Ташаккур!
Оё гуноҳи тарки намоз аз зино ва арақнуши бадтар аст?
Суол:
Ассалому алейкум ва рахматуллох! Бобои хочи Акбар ман да шахри Руссия хастам вакте,ки дар точикистон будам 5 вакт намоз мехондам,холо дар руссия як вакт намоз ва як вакт Куръон мехонам, ое ин гап рост астки шахсе,ки яке аз фарзхои намозро так мекунад гунохи у аз зино дида болотар аст? Агар чунин бошад мехохам бо хадису оят исбот кунед хуб мешад! Илтимос харчи зудтар бошад чавобашро гардонед. Мухлиси шумо аз рассия...
Суол кунанда: Салохиддин Таърих: 04.08.2013
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалом ва раҳматуллоҳ. Бародари исломӣ! қазо кардани намоз бе узри шаръи яке аз гуноҳони кабира аст. Худо дар Қурьон ояи 59 сураи Марям чунин ба мо хабар дода аст: (Онгоҳ пас аз онон -Паёмбарон- тоифаҳои нохалафе ҷонишин шуданд, ки намозро ҳадар доданд ва аз хостаиҳои нафсони пайрави карданд, пас муҷозоти гумроҳиро -дар Ғай-хоҳанд ёфт). Муфассирон гуфтаанд Ғай номи яке аз камераҳои ҷаҳаннам аст, ки чуқуртарин ва сузонандатрин макон аст. Ин ваъид барои касоне аст, ки намозро аз вақташ гузаронданд бо баҳонаҳои гуногун. Гуноҳи тарки намоз ҷурмаш аз гуноҳи зино кардан ва арақ нушидан бадтар аст. Зеро намоз сутуни дин аст ва пеш аз ҳама аъмол ба он такид шуда аст ва беҳтарин аъмол аст. Расули Худо алайҳиссалом гуфтаанд: (Фарқ байни мо ва байни кофирон ин намоз аст, ҳарки намозро тарк кунад, кофир мешавад).ривояти Тирмизи ва Насаи. Барои шахси зиногор ва аракнуш чунин ваъиде наомада аст. Дар ривояти дигар омада аст, ки Расули Худо алайиссалом гуфтаанд:(Ҳар ки намози асрро натавонад хонад -бо узри шаръи- гуё аҳл ва молашро аз даст дода аст).ривояти Бухори ва Муслим. Яъне мусибати қазо кардани як намоз бо узри шаръи аз мусибати хонавода ва мол вазнинтар аст. Аз ин сабаб набояд мусалмон барои хондани намозҳо дар вақташ тамбали аз худ нишон диҳад. Худо нигаҳбони шумо бошад.
Ҷавоб диҳанда: Ҳоҷи Акбари Тураҷонзода
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев