Оё барои сиҳҳати намози ҷумъа масҷиди панҷвақта шарт аст?
Суол:
асалому алайкум бобочон.баъди салом мехостам дар ин масъала равшани меандохтед.дар кишлоки мо масчид хаст ва шукронаи аллох дар он намози агачумъа хонда мешавад.лекин чои таасуф аст ки дигар намозхо хонда намешавад. агар хонда шавад хам як вакт е ду вакт хонда мешавад.он хам шом е хуфтан.ое дар масчиде ки намози панч вакта на бо чамоъат на бе чамоъат хонда намешавад хондани чумъа дуруст аст.чавоб мегардондед минатдор мешудам.дар панохи аллохи бузург.
Суол кунанда: мухлиси шумо Таърих: 16.08.2013
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалом ва раҳматуллоҳ. Бародари исломи уламо барои сиҳҳати намози ҷумъа масҷидро шарт накардаанд. Бинобарин намози ҷумъа дар ҳар масҷид ҷоиз аст баробараст, ки масҷиди панҷвақта бошад ё ду вақта. Худо нигаҳбонатон бошад.
Ҷавоб диҳанда: Эшони Нуриддинҷон
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев