Савол:
асалому алайкум бобои эшони махмудчон ман суоле дорам намози тахаччуб чихел намозаст ва дар кадом вакт хонда мешавад ва чанд ракати хонда мешавад ва чи фоида дорад ва нияташ чихел мебошад? илтимос чавоб бигуед.
Саволкунанда: нуриддин
Ҷавоб:
Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ. Намози таҳаҷҷуд намози нофила аст, ки дар шаб хонда мешавад. Намози таҳаҷҷуд дар мазҳаби мо 12 ракаат хонда мешавад. Беҳтарин вақт барои хондани намози таҳаҷҷуд дили шаб мебошад. Нияти намози таҳаҷҷуд нияти намози нафл мекунед. Ё ҳамин, ки аз хоб хеста дар ними шаб ба қасди таҳаҷҷуд таҳорат кардед, худаш нияти намоз аст. Паёмбари Худо (алайҳиссалом) дар шабҳо намози таҳаҷҷуд мехонданд. Дар ҳадис омадааст, ки Худованд дар сеяки шаб ба осмони дунё нузул карда (дарҳои раҳматша боз мекунад) нидо мекунад, ки кист, ки дар ин ними шаб дуо кунад, то Ман дуои вайро иҷобат кунам ва кист, ки талаби истиғфор кунад ва Ман уро мағфират кунам...
Ҷавобдиҳанда: Эшони Маҳмудҷон
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев