Барояш хеле дардовар ва ҳасратнок буд. Яку якбора дунё дар назараш тираву тор ва вахим менамояд: амаи орзуҳояш барбод рафтанд, дигар роҳ намегардад, ҳамаи дарҳо ба рӯяш маҳкам шуданд, ҳаёташ оғоз нагашта тамом шуд, гуфта дар дил зор-зор мегиряд, вале ба атрофиён ин вазъи худро нишон намедиҳад.
Ӯ ҳини як садамаи фалокатбор ду пойашро аз даст дод, вале бовар ба зиндагӣ ва майли зистанро аз даст надод. Ораз аз мову шумо аз замин то осмон фарқ мекунад. Ӯ ирода, ҷасорат, тавон ва умед дорад, ки аксарият надоранд. Бо ду пойи сунъӣ қавӣ монд ва зиндагиро чунон сохт, ки ҳар як ҷавон орзу мекунад. Имрӯз ӯ духтур, варзишгари муваффақ ва ҳамсари меҳрубон, инчунин аз зиндагӣ розист.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев