و أشهدهم على أنفسهم ألست بربكم قالوا: بلى} خلق الله آدم و مسح على ظهره فقررهم بأنه الرب و أنهم العبيد و أخذ عهودهم و مواثيقهم و كتب ذلك في رق و كان لهذا الحجر عينان و لسان فقال له : افتح فاك قال : ففتح فاه فألقمه ذلك الرق و قال اشهد لمن وافاك بالموافاة يوم القيامة و إني أشهد لسمعت رسول الله يؤتى يوم القيامة بالحجر الأسود و له لسان ذلق يشهد لمن يستلمه بالتوحيد فهو يا أمير المؤمنين يضر و ينفع فقال عمر: أعوذ بالله أن أعيش في قوم لست فيهم يا أبا حسن؛
Абусаиди Худрӣ мегӯяд: Мо ҳамроҳи Умар ибни Хаттоб ҳаҷ анҷом додем. Пас Умар вориди тавоф шуд ва рӯ ба Ҳаҷаруласвад карду гуфт: Ман медонам, ки ту санге ҳастӣ, на зараре метавонӣ бирасонӣ ва на фоидае. Агар надида будам, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) туро мебӯсид, туро намебӯсидам. Баъд сангро бӯсид. Сипас Алӣ ибни Абутолиб ба ӯ гуфт: Эй Амиралмуъминин, ин санг ҳам зарар мерасонад ва ҳам фоида. Умар гуфт: Чӣ хел ва аз куҷо мегӯӣ? Алӣ фармуд: Аз китоби Худои мутаол. Умар гуфт: Дар куҷои Қуръон ин матлаб аст? Алӣ гуфт: Он ҷо, ки Худованд фармуд: "Замоне, ки Худованд аз фарзандони Одам паймон гирифт ва бар пушти ӯ масҳ кашид, он гоҳ аз онҳо иқрор гирифт, ки ӯ парвардигори онҳо ва онҳо бандааш ҳастанд. Ин аҳду паймонро аз онҳо гирифт ва онро дар варақе навишт. Ин санг дорои ду чашм ва забон буд. Худованд ба ӯ фармуд: Даҳонатро боз кун. Ӯ боз кард ва он варақи иқрори фарзандони Одамро фурӯ бурд. Худованд ба ӯ фармуд: Дар рӯзи қиёмат гувоҳ бош бар ҳар касе, ки ба ту вафодор бимонад. Ман гувоҳӣ медиҳам, ки аз Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) шунидам, ки фармуданд: Рӯзи қиёмат Ҳаҷаруласвадро меоваранд дар ҳоле ки забони гӯё дорад, шаҳодат медиҳад аз барои касе, ки бар ӯ бо доштани тавҳид даст кашида ва масҳ карда бошад. Пас бидон, ки ин санг ҳам зарар мерасонад ва ҳам фоида. Баъд Умар гуфт: Паноҳ мебарам ба Худо аз ин ки дар миёни мардуме зиндагӣ кунам, ки ту дар миёни онҳо (барои ҳалли мушкилот) ҳузур надошта набошӣ". Мустадраки Ҳоким ҷ. 1, саҳ.627, р. 1672. Ахбори Маккаи Азрақӣ, ҷ. 1, саҳ.471, р. 391. Шуабул имони Байҳақӣ, ҷ. 9, саҳ.67, р. 3878. Канзул уммол, ҷ. 5, саҳ.93, р. 12521, ба нақл аз китобҳои гуногун. Захоир-ул-уқбо, саҳ.82.
Ҳақиқати ин ҳадисро ду даста аз ахбори дигар таъйид ва ба собит буданаш таъкид мекунад:
Аввал: Бухорӣ ва дигарон аз Умар ин хабарро, ки Ҳаҷаруласвад фоида ва зараре надорад, бо ҳазфи ёдоварии ҲАЗРАТИ Алӣ ривоят кардаанд.
Дуввум: Аҳодиси мусаллами Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) ёдоварии Амиралмуъмининро таъйид мекунад, ҳамчунин Байҳақӣ, Шавконӣ, Санъонӣ ва Зайлаӣ таъкид кардаанд, ки ҳазрати Умар ин ҳадисро нашунида буд ва Алӣ онро медонист ва Умар аз ӯ қабул намуд. Баъзе аз инҳо аз Азрақӣ низ ин таъкидро нақл кардаанд ва Шавконӣ мегӯяд: Гарчи санади ин ҳадис заиф аст, вале аз Ибни Аббос низ шоҳид дорад. Субулус саломи Санъонӣ, ҷ. 2, саҳ.205. Насбур рояи Зайлаӣ, ҷ. 3, саҳ.117. Найл-ул-автори Шавконӣ, ҷ. 5, саҳ.113.
Акнун ду хабар дар таъйиди сухани Амиралмуъминин АЛАЙҲИССАЛОМ зикр мекунем то воқеият равшантар гардад:
عن ابن عباس قال: قال رسول الله : إن لهذا الحجر لسانا و شفتين يشهد لمن استلمه يوم القيامة بحق؛
Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) фармуданд: Ҳамоно ин санг (Ҳаҷаруласвад) забон ва ду лаб дорад, ки қиёмат ба фоидаи касе, ки ӯро ба ҳақ ламс карда шаҳодат хоҳад дод. Муснади Аҳмад, ҷ. 1, саҳ.266, р. 2398. Саҳеҳи Ибни Хузайма, ҷ. 4, саҳ.221. Мустадраки Ҳоким, ҷ. 1, саҳ.627, р. 1680. Ҷомеъус сағир ва зиёдотиҳии Албонӣ, ҷ. 1, саҳ.395, р. 3947 Ҳоким, Албонӣ ва Шуайб Арнаут санади ин ҳадисро саҳеҳ донистаанд.
عن بن عباس قال: قال رسول الله : يأتي هذا الحجر يوم القيامة له عينان يبصر بهما ولسان ينطق به يشهد لمن استلمه بحق؛
Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) фармуданд: Ин санг қиёмат меояд дар ҳоле ки ду чашм дорад, ки бо он мебинад ва забон дорад, ки бо он сухан мегӯяд ва ба фоидаи касе, ки ӯро ба ҳақ ламс карда шаҳодат медиҳад. Муснади Аҳмад, ҷ. 1, саҳ.247, р. 2215 ва 2643 ва 2797. Сунани Ибни Моҷа, ҷ. 2, саҳ.982, р. 2944. Сунани Тирмизӣ, ҷ. 2, саҳ.218, р. 968. Саҳеҳи Ибни Ҳиббон, ҷ. 9, саҳ.26.
Тирмизӣ, Албонӣ ва Шуайб Арнаут дар ҳар се маврид, санади ин ҳадисро саҳеҳ донистаанд.
Албатта ба ин маъно аҳодиси гуногуни дигар ва ба маънои ин ки Ҳаҷаруласвад қиёмат соҳиби шафоат аст ва масҳ кардани он сабаби бахшиши гуноҳон мешавад аз Оиша, Ибни Умар, Абуҳурайра, Муҷоҳид ва дигарон низ ривоят шуда ва муҳаддисин монанди Тирмизӣ, Ҳоким, Ҳайсамӣ, Албонӣ ва Шуайб санадҳои онҳоро низ саҳеҳ донистаанд, ки дигар ниёз ба зикри онҳо нест.
ابْنِ عَبَّاسٍ قَالَ: أُتِىَ عُمَرُ بِمَجْنُونَةٍ قَدْ زَنَتْ فَاسْتَشَارَ فِيهَا أُنَاسًا فَأَمَرَ بِهَا عُمَرُ أَنْ تُرْجَمَ فَمُرَّ بِهَا عَلَى عَلِىِّ بْنِ أَبِى طَالِبٍ فَقَالَ: مَا شَأْنُ هَذِهِ؟ قَالُوا: مَجْنُونَةُ بَنِى فُلاَنٍ زَنَتْ فَأَمَرَ بِهَا عُمَرُ أَنْ تُرْجَمَ. قَالَ: فَقَالَ: ارْجِعُوا بِهَا ثُمَّ أَتَاهُ فَقَالَ: يَا أَمِيرَ الْمُؤْمِنِينَ أَمَا عَلِمْتَ أَنَّ الْقَلَمَ قَدْ رُفِعَ عَنْ ثَلاَثَةٍ: عَنِ الْمَجْنُونِ حَتَّى يَبْرَأَ وَعَنِ النَّائِمِ حَتَّى يَسْتَيْقِظَ وَعَنِ الصَّبِىِّ حَتَّى يَعْقِلَ قَالَ بَلَى. قَالَ: فَمَا بَالُ هَذِهِ تُرْجَمُ قَالَ: لاَ شَىْءَ. قَالَ: فَأَرْسِلْهَا. قَالَ: فَأَرْسَلَهَا. قَالَ: فَجَعَلَ يُكَبِّرُ؛
Ибни Аббос мегӯяд: Зани девонаеро ба назди Умар ибни Хаттоб оварданд, ки зино карда буд. Халифаи дуввум баъд аз машварат бо саҳоба амр намуд то он занро сангсор кунанд. Пас Алӣ ибни Абутолиб аз назди онҳо (ки он занро барои сангсор омода карда буданд) убур кард ва фармуд: Ин зан чӣ кор кардааст? Гуфтанд: Зани девонае аст аз фалон қабила, зино карда ва Умар ибни Хаттоб амр намуд то сангсор шавад. Амиралмуъминин фармуд: ӯро баргардонед, сипас ба назди Умар ибни Хаттоб омад ва гуфт: Магар намедонӣ, ки таклиф аз се гурӯҳ бардошта шудааст, аз девона то замоне, ки хуб шавад, аз шахси хоб то ин ки бедор шавад ва аз бачча то вақте ки ба балоғат бирасад?! Умар ибни Хаттоб гуфт: Оре, медонам. Алӣ фармуд: Пас чаро ин зан бояд сангсор шавад? Халифа натавонист чизе бигӯяд. Пас Умар ибни Хаттоб он занро бо амри Алӣ озод намуд. Сипас (аз рӯи тааҷҷуб) ба такбир гуфтан шурӯъ кард. Сунани Абудовуд, ҷ. 2, саҳ.545, р. 4399 ва 4400 ва 4402. Мусаннаф Абдураззоқ, ҷ. 7, саҳ.80. Муснади Аҳмад, ҷ. 1, саҳ.140, р. 1127, 1183, 1360 ва 1362. Саҳеҳи Ибни Хузайма, ҷ. 4, саҳ.348. Саҳеҳи Ибни Ҳиббон, ҷ. 1, саҳ.282 ва 356. Мустадраки Ҳоким, ҷ. 1, саҳ.389, р. 949 ва 2351 ва ҷ. 4, саҳ.429, р. 8168 ва 8169 ва дигарон. Ирво-ул-ғалили Албонӣ, ҷ. 2, саҳ.5.
Ҳоким ва Заҳабӣ се санади ин хабарро ба шарти Бухорӣ ва Муслим, ба шарти Муслим ва бидуни шарт саҳеҳ донистаанд. Албонӣ ду санади онро дар ҳошияи "Сунани Абудовуд" ва як санадро дар "Ирво-ул-ғалил" ва Шуайб Арнаут дар чаҳор маврид дар ҳошияи "Муснади Аҳмад" санади ин достон ва хабарро саҳеҳ донистаанд.
Ин ҳадис ва сухани Амиралмуъмининро Бухорӣ дар таълиқоти саҳеҳаш Саҳеҳи Бухорӣ, китоби Талоқ: боби талоқ фил иғлоқи вал курҳ ва китоби Ҳудуд: боби ло юрҷамул маҷнун вал маҷнуна, ҷ. 6, саҳ.2498. ворид карда, вале достонро ҳазф кардааст.
ان عمر اتى بامرأة قد ولدت لستة اشهر فهم برجمها فبلغ ذلك عليا فقال: ليس عليها رجم فبلغ ذلك عمر فأرسل إليه فسأله فقال (والوالدات يرضعن اولادهن حولين كاملين لمن اراد أن يتم الرضاعة) وقال (وحمله وفصاله ثلاثون شهرا) فستة اشهر حمله حولين تمام لا حد عليها أو قال لا رجم عليها قال فخلى عنها.
Абуласвад мегӯяд: Занеро, ки дар шаш моҳ бордор шуда ва бачча ба дунё оварда буд ба назди Умар ибни Хаттоб оварданд, пас халифа хост ӯро сангсор кунад. Хабар ба Алӣ расид фармуд: Ҳукми ӯ сангсор нест. Ин сухан ба халифаи дуввум расид ва далели онро пурсид, Алӣ фармуд: Қуръон мефармояд: "Модарон кӯдакони худро ду соли комил шир медиҳанд" ва дар ояти дигар фармуд: "Замони ҳомилагӣ ва ширхорагӣ сӣ моҳ аст". Пас шаш моҳ замони ҳомилагӣ ва ду сол замони ширхорагӣ, ҳадде барои ин зан нахоҳад буд. Пас Умар ибни Хаттоб он занро озод намуд. Мусаннаф Абдураззоқ ҷ. 7, саҳ.352, р. 13443 ва 13444. Сунан-ул-куброи Байҳақӣ, ҷ. 7, саҳ.442, бо ду санад. Канз-ул-уммол, аз Муснади Аҳмад ҷ. 1, саҳ.154.
Ин хабар бо чаҳор санад аз Абуласвад, Абӯҳарб ва Қутода нақл шудааст. Санади Абдураззоқ аз Қутода саҳеҳ ва ровиёнаш ровиёни сиҳоҳи шашгона ҳастанд, санади дуввуми ӯ низ аз Абуласвад ҳамаи ровиёнаш сиқа аз ровиёни сиҳоҳи шашгона ҳастанд ба ғайр аз Усмон ибни Матар ва ӯ заиф аст ва Байҳақӣ низ бо ду санади мурсал аз Абӯҳарб ин достонро ривоят кардааст.
Ҳамчунин ин достон аз Ҳасани Басрӣ низ бо санади саҳеҳ ривоят шуда, ки тамоми ровиёни он ровиёни сиҳоҳи шашгона ҳастанд ҷуз Муҳаммад ибни Зиёд, ки ӯ низ аз ровиёни Саҳеҳи Бухорӣ ва садуқ аст. Таъвили мухталифул ҳадис, саҳ.152. Сунанул куброи Байҳақӣ, ҷ. 7, саҳ.442.
وعن زيد بن على عن أبيه عن جده قال: أتى عمر بامرأة حامل قد اعترفت بالفجور فأمر برجمها فتلقاها على فقال: ما بال هذه قالوا: امر عمر برجمها فردها على وقال: هذه سلطانك عليها فما سلطانك على ما في بطنها ولعلك انتهرتها أو أخفتها قال: قد كان ذلك قال: أو ما سمعت رسول الله صلى الله عليه و آله قال: لاحد على معترف بعد بلاء انه من قيد أو حبس أو تهدد فلا إقرار له فخلى سبيلها.
