Баъд аз шунидани суханони Пайгамбар с.а.в, ки гуфтаанд, кас он чизеро, ки барои худ нагз мебинад, барои бародараш хам нагз набинад мумини комил шуда наметавонад, тамоми эътибори худро ба наздиконам равона кардам. Ба шиносонам дар бораи ислом накл мекардам. Ба касе, таъсир кард, касе ба суханонам гуш накард. Хидоят аз Аллох. Табий, ки ба даъват аз хама бештар хамсоягон хакдор хастанд. Як хамсоя доштам, 39 сола буд. Бо фазли Худованд бою бадавлат буд. Хар сол маракахои калон мекард, корихоро таклиф мекард, ба одамон ёри мерасонид, дар пеши ин фазилатхояш намоз нахонданаш ба баъзехо нанамояд хам, ба ман азоб медод. Шояд барои хамсоя буданаш, ман чуръат мекардам, ки бо у сахттар гап занам. Хар боре, ки уро медидам, аз ислом ва намоз он чизе, ки медонистам мегуфтамаш. Аммо хамсояам доим бо як гапи худ гуё, ки маро мот мекард. «Намоз мехонам, хамсоя, ба мисли дигарон пиру логар шавам баъд мехонам нагуфтаам-ку, ана мебинед баъди ду мох 40 солагиямро чашн гирам, як рузи таваллуди зур карда тиям, рузи дигараш сахар, хамрохи шумо ба намози бомдод нарафтаги номрад». Ба ин суханонаш одат карда бошам хам, хар вакти ба у рубару шавам, хамсояамро ба ибодати Аллох даъват мекардам.
Хамон рузи дер интизор хам фаро расид. Ба кавли хозира гуем юбилей бо тантана чашн гирифта шуданашро шунидам. Аз сабаби он, ки камаш 20 маротиба дар бораи рузи дигари баъд аз рузи таваллуд – рузи асосий шунида будам, сахар барвакттар хезта ба назди хамсоя медароям гуён дар дил ният кардам. Бу рузи таваллуд рафтан аз руи шариат мумкин нест ва ман хам нарафтам. Аммо бегохи дари хамсояро куфта: «Погох рузи мухим, фаромуш накунед-а», - гуфтам. Шояд каме маст буд дархол рози шуд: «Майлаш, майлаш хамсоя, пагох сахар, хозир мехмонхоро гусел кардам», - гуфта ба суйи хонааш равон шуд. Аз сабабе, ки ман аз хона дур шудам, суханони охирини уро аз дури шунидам: «…аммо каме сарам дард кардаистодастде». Ана хамин охирин суханони у гуё аз дилам сахт гузашт. Хостам ба у тасалли дихам, аммо у алакай ба хона даромада буд. Ха акун, нушидаги бошад, сараш дард кунад, сахар мегузарад гуфта худам ба худам гур гур кунон ба хона рафтам.
Шаб шуд, дар хоб хамсояамро дидам, гуёи, ки дар як сахро будаем хардуямон. Ташнаги азоб медод, бо орзуи ёфтани об бисер саргардон шудем, ва нихоят дар байни сахро чашмае намоен шудааст. Ва хардуямон ба он тараф давидаем. Ман аввалин шуда ба чашма расидам ва хамсояро хам фаромуш карда, об нушидам, ташнагии худро шикастам, сарамро бардошта: «Хамсоя биёед об нушед», - гуфта ба пуштам нигох кунам, касе нест. Ие хамсоя кани гуфта, хайрон шудам ва хамин дам аз хоб бедор шудам. Ба соат нигох кардам, соат холо 3 хам нашудаст. Дар наздам хамсарам хоб мекард. Хадиси Пайгамбари Худо с.а.в., ки хоби баъд бинед ба касе нагуед, ба ёдам расиду, ба хамсарам хам ки бедор шуда буд, хобамро нагуфта, ба тарафи чапам туф карда мондам. Лекин хобам гурехт. Охиста ба берун баромадам, камтар гаштам, аз хаёлам хамон хоби машхум намерафт. «Шаб соати 3 хамсояро бедор кунам чи хел мешуда бошад. Э не, Худо нигах дораде, Худованд чонашро амон нигах дорад, Худо хохад сахар ба бомдод якчоя меравем» - гуфта ба худ таслли додам ва ба хона даромада хоб кардам. Такрибан 2 соат хам нагузашта, аз так-таки дар бедор шудам. Дарро кушоям зани хамсоя истодааст. Аз гиря чашмонаш варам кардаги: «Хамсоячон, такрибан 2 соат пеш шавхарам сахт бемор шуд, бачахоро бедор карда, хостам ба сари духтур равон кунам, аммо ахволаш бадтар шуд, то бачахо ба овардани духтур тайёр шуданд, ки шавхарам амонаташро супорид» - гуён сахт гиря кард. Ман ба соат нигох кардам, соат расо 4 буд. Ман аз суханони ин зан дар хайрат будам.Чунки хамон вакт бомдод соати 4:05 мешуд. Субханоллох, Субханоллох Аллох ба ин бандаш хатто ба вакти даромадани бомдод хам имконият надодаст, Субханоллох, ин марде, ки 40 сола туямро мегузаронам ва баъд ба намоз меравам мегуфт, аз кучо медонист, ки айнан дар арафаи намози бомдод Холикаш чонашро мегирад. Субханоллох хобамро ба хамсарам нагуям хам, Аллох он вакт фариштахои ачалро ба ин банда равона карда будааст»
Хикоя дар инчо ба поён мерасад. Накл кардан аз мо, ибрат аз шумо, хидоят аз Аллох. Агар Пок Парвардигор хидоятро насиб нагардонад, дар имкони бандааш факат даъват ба дин будаасту халос. Шумо ин хокояро шунидед, акнун ба хаёти худ як назар кунем, амалхои худро тафтиш кунем. Абу Ханифа рахматуллоху алайх ба фарзандаш насихат карда гуфтааст: «Фарзандам, бидон, ки Аллох ба мумин амалро фарз кард, Аллох ба кофир иймонро фарз кард, Аллох ба мунофик ихлосро (самимийят) фарз кард. Онхое, ки бо бовари мегуянд, дилам пока аст, ман мусалмонам, ба суханони асосгузори мазхабамон Имом Абу Ханифанинг гуш андозанд. Шумо агар мумин бошед, ба шумо Аллох амалро фарз кард, агар гуфтани шавед, ки факат бо дил кор хал мешавад бидонед, ки хукми шумо кофир буданаш мумкин, агар аломати нифокро дар худ эхсос мекунед, самимий бошед, худатонро фиреб надихед. Чун кахрамони хикояи дар боло зикр шуда, фалон вакт сарам ба сачда мерасад, холо фурсат дорам гуфта худро фиреб надиехед. Аллох таоло ба сархад оварда амонаташро гирифтанаш мумкин. Ба хама аз даргохи Худованди мехрабон талабгори тавфик хастем. Ассаламу алайкум ва рахматуллоху ва боракатуху.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев