Ҳукми тез тез хондани намоз
Суол:
Хочии мухтарам аз барои Аллоh ин саволи маро ин рузи душанбе илтимоси зиёд чавоб гуед, аз коргарони сомона хохиш мекунам аз барои Аллоh ин саволро бе чавоб намонед. Имоми мо 20 ракъат таровехро дар давоми 20 ё зиёди зиёд 25 дакика бо тасбехоташ, ки 3 маротиба хонда мешавад, мехонад ва мегуяд, ки ин суннат аст ва дар нохияи мо, ки нохияи Айни аст, чунин чоиз аст.Касам ба Аллоh, ки дар рукуъ ва сучуд хатто ба 1 бор гуфтани субхона раббиял ъазим ва ё ъало дарёб намекунем ва намози хондагиямонро намефахмем. Оё ба ман ичозат аст, ки ба масчид нарафта, дар хона хонам, агар не якчанд хадисе дар бораи охиста хондани намоз гуед то ба имом нишон дихем.Худо нигахбон.
Суол кунанда: Ифтихор Таърих: 21.07.2013
Ҷавоб:
Аллоҳул мустаъон. Аз хондани чунин намоз бо чунин суръат нафақат савоб намегирад, балки гунаҳгор мешавад. Худо аз шармандагии рузи қиёмат паноҳ диҳад. Расули Худо алайҳиссалом рузе дар масҷид бо ёронашон нишаста буданд, марде дохил шуд ва намоз хонду назди Расули Худо омад салом дод. Ҳазрат гуфтанд: Бирав намоз бихона, зеро намоз нахонади. 3 бор ҳамин хел намоз хондан ва Паёмбармон рад мекарданд. Он мард гуфт: Қасам ба Зоте, ки туро фиристода аст, ғайр аз ин тарзи хондан дигарашро намедонам, маро таълим диҳед. Ҳазрат гуфтаанд: (Ҳаргоҳ ба намоз хести такбир бигу (Аллоҳу Акбар) пас бихон қадри тавонат аз Қурьон, пас рукуъ бикуна то ин, ки ором гири дар рукуъ, пас аз рукуъ бархез ва исто то оромгирифтанта, пас саҷда бикун ва исто то ромгири дар саҷда, пас сар аз саҷда бардор ва исто то оромгирифтанта, ҳамин тавр ҳама намозтаро адо намо.) Ривояти Бухори ва Муслим. Худо нигаҳбонатон бошад.
Ҷавоб диҳанда: Ҳоҷи Акбари Тураҷонзода
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1