Зани ҳомилаеро ба назди Умар ибни Хаттоб оварданд (ки аз зино бордор шуда буд). Халифаи дуввум ҳақиқати ин амалро аз он зан пурсид ва он зан низ эътироф ба зино кард. Халифа дастур дод, ки ӯро сангсор кунанд. Алӣ онҳоро дид ва пурсид, ки ба ин зан чӣ шудааст? Гуфтанд: Умар амр карда то сангсор шавад. Алӣ вайро баргардонид ва ба халифа гуфт: Ин далел ва ҳуҷҷати туст барои сангсор кардани ин зан, вале чӣ ҳаққе дорӣ бар он чи дар шикам дорад? Боз Алӣ ба халифаи дуввум гуфт: Шояд ту дар ҳоли пурсидан бар сари ӯ дод задӣ ва ё ӯро тарсондӣ? Халифа гуфт: Оре, ин корро кардам. Алӣ фармуд: Магар аз Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) нашунидӣ, ки фармуд: Ҳадде нест бар касе, ки баъд аз азоб шудан ё зиндонӣ шудан ва ё таҳдид эътироф ба гуноҳ карда бошад, пас халифаи дуввум он занро озод набуд. Таъвили ғарибул ҳадиси Ибни Қутайба, саҳ.152. Риёзун назраи Табарӣ ҷ. 1, саҳ.266. Захоирул уқбо, саҳ. 80. Янобиъул мавадда" ҷ. 1. саҳ.221. ҷ. 3. саҳ. 147. Маноқиби Хоразмӣ саҳ. 81, р. 65.
Ин достонро Табарӣ аз Зайди шаҳид ва ӯ аз падараш Имом Саҷҷод аз Имом Ҳусайн нақл кардааст. Табарӣ дар идома як достони дигаре ба монанди достони пешин аз Абдуллоҳ ибни Ҳасан низ нақл карда ва гуфтааст: Ин достон ғайр аз достони қаблӣ аст. Чунонки мулоҳиза мекунед санади аввали Табарӣ комилан саҳеҳ аст.
Ибни Абдулбар мегӯяд:
سعيد بن المسيب قال: كان عمر يتعوذ بالله من معضلة ليس لها أبو الحسن. وقال في المجنونة التي أمر برجمها وفي التي وضعت لستة أشهر، فأراد عمر رجمها فقال له علي: إن الله تعالى يقول: وحمله وفصاله ثلاثون شهراً. "الأحقاف 15. الحديث. وقال له: إن الله رفع القلم عن المجنون. الحديث، فكان عمر يقول: لولا علي لهلك عمر. وقد روي مثل هذه القصة لعثمان مع ابن عباس وعن علي أخذها ابن عباس والله أعلم.
Саид ибни Мусайяб гуфт: Умар аз мушкилоте, ки бар ӯ пеш ояд ва барои ҳалли он Алӣ набошад, ба Худо паноҳ мебурд. Дар бораи зани девонае, ки халифа ба сангсори вай амр намуд ва ҳамчунин дар бораи зане, ки дар шаш моҳ бачча ба дунё оварда буд ва Умар хост онҳоро сангсор кунад ва Алӣ ба ӯ гуфт: Худованд мефармояд: "Замони ҳомилагӣ ва ширхорагии кӯдак сӣ моҳ аст" (Аҳқоф 15). Ҳамоно Худованд таклифро аз девона бардошта аст. Пас Умар ибни Хаттоб баъд аз ин достонҳо ҳамеша мегуфт: Агар Алӣ набуд қатъан Умар ҳалок шуда буд. Ибни Убдулбар мегӯяд: Ҳамоно монанди ин достон бораи Усмон бо Ибни Аббос низ иттифоқ афтодааст ва Ибни Аббос ин равишро аз Алӣ таълим гирифтааст. Санади ин хабар саҳеҳ аст. ал-Истиоби Ибни Абдулбар, ҷ. 3, саҳ.39.
قال عمر: لو لا عليٌّ لهلك عمر.
Умар ибни Хаттоб гуфт: "Агар Алӣ набуд Умар ҳатман ҳалок шуда буд". Таъвили мухталифул ҳадиси Ибни Қутайба, ҷ.1, саҳ.162. Файзул қадир, ҷ.4, саҳ.470
كان عُمَر يتعوَّذ بالله من معضلة ليس لها أبو الحسن.
"Умар ибни Хаттоб ҳамеша ба Худо паноҳ мебурд аз мушкилоте, ки бар сариӯ биёяд ва Алӣ (барои ҳал ва бартараф кардани он) ҳузур надошта бошад" Табақоти Ибни Саъд ҷ. 2, саҳ.339. Фазоилус саҳобаи Аҳмад, ҷ. 2, саҳ.647, р. 1100. Усудул ғоба, ҷ. 4, саҳ.22. Таърихул исломи Заҳабӣ, ҷ. 3, саҳ.539. Таҳзибут таҳзиб, ҷ. 1, саҳ.337. Фатҳул борӣ, ҷ. 13, саҳ.286. Исобаи Ибни Ҳаҷар, ҷ. 4, саҳ.568.
Ин хабар аз Саид ибни Мусайяб нақл шуда ва тамоми ровиёни он аз ровиёни Саҳеҳи Бухорӣ ва Муслим ҳастанд ба ғайр аз Муаммал ибни Исмоил ва ӯ аз ровиёни Саҳеҳи Бухорӣ ва садуқ аст.
كان عُمَر إبن خطّاب يقول لعليٍّ:لا أبقاني اللهُ (لمعضلة) بعدك يا عليُّ (ليس لها ابو الحسن).
Саид ибни Мусайяб ва Яҳё ибни Ақил ва Саммок ибни Ҳарб мегӯянд: "Пайваста Умар ибни Хаттоб ба Алӣ мегуфт Худованд баъд аз ту маро зинда нигаҳ надорад. Ин суханро замоне мегуфт, ки аз Амиралмуъминин чизеро, ки намедонист мепурсид ва он ҳазрат мушкилоташро бартараф менамуд". Ансобул ашрофи Билозарӣ, ҷ. 1, саҳ.279, аз Саид. Мақталу Алӣ-и Ибни Абӯдунё, саҳ.34, р. 108, аз Саммок. Фатҳул бории Ибни Ҳаҷар ҷ. 13. саҳ. 286. Захоиул-уқбои Табарӣ, саҳ.82 аз Яҳё.
Билозарӣ ин хабарро аз Саид ибни Мусайяб ва Яҳё ибни Саид нақл карда ва тамоми ровиёни санади Саид аз ровиёни сиҳоҳ ҳастанд ҷуз Исҳоқ ибни Ҳусайн, ки мо ӯро нашинохтем, вале санади Яҳё ибни Саид назди Билозарӣ тамоми ровиёнаш аз ровиёни сиҳоҳи шашгона ҳастанд. Ва ровиёни санади Ибни Абӯдунё низ ҳамагӣ сиқа ва садуқ ҳастанд, гарчи Саммок замони Умарро дарк накардааст.
عن ابن عباس قال: وردت على عمر بن الخطاب واردة قام منها وقعد وتغير وتربد وجمع لها أصحاب النبي صلى الله عليه وآله فعرضها عليهم، وقال: أشيروا علي فقالوا جميعا: يا أمير المؤمنين أنت المفزع وأنت المنزع فغضب عمر وقال: اتقوا الله وقولوا قولا سديدا يصلح لكم أعمالكم فقالوا: يا أمير المؤمنين ما عندنا مما تسأل عنه شئ فقال: أما والله إني لاعرف أبا بجدتها وابن بجدتها وأين مفزعها وأين منزعها فقالوا: كأنك تعني ابن أبي طالب فقال عمر: لله هو وهل طفحت حرة بمثله وأبرعته انهضوا بنا إليه فقالوا: يا أمير المؤمنين أتصير إليه يأتيك فقال: هيهات هناك شجنة من بني هاشم وشجنة من الرسول وأثرة من علم يؤتى لها ولا يأتي في بيته يؤتي الحكم فاعطفوا نحوه فألفوه في حائط له وهو يقرأ: (أيحسب الانسان أن يترك سدى) ويرددها ويبكى فقال عمر لشريح: حدث أبا حسن بالذي حدثتنا به فقال شريح: كنت في مجلس الحكم فأتى هذا الرجل فذكر أن رجلا أودعه امرأتين حرة مهيرة وأم ولد فقال له: أنفق عليهما حق أقدم فلما كان في هذه الليلة وضعتا جميعا إحداهما ابنا والاخري بنتا وكلتاهما تدعى الابن وتنتفي من البنت من أجل الميراث فقال له: بم قضيت بينهما؟ فقال شريح: لو كان عندي ما أقضى به بينهما لم آتكم بهما فأخذ علي تبنة من الارض فرفعها فقال: إن القضاء في هذا أيسر من هذه ثم دعا بقدح فقال لاحدى المرأتين احلبي فحلبت فوزنه ثم قال للاخرى احلبي فحلبت فوزنه فوجده على النصف من لبن الاولى فقال لها: خذي أنت ابنتك وقال للاخرى: خذي أنت ابنك ثم قال لشريح: أما علمت أن لبن الجارية على النصف من لبن الغلام وأن ميراثها نصف ميراثه وأن عقلها نصف عقله وأن شهادتها نصف شهادته وإن ديتها نصف ديته وهي على النصف في كل شئ فأعجب به عمر إعجابا شديدا ثم قال: أبا حسن لا أبقاني الله لشدة لست لها ولا في بلد لست فيه.
Ибни Аббос мегӯяд: Боре ба ҳузури Умар ибни Хаттоб дохил шудам, ки (бо парешонӣ) бармехост ва менишаст, дар ҳоле ки ранги сураташ тағир карда буд. Асҳоби Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) -ро барои ҳалли он мушкил ҷамъ кард ва мушкил ва мавзӯъро бар онҳо арза намуд ва роҳи ҳал хост. Ҳамаи онҳо гуфтанд: Эй амири муъминон, ту паноҳгоҳ ва мушкилкушо ҳастӣ. Умар ғазаб намуд ва гуфт: Аз Худо битарсед ва сухани ҳақ бигӯед, то Худо корҳои шуморо ислоҳ кунад. Гуфтанд: Эй амири муъминон, назди мо чизе аз ҷавобу илми ин масъала нест. Умар ибни Хаттоб гуфт: Ба Худо қасам ман медонам, ки илми ин масъала назди кист ва паноҳгоҳ куҷост. Саҳоба гуфтанд: Гӯё мақсадат Алӣ ибни Абутолиб аст. Гуфт: Ба Худо қасамҳар ташнаи илм аз илми ӯ сероб хоҳад шуд, бархезед ҳамроҳи мо ба назди ӯ меравем. Асҳоб гуфтанд: Эй амири муъминон, ба назди ӯ хоҳӣ рафт, худи ӯ хоҳад омад. Умар ибни Хаттоб гуфт: Ҳаргиз, онҷо қаробате аз Банӣ Ҳошим ва Паёмбар ва боқимондаи илм аст, ки барои касб ва ба даст овардани он ба сӯяш мераванд ва ӯ намеояд, дар хонааш ҳукм содир мекунад, пас ба тарафи ӯ равона шуданд ва ӯро дар макони махсусаш ёфтанд дар ҳоле ки ин оятро “Оё инсон гумон мекунад бе ҳадафу мақсад раҳо мешавад?!” мехонд ва онро такрор мекард ва гиря менамуд, Умар ба Шурайҳи қозӣ гуфт: Чизеро, ки ба мо гуфтӣ ба Алӣ бозгӯ намо. Шурайҳ гуфт: Дар ҷойгоҳи қазоват будам ва ин мард омад ва гуфт, ки марде ду занро назди ман овард, ки яке озода ва дигарӣ модари фарзанд (каниз) ва гуфт: Ба ин ду инфоқ кун то ман баргардам. Ин шаб ҳар дуи ин зан фарзанд ба дунё оварданд, яке писар ва дигарӣ духтар ва ҳар ду иддао дорад писар фарзанди ӯст ва духтарро ба хотири ирс инкор мекунанд. Алӣ ба вай гуфт: Дар ин масъала ту чӣ ҳукме кардӣ? Шурайҳ гуфт: Агар назди ман илми ин масъала буд, ман ба назди шумо ин дуро намеовардам. Пас Алӣ як пари коҳеро аз замин бардошт ва фармуд: қазоват дар ин масъала осонтар аз бардоштани ин коҳ аст, сипас зарфе таладиб ва ба ҳар кадом аз он занон ҷудогона зарфро дод ва фармуд, ки шири худро бар он биҷӯшад ва ҳар дуро вазн кард ва вазни шири дуввумӣ ба миқдори нисфи вазни шири аввалӣ буд, пас ба дуввумӣ гуфт: Ту духтаратро бигир ва ба аввалӣ гуфт: Ту писаратро бигир, сипас ба Шурайҳ фармуд: Магар намедонӣ, ки шири духтар ба миқдори нисфи шири писар аст ва ҳамоно мероси духтар низ ба андозаи нисфи мероси писар аст ва дияи духтар низ нисфи дияи писар аст ва дар ҳар чизе духтар ба андозаи нисфи писар саҳм дорад. Умар аз ин қазоват ба шиддат тааҷҷуб кард ва гуфт: Эй Алӣ, Худо маро боқӣ нагузорад ва бар сари ман сахтиеро наёварад, ки барои ҳалли он, ту набошӣ ва дар шаҳре ҳам маро боқӣ нагузорад, ки дар он шаҳр ту набошӣ. Канзул уммол, ҷ.5, саҳ.830, р 14508. Шарҳи Наҳҷулбалоғаи Ибни Абӯлҳадид, ҷ.12, саҳ.79.
Аз сухани Муттақии Ҳиндӣ истифода мешавад, ки санади ин хабар комилан саҳеҳ аст, чун ӯ мегӯяд: Ин ҳадисро Абутолиб Алӣ ибни Аҳмади Котиб дар ҷузъе аз ҳадисаш ривоят карда ва дар санади он Яҳё ибни Абдулҳамид аст, ки дар китоби “Муғнӣ” гуфтааст: Ибни Маин ва ғайраш ӯро сиқа донистаанд, Дорақутнӣ ӯро заиф дониста ва Ибни Нумайр каззоб дониста ва Ибни Ҳиббон мегуфт: ӯ ошкоро дурӯғ мегуфт ва аҳодисро медуздид ва Ибни Адӣ гуфтааст: Умедворам, ки ӯ сиқа аст.
Ҷавоб: аввалан, Яҳё ибни Абдулҳамид аз ровиёни Саҳеҳи Муслим аст; сониян, аз Яҳё ибни Маин ба тавотур расида, ки ӯро бо таъкид сиқа медониста ва ҳатто бар сиқа будани вай қасами ҷалола ёд кардааст. Ҳамчунин Ибни Нумайр, Муҳаммад ибни Иброҳим, Албонӣ Аҳодиси саҳеҳаи Албонӣ, ҷ.3, саҳ.247, р 1173 ва... ӯро сиқа донистаанд ва Заҳабӣ аз Яҳё ибни Маин, Ибни Нумайр, Аҳмад ибни Мансур ва худи Яҳё ибни Абдулҳамид нақл карда, ки гуфтаанд: Ҳар кӣ дар бораи Яҳё ибни Абдулҳамид сухан мегуфта аз рӯи ҳасад будааст. Сияру аъломун нубало, ҷ.10, саҳ.527, р. 170.
Бинобар ин, санади ин ҳадис бешак саҳеҳ аст.
