93) Суол: Дуруду раҳмати Худо бар шумо устодони бузург барои хизматҳои диниятон дар роҳи Худо Саволҳо
1) Куръонро китоби илмӣ гуфтан ҷоиз аст?
2) Аз Пайғамбари Худо хадисе омадааст, ки суннатҳои намози 5 вақта барои пушонидани намозҳои фарзӣ казошуда аст? Агар бошад пас шахсе намози қазо надорад метавонад суннатро нахонад?
3) Ояте ҳаст, ки далолат ба он кунад, ки намози қазошуда бояд хонда шавад? Агар не пас кадом ҳадис аст?
4) Шахсе нияти намози нафл кард, дар ин вақт гуруҳе омаду ҷамоати фарзиро ташкил карданд, Ин шахс ба хотири ҷамоат намози нафлро фосид кард ва мувофиқи масъала аён аст, ки адои он ба у воҷиб гашт. Ин шахс ин намозро вақте қазоашро ба ҷо овардани шавад магар аз ҷои тарк кардааш давом медиҳад ё аз аввал? Инчунин нияти ин намози фосидшуда чи хел аст?
4) Шахсе шуруъи намози фарзи пешин кард, ки гуруҳе омаду ҷамоатро ташкил дод. Оё ин шахс метавонад намози фарзиро фосид карда ба ҷамоат бипайвандад?
5) Шахсе 4 ракати суннати пешин ният карда буд, ки гурухе омаду ҷамоат карду фарзро шуруъ карданд. Ин шахс суннатро фосид карду ба ҷамоат дохил шуд. Аз сабабе, ки ният карда буд ин 4 суннат иъодааш ба у воҷиб мемонад ё ҳамчун суннат?
6) Шахсе ду ракат намози суннати пешинро хонда буд ки таҳорат шикаст. Ин шахс баъди таҳорат мақсад давомаш хондан бошад чи хел ният мекунад?
7) Шахсе фаромушан ба ҷои рукуъ ба саҷда рафт яъне рукуъ ки фарз буд у тарк кард. Дар ин ҳолат у бояд гашта аз нав рукуъ кунад пас саҷдаро бори дувум ба ҷо орад?
8) Шахсе дар ракати дуюм хесту хатоан қироат накарда ба рукуъ рафт пас ба ёдаш омад. У чи кор бояд кунад?
9) Вақте мо таҳорат мекунем бояд ҷойхое, ки шустан лозим аст чунон тар шавад, ки ба микдори як қил қоқ намонад. Агар монд намоз фосид? Оё ин дуруст аст?
10) Дар таямум агар ба ҷое ки бо даст
молиш дода мешавад ба микдори қиле ё каме даст нарасад оё таямум дуруст аст ё бояд пурра расад?
Акадмияи исломии ҲНИТ
Ҷавоб: 1: Қуръон ҳамон гуна ки китоби шариъат аст,китоби ҳикмат ҳам ҳаст,ҳамон тавр ки китоби зикр аст,китоби фикр низ ҳаст,ҳамчунон ки китоби дуову бандагист,китоби барномаву даъват аст.Қурон як китоб аст,вале дохили он китобҳои зиёде дорад,ки дар муқобили тамоми эҳтиёҷоти маънавии инсоният қарор дорад.Қуръон ба монанди макони поку муқаддасе аст,ки дохили он пур аз китобу рисолаҳост,бо вуҷуди ин ҳама завқу салиқаи гуногун, роҳу равиши мухталиф ,авлиёву сиддиқ,орифу муҳақиқ, барои ҳар як мувофиқи ниёзаш рисолае пешкаш намудааст.Қурон на танҳо китоби илмӣ балки метавон гуфт харитаи олами коинот аст.
2 Суннатҳое,ки ҳамроҳи намозҳои панҷгона хонда мешаванд онҳоро суннати муаккада меноманд,ки дар ҳукм ба воҷиб наздикӣ доранд. Дар мавриди адои суннатҳои муаккада Паёмбари Худо(с) ташвиқи зиёде намудаанд,аз ҷумла фармудааст: “Ҳар инсоне,ки дар як шабонарӯз дувоздаҳ ракъат намоз зиёда бар фароиз бихонад, Худованд барои ӯ дар ҷаннат хонае бино мекунад”. “Саҳеҳи Муслим ҳадиси 728”. Аз ин фармудаи Расули Худо(с) маълум мешавад,ки хондани суннат дар ҳама ҳолат барои инсон муфид аст, хоҳ намози қазоӣ дошта бошад ё надошта бошад.
3, Таъхири намози фарз аз вақташ бидуни узр аз ҷумлаи гуноҳони кабира ба шумор меравад, бинобар ин набояд намоз қазо шавад. Аммо агар рафтаву намоз қазо шуд воҷиб аст,ки ҳар чи зудтар қазо дошта шавад. Далил барои хондани намози қазошуда ин ҳадиси расули Худо аст,ки фармудаанд: “Касе,ки намозеро ба фаромушӣ тарк намояд замоне,ки ба ёдаш омад бояд онро адо намояд, зеро кафорате ҷуз ин надорад. Сипас Расули Худо(с) ин ояро тиловат намудаанд.(واقم الصلاة لذكري)”Саҳеҳи бухорӣ ҷ.2, саҳ.70.
4:Шахсе намози нафлро шурӯъ намуд, дар ин ҳангом ҷамоъати фарз барпо шуд, ӯ набояд намозашро қатъ намояд,балки ду ракъатро тамом намуда салом бидиҳад, сипас ба ҷамоат пайваст шавад.(Фатовои дорул-улуми девбанд, ҷилди 4,саҳ.552).Дар ин сурат агар чаҳор ракъат ҳам ният карда бошад, қазое барояш воҷиб намешавад.Аммо агар намозашро қатъ намуд дар вақти қазо доштани он ба нияти намози фосидшуда ду ракъат мехонад,аз ҷои қатъ намудааш идома доданаш дуруст нест.
5: Ин шахс ду ракъатро тамом намуда салом мегардонад, сипас ба имом иқтидо мекунад ва ин ду ракъати хондагияш нафл мешавад.Сипас баъд аз хондани фарз суннат аст,ки чаҳор ракъат суннати зуҳрро адо намояд. Аммо агар ду ракъатро нахонда онро фосид намуд, иъодаи он барояш воҷиб мешавд.Дар ҳарду сурат онро суннати зуҳр ният карда мехонад. 7:Дар ин маврид агар дар саҷда ба ёдаш омад,баргашта рукуъ мекунад ва саҷдаро иъода менамояд.(Раддул-муҳтор,ҷилди 3,саҳ.437).
8:Дар ин сурат баргашта сура бихонад ва рукуъро иъода намояд.(Алфиқҳул-ҳанафи фи савбиҳил-ҷадид ҷилди 1, саҳ.282).
________________________________________
________________________________________
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1