Хама хешу таборон ва ёру дустону хамсоягон бо навбат назди бемор медаромаданд. Инак хафтаи дуввум буд ки бобои Сухробро аз тарафи рости танашон фишори баланд зада буд. Уро духтурон дорухои кимматбахо мекарданду як духтур хамаруза массажаш мекард ва каме холашон хуб шуда буд. Инак хамсолонаш пас аз адои намози пешин наздаш даромаданд:
- Сухроб-ако! Яку якбора шухи кадед ки мора тарсондед дияааа! Хафтаи гузашта оем мора нашнохтед бо мо гап назадед! Ана мо хамаги баъди пешин гуфтем даромада хабартон гирем. – сар кард бобои Адхам.
- Пири даа чурахо! Хело холам хуб шудаст аз он рузхои аввал. Як чи каме азобам медихад-уна худатон медонед ку. Аммо ман аз имруз бас кардам дигар на арак на пиваву дигарша намехурам. Хамин сигорашам бас кунам- «одам» мешавам. Худованд каме шифо дихад ана мебинед ки «поям аз масчид канда намешавад»! – чавоб дод Сухроб ако.
Хама чурахо хурсанд шуданд аз ин гуфтахои бемор. Охир умри у ба 67 расидаасту хамаруза араку вино мехурду масто маст гохе дар кучахо афтону хезон, гохо даст ба гиребони дустони шаробнушаш мегашт. Аз паи хамин аракхуриаш дах сол пеш аз директории мактаб пешаш карда буданд, аз паи хамин аракхуриаш дар деха аз обу руе ки дошт нишонае намонд, аз паи хамин аракхуриаш хатто шогирдонаш вакте уро медиданд аз у мегурехтанд то ру ба ру нашаванд чун у пул мепурсид.
Он шаробнушони рафикаш харчанд чавон хам бошанд уро истифода мебурданд- чун писари бобои Сухроб як хонаашро фурухта буду пулдор буд. Хар руз онхо уро омада аз хонааш ба шаробхонахо мебурданд. Рузхое мешуд ки у дар кучахо хоб мекард, сару либосаш пур аз лою ахлот мешуд ва танаш буи fализе мекард ки хамагонро норохат мекард. Хангоме у хушёр мемонд ончуноне меларзид ки гуиё сахт хунук хурда бошад.
Писари Сухроб ако Сайфутддин ки болои болинаш буд аз ин ваъдаи падар хурсанд шуд. У ки худ мехост аз аракхури даст кашад гуиё хамин суханони падарро интизор буд. У низ ваъда дод ки бо падар якчо аз ин пас рохи тоъату ъибодатро пеша хоханд кард. У ки аввалин маротиба сабаби аракхуриаш хамин падараш шуда буд- хурсанд шуд ки хамин падараш боз сабаби аз он дур шуданаш хохад шуд.
Аммо афсусс!! Рузи аввале ки бобои Сухроб бо каляскаи маъюби ба куча баромад бо ёрии наберааш аввал суи масчид рафт. Харчанд чизе пеши рохи уро мегирифт –аммо у кувваеро дар худ чамъ карду ба масчид даромад. Уро хама хамдехагон гирд карданду муборакбодиаш мекарданд. Аммо у гуфт:
- Ман имруз тахорат накарда омадаам. Мехохам китоби тахорату намозхони харам ва омухта сипас хуб намозхон шавам. Охир хамин тавр рост исти надониста Худо кабул намекардагист?
Домлои масчид аз хучраи худ ба у китоби тахорату намозомузи оварда дод. Бобои Сухроб боз хам бо ёрии наберааш ба суи хонааш баргаш- аммо у гуиё ки шитоб дошт. Дар хангоми рох баногох чашми у ба дустони «улфатиаш» Фарходу Бахром афтод. У мачбур хардуи онхоро хам ба хонааш бурд.
- Хайр доред ягон чи? Шумо ку «холи» намегардед!? Манда мумкин не мегуянду –аммо 50 грам нушам зарар надоштагист?- гуфт Сухроб ако.
Харчанд ин «дустон» бо худ арак надошта бошанд хам маълум шуд ки якеашон барои харидани он ба бозорча рафтааст. Ба у занг заданду хохиш карданд то ба хонаи Сухроб ако ояд. Хамин тавр аввал аз 50 грамм сар шуду сипас бобои Сухроб пул дод ки боз рафта 1-2 шишаи дигар хам биёранд. То писари Сухроб ака Сайфутдин аз кор омаду хабардор шуд падараш маст буду хушу ёд надошт.
Рузи дигар Сайфутдин ба падар мурочиат кард:
- Падарчон! Охир ваъдаатон чи шуд? Гуфта будед бас кардаму намоза сар мекунам. Ё дуруf гуфтед то Худованд шифоятон дихад? Биёед монед ин корхоятонро! Камтар аз Худованд шарм доред- аз одамон ки шарм намедоред!
Он руз Сайфутдин дар хона монд ва нагузошт падараш ба куча барояд. Нисфирузи «дустони улфати» гуиё ба беморбини омада бошанд аз дар даромаданд. Бобои Сухроб онхоро диду хурсанд шуд- аммо Сайфутдин аз хона хучрааш баромаду ба онхо даст ба гиребон шуд. Якеро ба дахонаш фароварду дигариро ба даруни чуйбор бардошта зад.
- Э баччам! Ту чи кор мекуни? Ино дустони мананд- мани падарат. Ту маро шарманда мекуни? Мон дароянд хона. Ту мехохи намехохи кам кам арак мехурам- бе ин наметавонам. Хамин ман камтар арак хураму хеч кира «хафа» накунам хуб аст ё бе арак асаби шаваму хамаро дашному хакоратхои кабех кунам хуб аст? Мон хамин ман «харом» мурам фахмиди? Мурдама чаноза накарда рост ба кабристон бурда ба хок супор -фахмиди!?-бо овози ларзон гуфт Сухроб ако.
Сайфутдин мачбур шуд «дустони» падарро рахо кунад. Аммо у нагузошт то онхо ба хона дароянд. Ба писараш хам фармуд ки дигар бобояшро ба куча набарад -чун у метавонист бо фиреб ба шаробхона равад ва ё дустонашро дида нушида ояд. Аммо ин хама фоидае набахшид- чун бобои Сухроб ба доду фигон шуруъ кард. Овози у тамоми махалларо фаро гирифт. У писарашро дашномхо мекарду аз келину занаш хохиш мекард то уро ба каляскаи маъюьби нишонанду ба куча баранд. Рузи дигар духтури махалла ки худ «улфати» буд аз дар даромад.
- Сайфутдинчон! Ман падаратро 1-2 доруи оромкунанда менависам даррав рафта биёр то бо сузандору ба у гузаронем. Аммо агар аз ин пас ки ин тавр кардан гирад хубаш 50-100 грамми хамаруза барояш рези! Охир ин кадар солхо ки у менушид таъсираш даррав нест намешавад! Барои ин вакт даркор!
Аз он руз ба бобои Сухроб кам кам араку коняк медодаги шуданд. Рузхое мешуд ки ин микдор ба у ками мекарду у хурок намехурд ва то ба у араки иловаги намедоданд даст ба хурока намезад. Боз хам келину занаш панохи ба у арак медоданд то бетокати накунад. Ин сабаб шуд ки фишори баланд дубора Сухроб акоро аз пой афтонд. Дигар ба у дорухо фоида надоштанд. Каме ба хушу ёд меомаду боз арак талаб мекард аммо дигар хурок намехурд.
Як руз дар набудани Сайфутдин занаш гуиё ки дилаш сухт ба холи хусураш ва ба у як кадах арак дод. Хамон замон сулфаи сахте дар бобои Сухроб пайдо шуд. У чунон сахт месулфид ки зану келинаш аз тарс ба духтури махалла занг заданду у зуд расида омад. Аммо дер шуда буд:
Аз сулфаи зиёд аз дахони Сухроб ако хун сар кард. У кайъ мекард- аммо на хуроки хурдаашро балки хуни чигарашро. Сузандору хам дигар ба у таъсир накард ва хамин тавр у вафот кард. Вафот кард аз «захре» ки имрузхо хазорон хонаводаро «хонавайрон»-у шармсор кардааст!
\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\/////////////////////////\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\
Ъибрат:
Ба дурусти ки дар миёни мусалмонон як «захр»-е аз чониби душманон пахн карда шудааст ки хонахо вайрон мекунад, нангу номусу гайратро аз байн мебарад, шармандаву шармсор мекунад- ва окибат охиста охиста сабаби маргу беэмон мурдан мешавад. Аммо афсус ки миллати мусалмон парвое аз он надорад. Парво надорад он су истад- худ ба он даст мезананд!
Мисоли одди: Гар беморие пайдо шавад ки мардумонро бикушад- оё хамагон бо он мубориза намебарем? Оё пешгирии пахншавии онро намекунем? Оё наздикони худро аз он дур намекунем?
Албатта мо мубориза мебарем, хамаги аз пахншавии он пешгири мекунем, наздикони худро эхтиёт мекунем. Аммо аз он беморихо 10-20 нафар ва мумкин 100 нафар мурдааст- аммо аз ин бемории «хамр» хамасола хазорхо точикистони мемирад, хонавайрон мешавад, бенангу номусу бегайрат ва хатто «дайюс» мешавад. Акнун он беморихо вазнин аст ё ин бемории «хамр»? Пас чаро мо зидди ин бемории асли мубориза намебарем- хатто ки бепарво баъзехоямон ба он руй меорем?
Замоне ки бародару хохар ва ё фарзандамон як ду маротиба аввал пиваву сони шампан хурд парво намекунем, сипас дар туе ва ё зодрузе каме арак хурд хатто пушти мегирем ва окибат дар калби онхо мехри араку каньяку вино чой мегираду онхо бемор мешаванд. Беморе ки акнун доруяш он «захр» ки номаш хамр аст мешавад. Замоне ки фарзанд як гунохи кучак кард парво надорем, дуюм гунох кард боз хам парво надорем ва окибат ба гуноххои калон даст мезанаду донем ки худамон гунахкорем!
!!\\ Аз Абу Хурайра (р.а) ривоят аст ки Паёмбари Худо (с.а.в.с) фармудаанд:
-« Бандае ки як гунох кард дар калбаш як нуктаи сиёхе пайдо хохад шуд. Ва чун тавба накарду дигару дигар гуноххо кард хамин нуктахои сиёх калби уро пур хоханд кард. Пас калбе ки сиёх шуд дар он пардае пайдо хохад шуд (ар-ран) ки ин парда дигар рохи Хакро ба суи ин «калб» мебандад. Ба чунин калб бадихову харромкардахо бе мамониат рох хоханд ёфт(аъмоли баду харром кардан осон хохад шуд) - аммо на аъмоли хайру тоъату ъибодат.
Аллох (ч.ч) дар Каломаш мефармояд:
-« Дилхои онхо занг задаст- аз он ъамале ки онхо доштанд» (сураи 83 ояи 14)
Пас аввалин сабаби ба гуноххо руй овардан нодида гирифтани гуноххои хурд аст. Зиёданд бандагоне ки худ ва ё фарзанд гунохи кучаке кард парвое надоранд. Шайтони Лаъин хеч гох бандаро ба гунохи калон намехонад- балки аввал он бандаро ба гуноххои кучак даъват хохад кард. Пас нафаре ки дар маъракаи аракхурон нишаст зуд шайтон намегуяд:
- «каме вино ё пиво хур»- балки мегуяд ту аз ёру дустон худро дур накаш. Рав бо онхо нишин арак нахури хам каме минералка хур.
Сипас замоне ки маърака «гарм» шуду мусикии «шайтони» ва аъмоли шайтони ки зам зама ва зиёд шуд Шайтони Лаъин гуяд:
-«Ана он винои киммати французи аст. Каме хур то пушаймон нашави. Камаш барои иштихову организм хуб аст»
Мисоли хамин албатта шайтони дар аввал лаъин кудакро ба дуздии ашёи ночиз ташфик мекунад- ва окибат у дузди калон мешавад.
\\\\ Паёмбари Худо (с.а.в.с) фармудаанд:
« Ахли Эмон аъмоли гунохро чун кухе мебинад ки болояшон хохад афтид хатто гунохи кучаке бошад - аммо мунофикону кофарон аъмоли гунохро чун пашшае донанд, ки гирди биниашон мепараду онро пеш мекунанд. Хатто ки он аъмол хамр бошад, хатто ки бехурматии волидайн бошад, хатто ки он аъмоли зинову катл бошад. Чун гунох кардан барои онхо чун зарраест»
Пас тибки ин хадис ахли эмон хатто гуноххои хурдро чун кух бузург медонистаанд ва аз он дури мечустаанд. Магар нафароне ки ба гуноххое хурд даст мезананд ва ё аз гунохи фарзандон бепарвостанд ба ин тоифаи ахли эмон дохиланд? Чун замоне ки фарзанд шабона ба хона наомад (хатто духтар) ки бепарво буд – волидайн, замоне фарзанд ишку ошики карду окибат шармандаашон кард ки парво надошт- волидайн, замоне ки фарзанд аввалин маротиба пивову арак хурд ки парво надошт- волидайн! Магар баъзеи волидайни имруз тибки ин хадис ба кадом тоифа дохиланд?
Чун ин киссае ки хакикат дорад худ мумкин зиёд дидаеду шунидаед ки он нафароне ки ишки «хамр»-ро мепараваранд каманд аз онхо нафароне ки тавонанд аз он сари вакт руй гардонанд. Хатто ки хабархо хаст ки он нафароне хам хастанд ки гуиё аз арак дур шудаанд ва ру ба тоъат овардаанд – аммо дар аввалин маърака онхоро маст мебини ва ё дар хонахои худ «захира» доранду пеш аз хоб 100-200 грамм менушанд. Чунки дар «рагу пайванд»и онхо ба чои хун дигар араку каньяку вино чарх мезанад ва онхо наметавонанд аз он руй гардонанд.
Пас чи бояд кард? :
Аз имрузу ин соат пеши рохи ба чунин харомкардахо даст задани фарзандонро гирифт! Чавонону калонсолоне ки бепарво ба чунин аъмол даст мезананд аз имруз тавба карда аз он руй гардонанд то дер нашвад- чун замоне ки ба пири расанд на куввае мекунанд ва на худ харакате доранд! Охир замоне ки чавон буданд «гардани шайтонро нашикастанд», харакат накарданд- магар замоне ки пири «пажмурда»-и бехол ки шуданд метавонанд кувват кунанду аз «хамр» руй гардонанд?
Ва аз хама асосаш: аз хама гуноххо чи гунохи сагира ва чи гунохи кабира дур бошанд. Охир тибки хадиси муборак замоне ки аз гуноххои «сагира» ки бепарво боши дигар бепарво ба гуноххои «кабира» даст хохи зад! Ва илло замоне ки ба сабаби садамае вафот карди, ё дар холати масти хонавайрон шуди, ё ки чун бобои Сухроб шармандаи ду дунё шуди - дигар пушаймонии дохили «гур» чи суд?
Албатта руй ба тоъату ъибодат овардан метавонад куввае бошад ки моро аз ин харромкардахо дурр созад. Хатто нафароне ки аракхуранд ва ё дигар нафароне ки аз хамр дуранд- аммо бетоъату ъибодатанд худ мулохиза кунанд:
- охир дар чавони ки намоз наомухти, сураи Куръон наомухти, руза нагирифти,тавба накарди ва дар дилат мехри аъмоли шайтониро парастиди- оё рузу соате ки кувваи бозуат нест шуд, зехнат кунд шуд, шунавоиву биноият суст шуд оё ту метавони ки сурахои Куръон омузиву намоз хони ва руза гири?
Худи ман дируз муйсафедеро дидам ки дар намоз истодаасту ин тарафу он тараф гуиё чизеро чустучуй дорад. У дуруст нишаста наметавонисту хатто хангоми салом додани эмом дар як холати ачоиб менишаст. Хангоми намози суннат ин муйсафед гох маро дида мехезад- аммо дигареро мебинаду аз паси у сачда мекунад. Хамин тавр бечора ба чои 2 ракъат се чор ракъат хонд. Аммо Худо донад ки ин муйсафед дар дохили намоз чи сурае хонд- медонист ё не!?
Ё нафаре ки як умр «рузахур» буд ва гуиё ки тавба карда ру ба тоъату ъибодат овард. Замоне ки мохи шарифи Рамазон омад акнун у пир ё чавон хам бошад худро бемор ё дигар бахона мегуяд то аз рузагири дур шавад. Аммо дар асл он ру ба тоъату ъибодат овардани зиёдихо гуиё ки «мачбурист»! «Чи кор кунам дигар ки пир шудам», « аз дастам чи кор меояд дигар»- яъне дигар рохе надорам.
Хабархо зиёд аст ки зиёди «ошикони хамр» даст ба як хел гуноххое мезаданд ки акл онро кабул намекунад: Хатто ба модару хохарони худ тачовуз кардаанд дар холати масти, волидайну хешони худро куштаанд дар холати масти, лучи пурра урён ба кучахо баромадаанд дар холати масти, суханхои куфр гуфтаанд дар холати масти, занони худро талокхо додаанд дар холати масти, фарзандони кучаки худро то ба марг ё бехоли задаанд дар холати масти ва f. Хабархое хам зиёданд ки одамони маст дар садамахои наклиёти сабаби марги хазорхо одамон шудаанд, волидайни худро мушту лагад задаанд, бо хамсояхову рохгузарон дасти ба гиребон шудаанд.
Охир чунин хабархо 1-2 то не хазорхо бор шунидаем. Магар «вабое» бадтар аз ин вабои «хамр» дар дунё хаст? Охир зиёди беморихо пайдо мешаванду гумм мешаванд- аммо ин вабои хамр аз пайдоишаш руз ба руз авч мегирад. Дар Россия ва баъзе давлатхои наздик нархи машруботро киммат кардаанд то бисёрихо аз он даст кашанд, ба кудакони то 18 сола катъиян фуруши онро манъ кардаанд, аз соати 20. 00 –и шаб фуруши хамрро манъ кардаанд- аммо афсус дар мо чунин ъамалхо зидди ин «вабо» харакате нест.
Аз ҳазрати Абуҳурайра ривоят кардаанд, ки Расули акрам (с) фармуданд:
«Биштобед ба анҷоми аъмоли нек, пеш аз онки фитнаҳое зоҳир шавад, монанди пораҳои шаби торик, ки шахс субҳ муъмин асту бегоҳ кофир мешавад, Ё инки бегоҳ муъмин асту саҳар кофир мешавад, дини худро дар баробари матоъи ками дунё мефурушад"»(Муслим)
Пас имруз рузи тавбааст, рузи ъамал аст – фардо шояд барои садхо ва ё хазорхо нафар дер хохад буд. Чун хамаруза даххо нафар пиру чавон вафот мекунанд, чи дар садамахо ва чи аз беморихову марге ки «амон» нахохад дод. Аммо вафот хам накардагоне хастанд ки ё шарм медоранд ру ба тоъату ъибодат оранд ва ё кибру fурур пеши рохашонро мегирад ва ё тибки он хадис - дар калбашон аз зиёдии гунох «мухри куфр» зада шудааст! Пас бикушед худ ва наздиконатон аз он «тоифаи мухри куфр задагон» набошед!
- Дар чавони тавба кардан- нашъаи Пайfамбарист!
- Вакти пири – гурги золим хам шавад пархезгор!
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1