Рох дурудароз буд ва хар яки аз чахор мусофирони такси накле мекардем, аз якдигар пурсупос мекардем ки аз кучои ва ё фалониро мешиноси ва гайра. Ин рохи дарозро ба мо гуиё наздик мекард- чун вакти сухбат вакт тезтар мегузашт. Хар яки мо ба Хучанд барои коре мерафтем. Харчанд наклхову сухбатхо зиёд буд ман хамаро фаромуш кардам гайри ин накли он чавон.
Як бародаре ки худро аз Хисор гуфт таъриф аз гармобае ки дар нохияашон карда мегуфт ки хамаруза садхо чун мо пиру чавон он чо аз барои табобат мераванд. Ба мо маслихат дод ки албатта як ду маротиба дар як сол он чо равем.
Чавони дар пахлуи ман менишастаги ба сухбат хамрох шуду гуфт ки 3-4 маротиба бо дустонаш рафтаанд ба он гармоба чун дар Россия зиёд «шамол» хурдаасту як хешаш тавсия кардааст ки албатта хамон чой равад. У гуфт ки шифо аз чониби Худованд аст ва хама сола хам он гармоба ва дигар чойхо мераванду аз Худованд шифо мехоханд. Баногох аз чашми он чавон оби дида чори шуду у наклашро давом дод:
- Бовар кунед бародарон кариб дах сол аст ки то нух дах мохи умрам дар Россия мегузарад. Аммо ман аз ин шикоят кардани нестам балки аз дигар чи шикоят карданиям ки он хама мардуми точикро дахл дорад. Дар Россия як соле пули хуб кор карда омадаму волидайнам накша кашиданд ки занам тиянд. Албатта гар он пули овардагиамро як туи миёна мекардем зиёдати хам буд- аммо гур ба сари «мардум чи мегуяд»-и занакхо ки мачбур мекарданд туи «замонави» кунаму як ду хофизи хуб хам биёрам.
Аппахоям ки шавхар доштанд яке паси дигар мегуфтанд ки шавхаронашон ба як ду хофизи «номи» шинос хастанду албатта якеи онхоро «заказ» кардан даркор. Болои ин «арусе» ки яке аз аппахоям ёфта буд духтари яккаи хона будаасту бародаронаш болои «вазифа» ва он кадар молу матоъ ва пул талаб карданд ки боз мачбур шудам туйро ба соли дигар монаму ба мухочират равам. Он сол кор суст буд- аммо ман хам дар бозор кор кардам ва хам шабхо такси мерондам то хар чи зудтар пули хуб кор кунаму баргардам.
Хар чи кадар пули калон равон накунам аз хона занг мезаданд ки ба инаш ё онаш нарасид. Хамин тавр боз кариб як сол кор кардаму баргаштам. Туйро карор додему барои хофизёби баромадем. Маълум шуд ки хофизон на камтар аз хазор доллар мегирифтаанд. Аммо он хофизе ки хохарони ман мехостанд «2000 доллар» талаб кард. Чанде «савдо» кардему он хофиз гуфт:
- Руи хотири язнаат ки шиносам хаст 1600 доллар дихед баст!
Мачбур рози шудам. Барои арусбиёри автомашинахое киро кардем ки боз 400-500 доллар сарф шуд. Акнун бубинед ки дар ин 1-2 сол кариб 20 000 доллар кор карда будам ками кард ва боз карз хам кардем. Чун дар деха зиндаги мекардем аппахояму модарам талаб карданд ки дар сахни хавли туй кунам то хамма хамсояхо ва хешон бубинанд. Хамин тавр хам кардем ва як хеши муллоямонро даъват кардем ки ин чи хел мешавад ки мо туи «замонави» мекунем.
Домулло ки эмоми яке аз масчидхои калони нохия буд гуфт:
- Бехтараш ЗАГС кунед, аруса никох накарда биёред ва ана баъди туй никох мекунем ва ин хуб мешавад.
Мо ки хар гуфтаи ин домлоро кабул доштем хамин тавр хам кардем. Аммо вакте маро ба хонаи арус даровардам бовар кунед аз он либосе ки у ба бар дошт шарм кардам. Охир он «фаттае» ки у дошт танхо нисфи танашро мепушонд- дастону пеши бару пушти гардан хама кушода. Аммо чи гуфта метавонистам ки хама шудаги буд. Арусро хона овардему бегохи туи сари столи кардем. Аввалин мусики сар шуду аппахову чиянхо ва холахоям ба ракс баромаданд- ва бовар кунед либоси онхо аз либоси ин аруси ман хеч ками надошт. Онхо хам кариб ки нимбарахна буданд ва шавхаронашон аз ин мефахриданд.
Хамма хамсояхо, мардуми хамсоякишлокхо, хешу табор гирд меистоданду ба навбат марду зан ракс мекарданд. Болои ин як раккосаи бешарму хаёи дигар бо хофизон омада буд ки дар огуши мардон медаромад ва пули калоне чамъ мекард. Падари ман хам пули калоне часпонид ки аз хадяхо чамъ карда буд- аммо ман гумон доштам аз ин пулхо карзамро адо мекунам.
Инак туй хам гузашту моро никох карданд. Сухан кутох аз туям якчанд руз гузашт ки як дусти «чониям» ки дар мухочират буд ба деха омаду рузи дигар ба хона даъваташ кардам. Хурок меоварданду ман туямро гузоштам то дустам хам бубинад- аммо хамаги 15-20 дакика у тамошо карду вакте «хофизи» сар шуд илтимос кард онро хомуш кунам. Дар чашмони у хайрату озурдаги дидам ва у сухан сар кард:
- Диловар! Кори хуб накарди! Охир зани «халолиатро» бо аппаву хохаронат ба тамошо гузоштиву мардум аз тани нимурёнашон чун занони худ тамошо кардаанду лаззати ба «зино» кардаанд. Охир ин харом аст- ва ту медони ки хам ту ва хам волидайну язнахоят нафаронеанд ки Худованд онхоро лаънат кардааст!?
- Гуш кун Саидчон! И читари гапзанитай!? Аввалаш ки ма рузи дигаш занма никох кардам- дуюмаш ки аппахоям шавхар доранд ман ба онхо чи кор дорам!- асаби шудам ман ва кариб дасто ба гиребон мешудам бо у.
- Бе никох??? Охир ту бо зане ки метавонисти «халоли» наздики куни гуиё зино кардаи. Он чи «мулло» будааст ки ба ту зино карданро хубтар гуфтааст? Боз фаромуш накун ки он аппахоят шавхар дошта бошанд хам ту гунахкори чун ту чунин туй ташкил карди. Ин хама сифати «Дайюсон» аст ки Худованд ваъда кардааст ки дар пасттарин дузах месузанд . Пас холо хам ватк хаст тавба кун ва хам наздиконатро фахмон- чун холо фурсат дори!- гуфта Саидчон баромада рафт.
Ман уро назди дарвоза доштаму илтимос кардам баргардад то хурок тайёр - аммо у як ду суханоне гуфт ки ба ман нафорид ва ман дигар уро надоштам. «Фанатик» шудааст гуфтаму газабамро фуру бурдам. Он дам ин хел гапхо ба ман сахт мерасид.
Харчанд ман як ду соат асаби шудам аммо соате пас гуиё ин суханонро нашунида будам. Ба занаму наздиконам хам аз ин суханон хабар надодам. Зиндаги давом дошт. Занам рузхои аввал каме либосхои аруси пушиду мохе пас бинам хамон духтаракони бешавхар барин либосхои остинкалта, пеши бар кушода ва хатто матоъхои тунуке ки тан тобад. Вакте хохиш кардам то хеч не дар куча ягон куртаи остиндарози дигар пушад- гуфт ки хамма куртахоям чунин духта шудаги.
Хулас ман аз хама асосиро нагуфтам. Он шаби туй як писар-амакам дар холати масти бо хамдехагон даст ба гиребон шудаасту уро корд задаанд. Вай пас аз он маъюби якумри шуд. Як духтари аппаамро бо чавоне дар хавлии хамсоя капидаанд ки хар ду урён (голый) будаанд ва харчанд аппам мегуфт ки каме нушидаасту он бачча фиребаш кардааст хеч кас бовараш накард. Як ду руз аз он «бешармиву» бехаёгии чиян ёд кардему халос чун мо навхонадор будему накшахои зиёд доштем- ва тарбияи чиянро вазифаи аппаву язна медонистем.
Аз туям 6-7 мох гузашту занам худро бад хис кард. Ба беморхона барем у таваллуди пешаки кард- яъне духтари норасид таваллуд кард. Аввалхо кудакро таи шиша нигах медоштанд ва ман пули калоне сарф кардам барои духтурону дорувори. Аммо пас аз як мох чун кудакро ба хона овардем хама вакт у бемор буд ва хуб нафас намекашид. Он кудак хамаги хафт мох умр дид ва фавтид. Акнун рузи мурдаи кудак доду фигони наздиконаму хуштоманамро мешунидам ки чавоби хар саволро аз Худованд мепурсидан – он гах суханони охирини Саидчон ки назди дарвозаамон гуфта буд ба ёдам омад:
- Бандагон вакте вазнини болояшон ояд Худованд даркор, бемор шаванд Худованд даркор, корашон суст шавад Худованд даркор, фарзанд талабанд Худованд даркор, хочат доранд Худованд даркор!! Аммо дар тую маъракахову хурсанди Худованд даркоратон не? Охир хамин рузхо шумо он ъамалеро кунед ки Худованд хурсанд шаваду зиндагии хушу гуворо атоятон кунад, фарзандони солеху солеха атоятон кунад, саломати атоятон кунад. Ту боши Диловар аз ин туят Шайтони Лаъинро хурсанд карди- пас имруз тавба кун то фардо дер нашавад.
Модараму аппахоям ва хушдоманам рую муй меканданду гила мекарданд ки:
- Худоё чаро ин тавр шуд? Охир ин тифл чи гунох дошт? Чони маро мегирифтиву ин кудакро мемонди! – ва гайра суханоне ки чои гуфтан нест.
Кудакро ба хок супурдему пас аз мохе дигар касе ёде аз у намекард. Духтурон пас аз муоина фармудаанд ки гар фарзанддор шудан хохем ману занам муолича гире. Аммо афсус пули калоне сарф кардаму аз фарзанд хабаре набуд. Ман ба мухочират рафтам ва чунин шуд ки дар як хона бо Саидчон карор гирифтам. Ман аз у бахшиш пурсидам ва гуфтам ки гуфтахои у хак будаанд аммо у гуфт:
- Диловарчон! Аз ман не аз Худованд тавбаву истигфор кун то У(ч.ч) бибахшадат ва аз ин пас аз он сифатхои паст (дайюси) даст бикаш то муваффакат кунад. Бидон ки Худованд аз ин вазнинтар гуноххоро мебахшад- пас ту руй ба даргахи У(ч.ч) ор ва тоъату ъибодат сар кун.
Ман ин хамаро кабул доштам ва аммо чи тавр тавбаву истигфор кунам намедонистам. Якчанд сол пеш намоз мехондам- аммо маълум шуд ки он пур аз хатогист. Саидчон ба ман чи тавр намоз хонам, чи тавр тахорат кунам, чи тавр шаб гусл сохта намози нофила хонда бо Худованд муночот созамро омухт. У акнун устоди ман буд ва хар як хатогии манро ба ман мефахмонд. Аз кор оям пеш аз он ки хурок хурам саволхое ки пайдо мешуд аз у мепурсидаму сони хурок мехурдам. Харфи куръони омухтаму кам кам «Коидаи Багдоди» мехондам.
Хар боре ки ба занаму волидайнам занг мезадам аз намозхониву руза сухан мегуфтам ва онхо хайрон буданд. Як руз ба занам гуфтам ки:
- Хама либосхои тунуку беостинатро парто ва ман пул равон мекунаму куртахое бихар ки тамоми баданатро бипушад. Намозхониро сар кун ва аз Худованд тавбаву истигфор кун то ба мо фарзандони хуб ато кунад.
Занам гуиё инро кабул кард аммо чун аз мухочират баргардам хеч нишонае аз намозхониву руза дар у надидам. Чун набуд нафаре ки ба у онро омузад- оилаи мо аз дин дур буданд. Аз ин пас худ Куръон мехондаму уро хам омухтан сар кардам. Фахмондамаш ки Мусалмон он нафарест ки дар ъамал Тоъату Ъибодат дорад – на нафаре ки «нуги забони» мусалмонам мегуяду халос. Хар чи хохем аз Худованд вобаста аст- пас У-ро тоъату ъибодат кунему аз У(ч.ч) хочат бихохем.
Занам ки аз бефарзанди сахт гамгин буд гуфтахои маро зуд кабул кард. Харду нисфхои шаби аз хоб хеста намозхои нофила мехондему тавбаву истигфори зиёд мекардем. Дуъо мекардем ва аз Холики худ фарзандони солеху солеха талаб мекардем, зиндагии хуб мехостем, барои волидайну наздикон хидоят мехостем. Хатто баъзан манро хоби вазнин зер кунад чашмамро кушода медидам ки занам болои чойнамоз дасти ба дуъо нишастааст ва аз ин шарм дошта хамчунин тахорат мекардаму ба намоз коим мешудам.
