---------------------
Яке аз намозҳои суннати намози таровеҳ аст, ки дар моҳи мубораки Рамазон ҳар шаб баъд аз намози хуфтан то дамидани субҳи содиқ хонда мешавад.
Намози таровеҳ 20 ракъат ӣуда баъд аз ҳар ду ракъат ё чор ракъат салом дода, каме истироҳат мешавад ва дар истироҳат беҳтар аст ба тасбеҳу дуо ба даргоҳи Худо машғул шавад.
Ин намоз одатан бо ҷамоат хонда мешавад , аммо ба танҳоӣ хондан ҳам мумкин аст. Агар бо ҷамоат хонда шавад , баъд аз ду ракъат суннати намози хуфтан мардум ба имом иқтидо мекунанд. Баъд намози витр ҳам бо ҷамоат ба ҷо оварда мешавад.
Тасбеҳи машҳуре ,ки баъд аз ҳар 4 ракъат хонда мешавад иборатанд аз:
------------------------------
1. Субҳона зил мулки вал малакут , субҳона зил иззати вал азамати вал қудрати вал кибриёи вал ҷабарут. Субҳонал Маликил Ҳаййиллази ло ямут, суббуҳун қуддусун Раббуно ва Рабул малоикати варруҳ. Ло иллоҳа иллаллоҳу настағфируллоҳ насъалукал ҷаната ва наъузу бика минан нор.
-----------------------------
2. Субҳона Ҳаннонил Маннон . Субҳонал Маликид дайён. Ал маъруфу бил иҳсон вал мавсуфу бил ғуфрон. Ал видоъ- ал видоъ ёшаҳра Рамазон. Ал фироқ - ал фироқ ё шаҳрал баракоти ват таровиҳи ват тасобиҳи ва хатмил Қуръон. Аввалуҳу раҳматун ва авсатуҳу махфиратун ва охируҳу итқум минан нийрон . Ло илоҳа иллаллоҳу настағфируллоҳ насъалукал Ҷанната ва наъузу бика минан нор.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1