9)суол: «Асаломун алайкум ва рахматулох, иншоаллох хаста набошед. Куръони карим дар бисёр чой зикр намудааст "чанотинн тачри мин тахти хал анхор холидина фихо абадо", пас чаро одам (ъ)-ро берун карданд?»
Академияи ҲНИТ
Ҷавоб: Аҳли суннат ва ҷамоат бар он эътиқоданд, ки биҳишт ва дузах ҳоло низ мавҷуд мебошад бар хилофи ахли ташайюуъ. Ва биҳиште, ки Худованд Одам(а)- ро дар он дохил намуда буд ҳамон биҳиштест, ки Худо онро офаридааст. Худованд барои имтиҳон Одам (а)- ро дохили он намуд ва бо ҳикмати илоҳии худ Уро аз он берун кард. Аммо маънои ин оятҳо ё мақсад аз онҳо баъди рузи қиёмат аст, ки агар ҳар фард дохили ҷаннат шавад холид боқи мемонад.
________________________________________
Кудрат
10)Суол: «барои чи мо дуои "кунут"- ро дар намози хуфтан ва дигар мазхаб дар намози бомдод мехонем?»
Академияи ҲНИТ
Ҷавоб : Тибқи мазҳаби имоми Аъзам дуъои қунут ҳамеша дар намози витр хонда мешавад, локин дар ҳолатҳои ҳаводис ва мусибатҳо дар намози бомдод низ хонда мешавад. Аммо ҳадиси саҳеҳ, ки хондани дуъои қунутро дар бомдод баён кардааст Имом Аъзам (р) онро ба омадани мусибатҳо ҳавола мекунад. Ногуфта намонад, ки дигар мазҳабҳо низ дар витр қунут мехонанд, аммо бар иловаи он дар бомдод низ қунут мехонанд
________________________________________
Хаджи
12)суол: «Ассалому алайкум ва рахматуллохи ва баракатух. Ислом дар пурсидан чои шарм надорад. Кадом вакт зино мешавад? Оё бо чашм дидан хам зино мешавад? Илтимос чавоб дихед.»
Академияи ҲНИТ
Ҷавоб : Зино чанд намуд мебошад; зиное,ки гуноҳи кабира мебошад ин ҳамон амали номашруъи алоқаи ҷинсӣ мебошад ва ғайр аз ин тибқи фармудаи ҳадисҳо зинои чашм, зинои даст, зинои даҳон низ вуҷуд дорад. Масалан зинои чашм назар намудани бо шаҳват ба занони номаҳрам аст ва зинои даст даст расондан ба занони номаҳрам ва ……
________________________________________
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев