-------------------------------------------------------
С291. Ният бар чанд қисм тақсим мешавад?
Ҷ291. Ният бар ду қисм тақсим мешавад: 1.Нияти амал. 2. Нияти ихлос дар амал.
С292. Дар намоз ҳукми нияти лафзӣ чист?
Ҷ292. Дар намоз ҳукми нияти лафзӣ ҷоиз нест, барои он, ки чизе аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) собит нашудааст.
С293. Барои чӣ ниятро пеш аз ҳар ибодат бо лафз зоҳир карда намешавад?
Ҷ293. Барои он, ки макони ният қалб аст ва чизе аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам собит нашудааст, ки ният лафзӣ бошад ва Аллоҳ таъоло қалби ҳамаро медонад, бинобар ин ҳоҷат ба нияти лафзӣ нест.
С294. Барои адои намоз кай ният бикунем?
Ҷ294. Барои адои намоз ҳамроҳ бо такбири таҳрима ва ё пештар аз он ният карда мешавад.
С295. Оё намозгузор фақат бо нияти як намоз ба он дохил мегардад?
Ҷ295. Бале, намозгузор фақат бо нияти як намоз ба он дохил мегардад.
С296. Ҳукми шахсе, ки дар дохили намоз шак кунад, ки ба намоз ният кард ва ё накард, чист?
Ҷ296. Ин васвасаи шайтон аст, бояд намозашро давом бидиҳад.
С297. Ҳукми тағйир додани ният аз фарз ба нафл чист?
Ҷ297. Ҷоиз аст, ба шарте, ки вақт васеъ бошад, яъне вақти намози дуввум надаромада бошад.
С298. Ба тағйир додани ният аз фарз ба нафл мисоле оред?
Ҷ298. Ба мисли шахсе, ки гумон кард, ки вақти намози зуҳр шудааст, бинобарин ба намоз шуруъ кард, ки азонро шунид, пас дар ин ҳолат метавонад нияташро аз фарз ба нафл тағйир диҳад ва баъди он фарзи зуҳрро адо намояд.
С299. Ҳукми тағйир додани ният дар дохили намози фарзӣ ба намози фарзии дигар чист?
Ҷ299. Ҷоиз нест.
С300. Ҳукми тағйир додани нияти намози нафли комил ба нияти нафли муайян чист?
Ҷ300. Ҷоиз нест, ба мисли шахсе, ки ба намози нафлӣ дохил гардида хост нияташро ба намози фарзӣ гардонад.
С301. Оё гуногунии нияти имом бо муқтадиҳо ба намозашон таъсире дорад?
Ҷ301. Не, таъсире надорад, далел ҳадиси Маъоз (разияллоҳу анҳу) дар саҳеҳ Бухорӣ ва Муслим.
С302. Ҳукми шахсе, ки бо ният ҳамчу муқтадӣ дар оқиби шахси дигаре, ки он бо нияти имом шудан ба намоз дохил нагардида буд, ҳамроҳ гардад?
Ҷ302. Бале, ният ва феъли онҳо ҷоиз аст.
ЛИБОСИ ПОК:
С303. Оё яке аз шартҳои намоз покии либос аст?
Ҷ303. Бале, яке аз шартҳои намоз покии либос аст.
С304. Оё покии либос ба либоси хориҷӣ ва ё либоси дохилии шахси намозгузор дахл дорад?
Ҷ304. Покии либос дар дохили намоз ба ҳама либосҳо дахл дорад.
С305. Оё либоси намозӣ дар ҳар диёр аз якдигар фарқ дорад?
Ҷ305. Бале, либоси намозӣ дар ҳар диёр аз якдигар фарқ дорад, ки мақсад пӯшондани аврат аст.
С306. Мақсад аз сатри аврат чист?
Ҷ306. Мақсад аз сатри аврат пӯшондани тамоми ҳудуди аврат аст, ки он бо либоси тунук ва ё танг набошад.
С307. Оё барои рафтан ба масҷид пӯшидани либоси махсусе шарт аст?
Ҷ307. Бале, барои рафтан ба масҷид либоси махсусе, ки пок бошад, зарур аст.
С308. Пеш аз рафтан ба масҷид худро зинат додан чӣ ҳукм дорад?
Ҷ308. Пеш аз рафтан ба масҷид худро зинат додан барои мардон воҷиб аст. Аллоҳ таъоло мефармояд: "Эй фарзандони Одам! Зинати худро дар ҳангоми рафтан ба масҷид бо худ бигиред". Аъроф-31.
С309. Оё занон метавонанд худро зинат дода ба масҷид раванд?
Ҷ309. Не, занон наметавонанд худро зинат дода ба масҷид раванд, балки бо сатр ва бо либосе ба масҷид бираванд, ки назари мардон бар он набошад.
С310. Оё пӯсти ҳайвоне, ки гӯшти он ҳалол аст, барои либос ҷоиз аст?
Ҷ310. Бале, пӯсти ҳайвоне, ки гӯшти он ҳалол аст, барои либос ҷоиз аст.
***
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев