Раиси шаҳри Исфара Дилшод Расулзода дар шабакаҳои Viber ва WhatsАpp низ хати махсуси алоқаро фаъол намуд.
Минбаъд сокинони Исфарамарз метавонанд кулли камбудиву нуқсонҳоеро, ки дар ҳудуди шаҳру деҳот вуҷуд доранд ва ё худ бевосита мушоҳида мекунанд, тавассути телефони мобилӣ ё таҷҳизоти дигар аксу навор гирифта, аз тариқи Viber ва WhatsАpp ба шумораи +992 98 707 91 91 ба Шаҳрдори Исфара ирсол намоянд.
Бо мақсади саривақт баррасӣ намудану ҳалли мусбӣ бахшидани мушкилоти бамиёномада аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки муҳтавои муроҷиати худро возеҳу равшан нависанд ва бо зикри суроғаи мушаххаси маҳалл ҷузъиёти камбудию норасоиро, ки ҷавобгӯй ба талаботи фарҳанги шаҳрдорӣ нест, баён намоянд.
Махфияти муаллифони арзу шикоятҳо ва ҳам навору аксҳое, ки ба суроғаи Раиси шаҳри Исфара Расулзода Дилшод Ҷабборӣ тавассути шабакаҳои Viber ва WhatsАpp ё почтаи электронии ӯ – isfaramarz@gmail.com ворид мегарданд, кафолат дода мешавад.
ҲАМШАҲРИЁНИ АЗИЗ!
НИСБАТИ КАМБУДИЮ НОРАСОӢ ВА НУҚСОНУ МУШКИЛОТИ МАВҶУДА ҲЕҶ ГОҲ БЕТАРАФ НАБОШЕД.
ДАР ХОТИР ДОШТА БОШЕД, КИ ОБОДИИ МАКОН АЗ АҲЛИ ОН ВОБАСТА АСТ!
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 4