Намози Аввобин чи намоз аст?
Суол:
Ассалому алакум бобои эшони нуриддинчон худованд шуморо нигахбон бошад, ба шумо суол дорам намози аввобин кадом намз аст?
Суол кунанда: Абулбашар Таърих: 20.06.2013
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалом ва раҳматуллоҳ. Бародари исломи намози Аввобин ба намози нофилае, ки байни намози мағриб (шом) ва ишо (хуфтан) аст, гуфта мешавад. Ин чунин намози зуҳоро низ намози аввобин меноманд. Намози аввобине, ки байни намози мағриб ва ишо хонда мешавад, 6 ракаъат аст. Дар ривояти Тирмизи ва Ибни Моҷа омада аст, ки Расули Худо алайҳиссалом гуфтаанд: (Ҳарки шаш ракаъат байни мағриб ва ишо бихонад, савоби 12 сола ибодат дар номаи аъмолаш навишта мешавад). Хулоса хондани ин намозро олимони мазоҳи чаҳоргона мустаҳаб гуфтаанд. Худо нигаҳбонатон бошад.
Ҷавоб диҳанда: Эшони Нуриддинҷон
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 2
ин намоз сахех нестай ва асл надорад