(Бо далил!)
Худованди Мутаъол дар
«каломаш» бар бандагон мефармояд:
-«Чун бандагони Ман дар бораи Ман аз ту бипурсанд,
бигӯ, ки Ман
наздикам ва ба нидои (дуъои) касе, ки
Маро бихонад, посух медиҳам. Пас ба
нидои Ман посух диҳанд ва ба Ман
имон оваранд, то роҳи рост ёбанд»!
[2:186].
Расули Акрам (ﷺ) мефармоянд:
-« Ба суи Аллоҳ (ҷ.ҷ) бо «ихлос» дасти ба дуъо бардоред ва бовар дошта бошед ки албатта ҷавоби онро дастрас хоҳед кард»!
Дуъо
ъибодат аст- пас дуъо танҳо
суи Аллоҳ (ҷ.ҷ)
бояд карда шавад. Чун ъибодат хоси У-ст! Тибқи ҳадиси Паёмбар (саллаллоҳу ъалайҳи ва салам):
"Аддуъоу ҳувал ъибодату" (яъне-Дуо ъибодат аст) (Ривояти Тирмизи)
Ба дурусти ки лаҳзаҳову соатҳое ҳастанд ки дар он лаҳзаҳо дуъои муъминон Ин Шо Аллоҳ иҷобат хоҳанд шуд:
1.
Дар охири се яки шаб
(дили шаб)!
Расули Худо (ﷺ) фармудаанд:
-«Худованди Бузург ба «осмони поин» ҳар шаб ҳар охирини се яки шаб фуруд меояд! У (ҷ.ҷ) мепурсад: « Кист ки дуъои ҳоҷате дорад ба Ман- то ман ҷавобаш гуям! Кист
ки аз Ман бипурсад- то атояш намоям! Кист ки «мағфират» хоҳад –то бибахшоямаш??!!»
«Дили шаб»-Ин соатест бе шак мубораку нек,
ки мардумони аҳли «имон» фурсате
доранд ба Холиқи Худ бо дуъову тазарруъ
(зори) муроҷиат намоянд. Он соат муносибтаринест ки бандаи муъминро ҳам саҷдаву ҳам дуъову тоъаташ фоида
оранд, он соатест ки дуъояш қабул гарданд, соатест
муносиб барои «тавбаву истиғфор» ва бахшиши гуноҳҳо, соатест ки пас аз пок гаштан аз
гуноҳҳо бадани аҳли Имон «шифои хос»-е доро хоҳанд гашт.
Барои
чунин тоъату ъибодат мо аз ҳама зиёдтар «аҷру мукофот» хоҳем гирифт- ин ҳамон соатест ки мо кам фикру хаёламон
дар ёди дунё парешон хоҳад гашт!
2. Рузадории мохи «шарифи
Рамазон»! Рамазон ин моҳест муборак, замоне ки мо бандагон дар ҳолати хоссае қарор мегирем. Пас ана
дар ҳамин соатҳо бандагон таслими Холиқашонанд ва ба Аллоҳ (ҷ.ҷ) наздиканд. Ана дар ҳамин лаҳзаҳо банда эҳсос хоҳад кард ки чи
«вазифа»-еро Худованд ба души у
гузоштааст ва ҳамин соатҳо у наздик аст ба Холиқи худ. Расули Акрам (ﷺ) фармудаанд:
-« Ба
дурусти ки дарҳои Осмони аз аввалин
шаби Рамазон кушода хоҳанд шуд- ва то охирин
шаби он баста нахоҳанд гашт»!
Дар ҳадиси дигаре Расули
Акрам (ﷺ) фармудаанд:
- «Эй Мардумон! Эй мардум, ба таҳқиқ моҳи бузурге бар шумо соя афкандааст (наздик
шудааст). Дар ин моҳ
шабест, ки беҳтар аз ҳазор моҳ аст. Худованд рӯза доштани ин моҳро фарз
ва зинда доштани шабҳояшро нафл гардонидааст...Ба дурусти ки ҳар
аъмоли хайру тоъати нофила дар шабҳои ин моҳи муборак- ба хайру тоъати фарзии дигар моҳҳо
баробар хоҳад буд. Касе ки як кори неку савоб кард- бар у ҳафтод
савоб навишта хоҳад гашт.
Ин моҳи сабр аст ва савоби сабр ҷаннат
аст. Ин моҳест барои некиву меҳру шавқат. Моҳест, ки
ризқи мӯъмин дар он зиёд мешавад. Ҳар муъмине ки дар ин моҳ ба
гуруснае хурок диҳад- гуноҳонаш бахшида хоҳад гашт ва аз «оташи ҷаҳаннам» наҷот хоҳад ёфт».
Ба дурусти ки соати ифтори
рузаи ин моҳ соатест басо нек барои иҷобати дуъо. Ҳар бандаи муъминро мебояд чи
дар соатҳои рузадори (давоми руз) ва чи соати ифтори рузаи рамазон пеш аз ифтор кардан
якчанд дақиқаеро ҷудо намуда аз Холиқи Худ
дар дуъхояшон ҳар ҳоҷату талабе ки доранд пурсиш намоянд- чун ин соат соати иҷобати дуъоҳост.
Албатта
муъминон дар ин соати нек бояд дар ҳаққи тамоми бародарону хоҳарони имонии худ ҳам дуъои хайре намоянд: -бар ҳоҷатталабон, фарзандталабон, кушоишталабон,
шифоталабон, бахтталабон, мазлумон, бетоъатону бе шарму бе иффатон дуъои хайре
намоянд.
Чун ин соате ки банда дар ҳаққи бародару
хоҳари имониаш дуои хайр менамояд тибқи ҳадис Худованд фариштагонеро дар қиболаш
гузорад то омин гуянду бар дуъокунанда ҳам ҳамон некиҳоро ва аз он зиёдтар аз Худованд хоҳанд.
Пас мутмаин бошед ки дуъои фариштагон бе шак қабулшаванда
аст. Дуъо гарчанде дар забон сабук аст- аммо дар асл беҳтарину
авлотарин яроқи муъминон аст.
3. Миёни намозҳои асру шом! Аз Абу ҳурайра (р.а) ривоят шудааст ки: Расули Акрам (ﷺ) рузи чумъаро ёдовар
шуда фармудаанд:
-« Дар ҳама руз лаҳзаҳое ҳаст ки Аллоҳи Мутаъол бар бандагоне ки дар намоз қоиманд ҳар чи ки талабанд ато намояд»! Ва бо дастони муборакашон ишора карданд ки то
чи андоза он лаҳза кутоҳ аст.
Пас ба дурусти ки беҳтарин ъамал пас аз адои
намози ҷумъа –ин бо дуъо зиёди руз ба Худованд руй овардан аст. Он лаҳзаи муборакро миёни
намозҳои асру шом ҷуё шавед- чун аз Анас ибни Молик (р.а) ривоят шудааст ки Расули Акрам (ﷺ) фармудаанд:
- «
Соатеро ки бовари ҳаст дуъо иҷобат хоҳад гашт- дар миёни намози аср то тулуъи офтоб ҷуё шавед!»
4. Соати ифтори руза (чи фарзи
ва чи нофила)! Лаҳзае то ифтори руза
бандагон зиёдтар таслими Холиқашонанд- чун онон
тамоми руз бе хуроку бе об гашта эҳсос менамоянд ҳолати аслии худро назди
Аллоҳ! Замоне ки бандагон гуруснаанд,
ташнаанд ва бе қувват мегарданд- ба
дурусти ки ҳис менамоянд то чи
андоза заъифанд бе он «неъмат»- ҳои
додаи Илоҳи!
Ана ҳамин лаҳзахо он бандагон ҳақиқи таслими Холиқашонанд- ва дуъое ки онон ба «ҳузури дил» доранд аз ҳама зиёд қобили қабули «Даргоҳи Илоҳист» ва Ин Шо Аллоҳ қабул хоҳанд гашт!
5. Рузи ҷумъа! Аз Абу Ҳурайра (р.а) ривоят
шудааст ки: Расули Акрам (ﷺ) рузи ҷумъаро ёдовар шуда фармудаанд:
-« Дар ҳама руз лаҳзаҳое ҳаст ки Аллоҳи Мутаъол бар бандагоне ки дар намоз
коиманд хар чи ки талабанд ато намояд»! -ва бо дастони муборакашон ишора
карданд ки то чи андоза он лаҳза кутоҳ аст.
Беҳтарину авлотарин он аст ки бандагони
«мухлис» дар рузҳои ҷумъа рузону шабон дуъогу бошанд то он лаҳзаи мубораки «иҷобати дуъо»-ро дарёбанд.
6. Миёни азону қомати намоз! Расули Акрам (ﷺ) фармудаанд ки миёни азону қомати намоз неъматҳои дунёву аҷри неки Охиратро аз даргоҳи Илоҳиро бихоҳед! Ин лаҳзаест ки миёни аҳли имону Холиқашон ҳама пардаҳо бардошта хоҳад шуд ва Худованд дар он лаҳзаҳо ҳар ҳоҷоту пурсише ки бандагони «обидаш»
хоҳанд кард иҷобат хоҳад кард!
Аз Анас ибни Молик (р.а) ривоят шудааст ки
Расули Худо (ﷺ) фармуданд:
-«Дуъои миёни даъвати ба намоз (азон) ва қомати ба намоз рад нахоҳад гашт»!!
7.
Пас аз қироати Қурьон! Қурьон ин каломи Аллоҳ аст, бо ҳузури дил хонда мо дилҳои худро пок хоҳем кард ва ба Холиқамон (ҷ.ҷ) наздик мегардем. Пас банда ки
дилаш пок гашт миёни у-ву Холиқаш пардаҳо бардошта хоҳанд гашт.
Дар ҳадиси Мубораки Расули
Акрам (ﷺ) омадааст: «Дуъои бандае ки хатми
қурьон менамояд қабул хоҳад гашт»!
«Дуъо
иҷобат хоҳад гашт дар лаҳзаи пас аз қироати Қуръону азон, замони муҳориба бо душманони Ислом, дар лаҳзаи боридани борон, лаҳзае ки бандае зулм хоҳад дид»!
8.
Шаби «қадр»!! Дар ҳадиси муборак омадааст:
-«Шаби Қадр беҳтар аз 1000 шаб аст». Чун дар ин шаб
бар бандагон бисёр неъматҳои Илоҳи ато хоҳад гашт ба фарк аз дигар моҳҳо. Дар ин шаб ба замин зиёди фариштаҳо фуруд хоҳанд омад бо сардории ҳазрати Ҷабраил (а.с).
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1