عن سعيد بن جبير قال: أتي عمر بن الخطاب بامرأة قد ولدت ولدا له خلقتان بدنان وبطنان وأربعة أيد ورأسان وفرجان هذا في النصف الاعلى وأما في الاسفل فله فخذان وساقان ورجلان مثل سائر الناس فطلبت المرأة ميراثها من زوجها وهو أبو ذلك الخلق العجيب فدعا عمر بأصحاب رسول الله صلى الله عليه وسلم فشاورهم فلم يجيبوا فيه بشئ فدعا علي بن أبي طالب فقال علي: إن هذا أمر يكون له نبأ فاحبسها واحبس ولدها واقبض ما لهم وأقم لهم من يخدمهم وأنفق عليهم بالمعروف ففعل عمر ذلك ثم ماتت المرأة وشب الخلق وطلب الميراث فحكم له علي بأن يقام له خادم خصي يخدم فرجيه ويتولى منه ما يتولى الامهات ما لا يحل لاحد سوى الخادم ثم إن أحد البدنين طلب النكاح فبعث عمر إلى علي فقال له: يا أبا الحسن ما تجد في أمر هذين؟ إن اشتهى أحدهما شهوة خالفه الآخر وإن طلب الآخر حاجة طلب الذي يليه ضدها حتى إنه في ساعتنا هذه طلب أحدهما الجماع فقال علي: الله أكبر إن الله أحلم وأكرم من أن يرى عبدا أخاه وهو يجامع أهله ولكن عللوه ثلاثا فان الله سيقضي قضاء فيه ما طلب هذا إلا عند الموت فعاش بعدها ثلاثة أيام ومات فجمع عمر أصحاب رسول الله صلى الله عليه وسلم فشاورهم فيه قال بعضهم: اقطعه حتى يبين الحى من الميت وتكفنه وتدفنه فقال عمر: إن هذا الذي أشرتم لعجب أن نقتل حيا لحال ميت وضج الجسد الحي فقال: الله حسبكم تقتلوني وأنا أشهد أن لا إله إلا الله وأن محمدا رسول الله صلى الله عليه وسلم وأقرأ القرآن فبعث إلى علي فقال: يا أبا الحسن أحكم فيما بين هذين الخلقين، فقال علي: الامر فيه أوضح من ذلك وأسهل وأيسر الحكم أن تغسلوه وتكفنوه مع ابن أمه يحمله الخادم إذا مشى فيعاون عليه أخاه فإذا كان بعد ثلاث جف فاقطعوه جافا ويكون موضعه حي لا يألم فاني أعلم أن الله لا يبقى الحي بعده أكثر من ثلاث يتأذى برائحة نتنه وجيفته ففعلوا ذلك فعاش الآخر ثلاثة أيام ومات فقال عمر رضي الله عنه: يا أبن أبي طالب فما زلت كاشف كل شبهة وموضح كل حكم.
Саид ибни Ҷубайр мегӯяд: Ба назди Умар ибни Хаттоб занеро оварданд, ки фарзанде ба дунё оварда буд, ки ду бадан, ду шикам, чаҳор даст ва ду сар ва ду фарҷ дошт ва ин дар нисфи болояш буд ва дар нисфи поёнаш ду рон, ду соқ, ду по монанди дигар мардум. Ин зан аз ҳамсараш меросашро талаб карда ва ин мард падари ин хилқати аҷиб аст. Умар ибни Хаттоб асҳоби Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) -ро фаро хонд ва бо онҳо машварат кард, вале онҳо дар бораи ин масъала роҳи ҳалле надоданд, пас Алӣ ибни Абутолибро фаро хонд ва Алӣ гуфт: Ин амрест, ки хабаре хоҳад дошт, пас ин зан ва фарзандашро нигаҳ дор ва дороияшонро бигир ва касеро бигумор то барояшон хизмат кунад ва ба некӯӣ онҳоро парасторӣ бикун. Умар ибни Хаттоб ҳамин корро кард то ин ки он зан аз дунё рафт. Он фарзанд талаби мерос кард, пас Алӣ ҳукм намуд ба ин ки барои вай хизматгузори махсус гузошта шавад, сипас яке аз баданҳо хост издивоҷ кунад, пас Умар ба назди Алӣ касеро фиристод ва гуфт: Эй Алӣ, дар бораи кори ин ду чӣ мекунӣ? Агар яке шавҳар бихоҳад, дигарӣ мухолифат мекунад, агар дигарӣ чизеро бихоҳад, аввалӣ зидди онро мехоҳад то ин ки ҳам акнун яке аз онҳо хоста ҷимоъ кунад. Алӣ гуфт: Аллоҳу Акбар, ҳамоно Худованд бурдбортар ва каримтар аз ин аст, ки бубинад бандаеро, ки бародарашро дар ҳоли ҷимоъ бубинад ва ба он нигоҳ кунад, вале вайро се рӯз илоҷе бикунед, ҳамоно Худованд ба зудӣ ба доди ӯ хоҳад расид ва ин чунин чизеро намехоҳад, магар дар наздикии марг. Пас вай баъд аз он се рӯз зиндагӣ кард ва аз дунё рафт. Пас Умар ибни Хаттоб асҳоби Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) -ро фаро хонд ва бо онҳо дар бораи вай машварат