Ташаккур!
Толиб
311) Суол: Салому алекум ва рахматуллох
1) Чаро вакте ки шахс фавтад то ба уро гур кардан дар хаки у ояту дуо хонда дуо
намекунанд(яъне баъди дар хок мондан баъд дуо карда мебахшанд) Агар хони гунах аст?
2) Чаро намози бомдод, шом ва хуфтан ҷаҳрия хонда мешаваду дуи дигараш хуфия?
3) Дар намози хуфия иқтидокунанда аз қафои эмом метонад худ паст сура хонад?
4) Агар дар намози хуфия хондани муқтадӣ сура иҷоза бошад у метавонад дар ракаъати
3 юми шом ё 3 юм ва 4 уми хуфтан сураи аҳамдро хонад?
Академияи исломии ҲНИТ
Ҷавоб: Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ!
1: Пеш аз он ки ба хок монда шавад ни метавонад барои мурда Қуръон хонда шавад ва ба арвоҳи ӯ бахшида шавад.
2:Зеро аз салаф чунин ба мо расидааст, дар намози шому хуфтану бомдод қироати баланд карда шавад ва дар намози пешин ва аср хуфия хонда шавад.Ва ин чунин Абудовуд дар маросили худ ду ҳадис яке ба ривояти Ҳасан ва Дигар ба ривояти Зуҳари дар ин маврид ривоят намудааст, ки Расули Худо(с) чунин мекарданд ва он амалро барои мо ба суннат гузоштаанд.( Маросили Абудовуд, ҷилди 1,саҳ.34). Дар Рад-ул-муҳтор, ҷилди 2,саҳ.306, омадааст, ки Расули Худо(с) дар тамоми намозҳо ҷаҳран қироат мекард, сипас балан қироат намуданро дар намози пешин ва зуҳр ба хотири азияти нарасидан аз ҷониби куффор тарк намуд.
3: Бинобар мазҳаби аҳноф қироат намудани муқтадӣ пушти сари имом хоҳ намози ҷаҳри бошад ва хоҳ намози хуфия макрӯҳ аст)Шарҳ-ул-виқоя, фасли қироат,Ал-фиқҳ-ул-ҳанафӣ фи савбиҳ-ил-ҷадид, ҷилди 1,саҳ272-273 ва дигар китобҳои фиқҳии аҳноф).
Ali
330) Суол: Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу!”изо саҳ-ал-ҳадису фа ҳува мазҳабӣ” оё ин қавл аз имом Абуҳанифа собит ҳаст ё не.
Академияи исломии ҲНИТ
Ҷавоб: Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ!Бале дар Рад-ул-муҳтор, ҷилди 1, саҳ. 166 нисбати ин қавлро ба Имом(р) саҳеҳ гуфтаст. Инчуни муалифи китоби “Ал-фиқҳ-ул-исломӣ ва адилатуҳу” дар боби мусталаҳоти мазҳаби Абуҳанифа, ҷилди 1, саҳ.56, ин нисбатро саҳеҳ гуфтааст. Ва инчунин ин қавлро имом Навовӣ ба имом Шофеъӣ(р) нисбат додааст.
________________________________________
________________________________________
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев