Намози қазои рузро бояд дар чи вақт хонд?
Суол:
Асалому Алаикум Хазрат Илтимос бо саволи мо чавоб дихед мо мухочир бачахо аз шахри Санкт Петербург Савол. Казои хами рузара бади витривочиб хони мешава.
Суол кунанда: Юсуф Таърих: 03.06.2013
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалом ва раҳматуллоҳ. Бародарони исломи қазоии руз бояд пеш аз намози вакти хонда шавад. Масалан шумо намози фаҷр (бомдод) ро бо узри шаръи қазо кардед, бар шумо лозим аст намози фаҷрро пеш аз хондани намози Зуҳр (пешин) хонед. Мисоли дигар агар намози пешинро қазо кардед бояд пеш аз хондани намоз аср қазоии пешинро хонед пас намози асрро хонед, ё масалан 2 намозро қазо кардед пешин ва намози аср дар ин ҳолат пеш аз хондани намози мағриб (шом) бояд хонед пас намози вақтиро. Аммо агар 5 намоз (яъне як руза) қазо шуд дар ин ҳолат ихтиёр доред чи вақте хонед. Худо нигаҳбонатон бошад.
Ҷавоб диҳанда: Эшони Нуриддинҷон
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 4