намуд, баъзе аз саҳоба гуфтанд: Мурдаро бибур то зинда аз мурда фарқ гузошта шавад ва онро кафан ва дафнаш мекунӣ. Умар гуфт: Ин роҳи ҳалле, ки пешниҳод кардед аҷиб аст, ки зиндаро ба хотири мурда бикушем. Ҷасади зинда бо шунидани ин сухан фарёд кашид ва гуфт: Худо ба ҳисоби шумо хоҳад расид, маро хоҳед кушт ва ҳол он ки ман шаҳодат ба ваҳдонияти Худованд ва ба паёмбарии Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) медиҳам ва Қуръон мехонам, пас ба суроғи Алӣ пайк фиристод ва гуфт: Эй Алӣ, байни ин ду махлуқ ҳукм бикун. Алӣ гуфт: Кор дар бораи вай ошкортар аз ин аст ва осонтар, беҳтарин ҳукм ин аст, ки мурдаро ғусл диҳед ва кафан кунед, хизматгузор вайро ҳамроҳ бо писари модараш ҳамл мекунад ва ҳар вақт роҳ рафт ба бародараш дар роҳ рафтан кумак мекунад, пас баъд аз се рӯз хушк хоҳад шуд он вақт бадани хушкшударо хоҳед бурид ва он дард нахоҳад дошт ва ман медонам, ки Худованд зиндаро баъд аз вай беш аз се рӯз боқӣ нахоҳад гузошт, ки бо бӯи бади мурда озор бинад, пас ин корро карданд ва дуввумӣ низ се рӯз зиндагӣ кард ва аз дунё рафт, пас Умар ибни Хаттоб гуфт: Эй писари Абутолиб, пайваста ва ҳамеша ту бартарафкунандаи ҳар шубҳа ва равшанкунандаи ҳар ҳукм будӣ. Канзул уммол, ҷ. 5, саҳ.833, р. 14509.
Муттақии Ҳиндӣ баъд аз нақли ин хабар аз китоби қаблӣ мегӯяд: Ровиёни ин санад ҳамагӣ сиқа ҳастанд, ҷуз ин ки Саид ибни Ҷубайр Умарро дарк накардааст.
Албатта аз ин гуна ҳукмҳои аҷибе, ки касе аз онҳо огоҳӣ надошта аз Амиралмуъминин Алӣ АЛАЙҲИССАЛОМ фаровон дида шудааст. Пас ҲАЗРАТИ Алӣ чунон, ки дар майдони ҷангҳо фарёдсари муслимин буд, дар майдони илму амал ва аҳкоми исломӣ низ бидуни ҳузуру додрасии ОН ҲАЗРАТ касе набуд, ки мушкилотро бартараф кунад.
Ибни Касир мегӯяд:
كان عمر يقول: اعوذ بالله من معضلة ولا ابوالحسن لها.
Ҳамеша Умар ибни Хаттоб мегуфт: Паноҳ мебарам ба Худо ва сахтиҳою гирифториҳое, ки Алӣ барои ҳаллу бартараф кардани он ҳузур надошта бошад. Таърихи Ибни Касир, ҷ. 7, саҳ. 397.
Албатта диққат дошта бошем, ки ин гуна достонҳо ва додрасиҳо нисбат ба ҷаноби Абӯбакр ва Усмон низ аз тарафи Амиралмуъминин АЛАЙҲИССАЛОМ иттифоқ афтодаАСТ.
Ибни Қайюм шогирди Ибни Таймия, дар истидрокҳои Амиралмуъминин АлАЙҲИССАЛОМ бар Умар ибни Хаттоб менависад:
ومن ذلك أن عمر بن الخطاب سأل رجلا كيف أنت فقال ممن يحب الفتنة ويكره الحق ويشهد على ما لم يره فأمر به إلى السجن فأمر علي برده وقال صدق قال كيف صدقته قال يحب المال والولد وقد قال تعالى إنما أموالكم وأولادكم فتنة ويكره الموت وهو حق ويشهد أن محمدا رسول الله ولم يره فأمر عمر رضي الله عنه بإطلاقه وقال الله أعلم حيث يجعل رسالاته
Аз ҷумла ин ки Умар ибни Хаттоб мардеро пурсид, ки чӣ ҳол дорӣ? Он мард гуфт: Аз касоне ҳастам, ки фитнаро дӯст дорам, аз ҳақ кароҳат дорам ва бар чизе шаҳодат медиҳам, ки онро надидаам. Халифа амр кард то ӯро зиндонӣ карданд. Вақте Алӣ огоҳ шуд амр кард, ки вайро аз зиндон озод кунанд ва гуфт: Он мард рост гуфта моли дунёро дӯст дорад ва Худованд мефармояд: "Молу фарзандонатон фитна ҳастанд", аз марг кароҳат дорад ва он ҳақ аст ва шаҳодат медиҳад, ки Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) фиристодаи Худост дар ҳоле ки он ҳазратро надидааст. Пас Умар амр кард то он мардро озод кард ва гуфт: Худо худ беҳтар медонад, ки рисолаташро дар куҷо қарор диҳад. ат-Туруқул ҳукмияи Ибни Қайюм, саҳ. 68.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев