68) Аз шумо хоҳишдорам ба саволҳои ман ҷавоб диҳед 1.Дар саҷда ҳолати дастҳо ва сар мавқеи чойгириашон чи қадар ва чи тавр бояд бошад?
2.Вақте аз саҷда ба қиём мехезем дастҳо бояд такя ба по бошад ё бардошта ё инки дастҳоро баста хезем?
3.Дар дуое, омадааст Аллохума, раббано отино фи дунё ҳасанатан ва фил охирати ҳасанат ва қино азобан нор. Худо аз парвардигор чи фарқ дорад?
4.Намози асрро хуфия хондан аз воҷиботҳо мебошад. Шахсе дониста ассро ҷахрия хонад оё бояд аз сар хонад ё не?
5, Палид аз нопок чи фарқ дорад?
6.Шахсе намози шомро хонд пас фаҳмид, ки шом қазо шудааст. Шомро қазо хонад ё соқит аст?
7.Пешонии пушида намоз хондан макруҳ аст ё не? Агар макруҳ бошад таҳрими ё танзиҳи? далелаш дар кадом китоб ёфтан мумкин?
8.Азонро гуш додан суннати муъакада ё на?
9 Касе дар вақти азон гуфтан машғули китобхони аст ё масъалаеро гуфта истодааст ё ин ки гапи дунёи, Оё гунаҳгор мешавад? Аз Худо ба шумо барои китоббиниатон аҷр талаб дорам.
Академияи исломии ҲНИТ
Ҷавоб: 1: Дар саҷда беҳтар он аст, ки дар миёни ду даст саҷда кунад ва дастонаш ба руёнаш наздик бошад.
2: Дар ҳолати аз саҷда бархестан тибқи мазҳабӣ ҳанафӣ беҳтар он аст, ки ба зонуҳо такя намуда бархезад.
3: Худо исми зотаст, ки маъноии тоҷикии илоҳ аст, ва парвардигор бошад исми сифат аст, ки маънои раббе, ки дар арабӣ омадаст ва аз ҷумлаи асмои ҳусно мебошад.
4: Бинобар тасҳиҳи муҳаққиқони мутааххирин мисли “шориҳи канз” шориҳони “Алмунийя” ва ибни Ҳуммом, намозашро иъода мекунад, чунки дар ин намозҳо барои мунфарид ҳам паст хондан воҷиб аст ва ба тарки воҷиб намоз бояд дубора хонда шавад, агар вақти намоз боқи бошад.
5: Палиду нопок ҳарду як маъно доранд.
6: Дар ҳолате, ки баъди хондан, қазо шудани намозро дарк карда бошад, намози хондааш қазо ҳисоб мешавад ва добора қазо намекунад.
7: Пешонии пушида намоз хондан макруҳи танзиҳӣ мебошад, муроҷиат намоед ба китоби “шарҳул виқоя”.
8: Гуш кардани азон воҷиб аст.
9: Дар ҳолати азон додан касе, ки машғули китобхонӣ, амри маъруф ва ҳатто тиловати Қуръон бошад, бояд хомуш истидо ба азон гуш диҳад.
________________________________________
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1
Бехтарин........Рахмат