Дар Вақти Хондани Хутба Чи амалҳоро бояд анҷом дод?
Дар Вақти Хондани Хутба Хондани Намози Суннат ё Нафл ҷоиз аст ё не?

Ҳамду сано ва шукри беадад бар Аллоҳ субҳонаҳу ва таоло мегўем, ки инсонро офарид; Вассалоту вас салому ало сайидино ва ҳабибино ва қудвати амрино, Муҳаммадин (саллаллоҳу алайҳи вассалам) Дуруд ва саломи бепоён ба руҳи ҳабибаш Муҳаммади Мустафо (саллаллоҳу алайҳи вассалам) бод.
Аммо баъд ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. азизони дил Худовандро шукр мегўем, ки ҳамаи моро некӣ болои некӣ, фазл болои фазл, савоб болои савоб, нур болои нур ҷамъ кардааст.
Рӯзи ҷумъа аз он рӯзҳоест, ки Худованд дар каломи поки худ ин рӯзро бузург шуморида ва дар ин рӯзи муборак ду ракъат намозро барои ҳамаи мусалмонон фарз гардонидааст, ки намози ин рӯз ва рӯзаш дар таърихи Ислом мавқеъ ва мақоми хоссаеро доро мебошад. Рӯзи ҷумъа барои мусалмонон рӯзест, ки ҳар ҳафта онро чун иди исломӣ ҷашн мегиранд ва дар ин рӯз ба машғулиятҳои дунё камтар машғул шуда, бештар дар тоату ибодат ва зикру тиловати Қуръон мегузаронанд.
Инчунин, мардуми мусалмон аз рӯйи одобе, ки уламои Ислом баён намудаанд, таёрии гузаронидани ин рӯзро аз рӯзи панҷшанбе сар мекунанд. Ҳамин аст, ки Паёмбар (с) мефармояд: "Касе намози ҷумъаро се бор ба ғайри узр тарк менамояд, Худованд дар дили ӯ муҳри ҷаҳолатро мезанад".
Бартарӣ ва бузургии ин рӯз дар он аст, ки ин рӯз дар дини Ислом аз беҳтарин рӯзҳост, ки онро сайид-ул-айём меноманд ва намози ин рӯз аз беҳтарин намозҳост. Ғайр аз ин дар ин рӯзи муборак бештари воқеот ва ҳодисоти бузурги Ислом рух додаанд, ки дар ҳадиси Абуҳурайра (рз) чунин омадааст, ки Расулуллоҳ (с) фармуданд: "Беҳтарин рӯзе, ки дар он офтоб тулӯъ кардааст, рӯзи ҷумъа мебошад. Дар ин рӯз Одам (ъ) халқ шуда ва дар ҳамин рӯз дохили ҷаннат гаштаву дар ҳамин рӯз аз ҷаннат ба сабаби хӯрдани гандум ба замин фиристода шуд. Дар ҳамин рӯз Одам (ъ) дунёи фониро бо қазои илоҳӣ падруд гуфта, ба олами охират риҳлат намудааст. Ин рӯзест, ки дар ин рӯз қиёмат қоим хоҳад шуд ва дар ҳамин рӯз мардуми мусалмонеро, ки ҷаннат насибашон гардидааст, дидори худованд бар онҳо муяссар мегардад".
Аммо фарзият ва аслияти рӯзи ҷумъа ва намози он дар каломи поку муназзаҳи Худованд чунин шарҳу эзоҳ ёфтааст, ки мефармояд: "Эй ононе, ки имон доред бар Худованд, ҳар вақт ки даъват карда шудед ба намози ҷумъа, яъне баъд аз он ки шахси азондиҳанда шуморо садо мекунад, ба тарафи комёбӣ ва растагорӣ, яъне адои намоз, бишитобед ба тарафи масҷид, барои зикри Худованд ва боз доред худро аз машғулитҳои тиҷорат ва умури дунё…".
Аз ояти мазкур, ки Худованд бар бандагон намози ҷумъаро фарз гардонидааст, баён мегардад, ки намози ҷумъа аз ду рукни асосӣ иборат мебошад. Яке хондани хутба ва дигаре адои намоз. Бештари муфассирин дар шарҳи ин оят мақсад аз "зикри Худованд" хутбаро дар назар гирифтаанд, яъне хутба аз шартҳои асосии намози ҷумъа ба ҳисоб меравад, ки дар ғайри он намози ҷумъа барпо шуданаш имкон надорад.
Пас метавон гуфт, ки хутбаи намози ҷумъа яке аз фарзияҳои он мебошад, ки гӯш кардан ва адо намудани он аз ҷониби хатиб ҳатмӣ ва лозимӣ мебошад. Ҳазрати Умар ва модари мӯъминин Оиша (рз) дар ривояте гуфтаанд, ки: "Сабаби кӯтоҳ шудани намози ҷумъа ин хондани хутба мебошад". Сабаби дигари воҷибияти хутба он аст, ки Расулуллоҳ(с) дар ҳадиси шарифе иршод фармуда ки: "Намозҳоятонро ба он тарзе, ки ман намоз мехонам, адо намоед".
Ғайр аз ин тамоми уламо ва муҳаққиқони масоили шаръӣ бар онанд, ки Паёмбар (с) ҳеҷ гоҳ намозашро ба ғайр аз хондани хутба анҷом надодааст.
Маънои хутба, аслан, суханронӣ карданро гӯянд, аммо дар истилоҳи шаръ хутба иборат аст аз ҳамд гуфтани Худованд ва шукри ӯро ба ҷо овардан, дуруд фиристодан бар Пайғамбар (с), васият ва ёддоварӣ кардани мардум ба тарсу тақво аз Худованд ва қироату тиловати оёте чанд аз каломи поки илоҳӣ. Хутба дар намози ҷумъа аз ду қисмат иборат аст.
Яъне имом баъди хондани ҳамду санову дуруд бар Паёмбар (с) ва васияти мардуму тиловати оёти қуръонӣ ба як миқдори кӯтоҳе мешинад ва баъд аз бархостан боз ба хондани қисмати дуюм шурӯъ мекунад. Аммо муқтадӣ ё одамоне, ки барои адои намози ҷумъа ҷамъ омадаанд онҳо чи кореро бояд дар ин ҳолат анҷом диҳанд ва ба чӣ кор бояд худро машғул созанд, ки мақсади баҳси моро равшан месозад ҳамин аст. Ҳар чи ки дар боло дар бораи намози ҷумъа ва бузргию фазилат ва тарзи адои он баён гардид, ҳатмӣ ва зарурӣ аст.
Ғайр аз ин боз шартҳо ва фарзияҳое дар адои намози ҷумъа ҳатмӣ будан ва лозимиятро талаб менамоянд, ки аз тарафи намозгузорон бояд риоя шаванд. Хусусан, ҳангоми хондани хутбаи намози ҷумъа, ки аз шартҳои дурустии намози ҷумъа ба шумор меравад, дар он риояи чанде аз умур бар ҳамаи намозгузорон воҷиб аст. Аввал, ин ки хутбаи намози ҷумъа бояд гӯш карда шавад, яъне ҳангоми хондани хутба аз ҷониби хатиб ё имом, тамоми намозгузоронро воҷиб аст, то бар он чи хонда мешавад гӯш диҳанд ва аз суханронӣ бо ҳамдигар худдорӣ намоянд. Агар ин корро накунанд, тарки воҷиб мешавад, ки он гӯш кардани хутбаи имом аст.
Мутаассифона ин шабу рӯз ин амал дар мардум бештар ба назар мерасад ва онҳо дар ин вақт бештар ба сухан гуфтан машғул мешаванд. Ҳатто баъзеҳо дар вақти хондани хутба бо ҳампаҳлӯи худ дар бораи корҳое баҳс мекунанд, ки дар он бештар мавзӯъҳои дунёӣ ба гӯш мерасад, ҳол он ки дар ин ҳолат, яъне дар вақти хондани хутба зикри Худованд карданро иҷозат намедиҳанд. Зеро як қисмати хутбаи ҷумъаро тиловати оёти қуръонӣ дар бар мегирад, ки мувофиқи амри Худованд, гӯш кардан бар тиловати оёти раббонӣ воҷиб аст.
Пас чи гуна метавон дар ин ҳангом машғули суханҳое шуд, ки дар он не фоидае ҳасту на маъние, ҳол он ки умуман, дар масҷид аз рӯйи одоб суханҳои бемаънӣ ва бефоида гуфтан хуб нест. Инчунин, дар вақти хондани хутбаи намози ҷумъа боз мардумеро мебинем, ки дар ин ҳангом худро машғули хондани намоз мегардонанд, ки дар ин ҳолат ҳам аз ҷониби онҳо риоя накардани воҷибияти гӯш кардани хутбаи намози ҷумъа ба назар мерасад.
Яъне, умуман, дар вақти хондани хутбаи намози ҷумъа шуғл варзидани ҳеҷ касе иҷозат дода намешавад, магар ки ба гӯш кардани он, зеро воҷибияти он моро намегузорад, ки кори дигареро дар ин ҳангом иҷро кунем, чунонки Расули акрам (с) дар ривояте мефармояд, ки: "Ҳар вақте ки ба ҳампаҳлӯи худ, ки машғули гапзанӣ мебошад ва имом хутба мехонад, гуфта шавад, ки хап ё хомӯш бош, алаккай аз ҷониби шумо сухани лағву беҳуда гуфтан содир шуд".
Яъне то он дараҷае, ки ҳангоми хутбахонии имом мо ба ҳампаҳлӯи худ ҳаққи хомӯш шав, гуфтанро ҳам надорем. Ё дар ривояти дигар, ки аз Расулуллоҳ (с) ривоят гардидааст, чунин омадааст: "Касе агар дар вақти хондани имом хутбаро ба каси дигар гӯяд, ки хомӯш бош, пас лағв гуфтааст ва касе лағв ё сухани беҳуда мегӯяд, дар дуруст гардидани намози ҷумъаи ӯ халале пайдо мегардад".
Ҳамаи ин бериоятӣ дар ҳар намози ҷумъа ба назар мерасад, ки барои ислоҳи он хуб мешуд, ки имомон ва хатибони масҷидҳои ҷомеи ҷумъахонӣ рӯзеро дар баҳси намози ҷумъа ва моҳияту бузургӣ ва шартҳои лозимии он, ки риоя намудани он аз ҷониби намозгузорон ҳатмӣ мебошад ва хондани хутба ва моҳияти он дар ин рӯз ва ғ… мебахшиданд аз назари банда бисёр ба маврид буд.
Бояд гуфт, ки дар вақти хондани хутба намозгузор то анҷоми он гӯш бар хондани имом диҳад ва дар аснои хондани хутба худро машғули гапзанӣ ва хондани намозҳои нафлӣ ё дигар намозҳои маснун накунад, зеро аз гуфтаҳои боло ба мо возеҳу равшан баён гардид, ки дар ин вақт масруфи корҳои дигар шудан мумкин нест. Дуруст аст, ки хутбаи намози ҷумъа бо забони арабӣ қироат мегардад, аммо дар пайравӣ аз имоми бузурги шариати Ислом Абӯҳанифа (рҳ) хондани хутба ба забони фаҳмои қавм ҷоиз аст.
Бештари мардуми мусалмони мо аз фаҳми забони арабӣ танқисӣ мекашанд, пас хуб мешуд, ки хутба ба забони тоҷикӣ баён мегардид, зеро мақсад аз гӯш кардани хутба дарку фаҳми он дар назар аст, ё худ фаҳмидани он чи ки имом баён медорад бояд аз худ карда шавад.
Агар ин ҳам нашуд, хуб мешуд, ки ақаллан хомӯш будан ва риоя намудани шартҳое, ки хоси намозгузорон аст, баён мегардид. Умуман, хутбаи намози ҷумъа аз шартҳо ва қисматҳои асосии намози ҷумъа мебошад, ки мувофиқ бар дастурот ва иршодоте, ки аз ҷониби шаръ бар намозгузорон амр шудааст, бояд риоя шаванд ва кӯшиш бар он диҳанд, ки ин рӯзи иди мусалмонӣ, ки бо намозаш як бор дар ҳафта насиб мегардад, бо саломат буданаш аз нуқсонҳо адо шавад. Бо умеди ислоҳи нафси худ ва дигарон.
Азизони дил Дар ин Рӯзи Саидул аём. Рӯзи мустаҷоби Дуо, Дуо кунем Аллоҳ Субҳона ва Таоло ҷамъии тоату ибодатҳои моро мақбули даргоҳаҳ бигардонад моро аз азоби Қабр аз азоби оташи сузони Дузах наҷот бахшад. Ва дар ҳаққи ҳамаи бародарону хоҳарони Муъмину Мусулмон Дуо кунем, ки Худованди Таборак ва Таоло аз зери раҷу шиканҷаҳои золимон раҳо бигардона, ва бар бар ҷамии душманони Дини Ислом ғалаба пирузи насибашон бигардонад.
Омин ё раббул оламин.
Ҳамеша Дуогуи Шумо Азизони дил Дуст ва Бародари ғамхори шумо банда.

Муминов Искαндар

Комментарии 4