Худованд лоикамон дид ки пас аз соле занам дугоник зоид- як писару як духтар. Саидчонро овардам то дар гушашон азону комат бигуяд. Саидчон маслихатам дод ки албатта дастам расад дар хафтрузаги ё чахордах ё бистуяк рузаги тибки суннати Паёмбар (с.а.в.с) «акика» кунаму аз барои Ризои Худованд се гусфанд хун карда писарамро дасташро «халол» кунам.
Вакте ин масъаларо ба волидайну хусуру хушдоман гузоштам хама якбора зид баромаданд. Онхо мегуфтанд ки кудаконро азоб надихам, ба гаппи хар «фанатик» наравам ва гайра. Калон шаванд туи суннати мекунем мегуфтанд онхо. Ман гуфтам:
- Хар чи шумо гуед хам ман ба Худованд кавл додаам ки аз ин пас аз ъамалхои Шайтони руй мегардонам ва ин фарзандонро аз У(ч.ч) хостаем то аз ин пас аъмоли Исломи кунем ва У(ч.ч)-ро хурсанд созем бо ъамалхои худ. Шумо бошед мехохед як ду сол пас «Туи суннати» кунед ки дар асл он на туи Суннатист балки хамон туе ки якчанд сол пеш карда будем – туи Шайтонист! Охир туи Суннати туест ки тибки Суннати Паёмбар (с.а.в.с) бошад- аммо мардуми мо он руз боз хофизони «беэмон»-ро меоранд, арак метиянд, зану мард масту аласту нимбарахна бо хам ракс мекунанд ва гайра. Кадом ъамали суннати ин чо дидан мумкин?
Занам хам тарафи маро гирифт ва гуфт:
- Шумо ёд доред ки пас аз он туе ки мо кардем чи кадар шикаст болои шикаст омад чи ба хонаи шавхар ва чи дар хонаи волидайни ман? Охир ин хама газаби Худованд буд нисбати мо. Боз шумо мехохед онро такрор кунед? Магар шумо мехохед ин бор пурра гам болои гам ояд? Солхо муолича кардем аммо фарзанддор нашудем- аммо чун ба Худованд руй овардем сохиби ин дуструякон шудем. Боз шумо мехохед туе кунем ки дар он ризои Худованд набошад? Ман инро намехохам ва тарафдори гуфтахои шавхарам хастам. Ба кудакон ин «зулм» нест – чун агар зулм мешуд Паёмбари Ислом (с.а.в.с) онро намекард. Шумо хам аз ин пас аз беХудоги руй гардонед то Худованд баракатхо атоятон намояд!
Инак «акика» карда муи сархои фарзандонамро тарошидем, номи некашон мондем, дахонашонро ширин кардем, дасти писарамро «халол» кардем ва се гусфанд куштему чи хамсояхо ва чи хешу таборро зиёфат додем. Харчанд хешу табору хамсояхо мегуфтанд ки ин як расми навро мо кардаем – аммо намегуфтанд ки ин расму ъамал аз суннати Паёмбар (с.а.в.с) аст ки 1400 сол пеш онро мекардаасту ва бар умматон таъкид кардааст! Онхо мегуфтаанд ки ин оила барои кудакони худ тай кардани нестанд.
Пас аз ин маросим муи кудаконро вазн карда ба як камбагал духтар ки дар дехаи хамсоя зиндаги мекарду ба наздики шавхар мекард як гушвору як чаллаи тилло ( ду баробари вазни муяшон) харида бурда додам. Бовар кунед чи кадар волидайни он духтар хурсанд шуданд ки ман наметавонам онро ба шумо расонам. Падари пири он духтар бисёр дуъохои неке кард ба ману фарзандонам ва аз Худованд бароямон некихои дунёву охиратро таманно кард.
Хулас инак фарзандони ман хафт сола шудаанду ман ёд надорам ки боре бемор шуда бошанд ва ё ба пояшон хоре зада бошад. Дар ин сини кучак хар яке 10-15 сураи Куръонро аз ёд медонанду хатто худ тахорат карда намоз мехонанд. Худованд ба мо як духтари дигар хам ато намудааст ки хамчунин барои у «акика» кардам ва у хам се сола аст.
Такси ба шахри Хучанд наздик меомаду он чавон холо гуфтахояшро тамом накарда буд. У сухан мегуфту оби дидаашро дошта наметавонист. Дар охир у ки аз хамаи мусофирон хурдсолтар буд ба мо насихате кард:
- Хар ъамале ки мо бандагон мекунем дар он бояд нийяти хушнудии Худованд бошад- пас муваффак мешавем. Аз он тую маъракахое ки дар он танхо хурсандии Шайтон ъалайхилаъна аст даст бикашему тую маросимхое кунем ки хакикат Худованд аз он рози бошад! Аз хамаатон бахшиш ки ин кадар рох танхо ман сухан гуфтаму шумо калонсолонро сухан гуфтан нагузоштам.
Мо аз ин накл як чахон таассурот бардоштему дар он шахр хар яке аз паси коре ки омада будем равона шудем. Аммо он накли чавонро ман хам фаромуш насохтаму дар зиндагии худ ъамали сохтам!
///////////////\\\\\\\\\\\\__________///////////\\\\\\\\\\
Ъибрат:
Дар хакикат имрузхо мардуми мо тую маъракахое дорад ки «миёншикан» аст. Худ казоват кунед ки он кадар молу матоъе ки барои туи аруси мебарем оё хамаи онро он арус ба бар мекунад? Не ку! Охир 1-2 куртаашро пушад боки аз «муд» мебарояд. Дигараш ки волидайни духтарон хатто фикр намекунанд ки хар он чи ки кудошаванда орад боз гашта ба хонаи онхо равон мекунад- пас чи даркор он молу матоъе ки кор наояд?
Акнун аз туъ тамошохое ки мардуми мо ба он руй овардаанд хамаги хабар доред! Чун имрузхо «мардум чи мегуяд» гуфта мо ба карз мегутем, фарзандонро солхо ба мухочират равон мекунем ва хатто дар фикри он нестем ки онхо он ватан чи хол доранд, чи кадар азоб мекашанд ва бемору хатто маъюб бармегарданд. Он хам барои чи? Он кадар пул дар чи рох сарф мекуни?:::
!! Барои як ду соат овозхонии хофизу раккосае ва ё мардону занони бешарму хайё - туй мекуни? Барои зану хохару аппаву наздикони худро либосхои бешармиву бехаёги пушонда ба тамошо гузоштан- туй мекуни?? Барои зане ки Худованд ба ту халол гардониду ту худ он арусро либосхои ним-урён пушониву ба «номахрамон» ба тамошо гузори- оё туй мекуни? Барои оне ки мардумро хамр (арак) дихиву чангу кордзани ва хатто одамкуши кунанд- туй мекуни? Барои он ки раккосахое ки аз Шайтон хам бадтаранд бираксанду чавонони зандору безан, падарону хатто бобоёнро ба ъамалхое ки Шайтон аз он «кабат кабат гушт мегирад» водор созад- магар туй мекуни?
Нафароне ёфт мешаванд ки «не мо ин хел нестем», «ин хел нийят надорем», «дар хурсанди бояд мусики бошад» ва гайра гуянд. Зиёданд чунин нафарон ки тарафдори чунин маросиму туйхоянд ва онро хурсанди медонанд. Аммо тибки хадиси муборак:
-« Хар чо ки неъмате аз неъматхои Илохи ки истифода шуд ёди аз Худову Расул набошад- куфрони неъмат мешавад»!!
Пас оё дар хамон тавр туйхо кучост «шукронаи Неъматхои Илохи»?:
Охир Худованд ба хам чамъ намудани «номахрамонро» харом гуфтааст- мо ин «хама гап аст» мегуем! Худованд хамр (арак)-ро харом гуфтааст – мо дар туй бе арак наметавонем! Исриф харом гуфтааст Худованд- хазорхо доллар ба хофизону раккосахо медихем? Сатри аврат пушед фармудааст Худованд- мо хатто зану наздиконамонро либосе мепушем ки 1-2 сол пеш онхоро урён мегуфтанд- ва ба мардони бегона тамошо медихем!
Пас кучост дар ин намуд туйхо «шукронаи Неъмат»? Хатто муллохое ёфт мешудаанд ки ба чои он ки насихат кунанд ки даркор нест чунин туй, харом аст чунин туй гуянд- насихат мекунанд ки туятро «Шайтони» гузарон сипас никох мекунем ва гайра. Гуиё ки агар «хак»-ро гуянд ин мардум пулу молашон намедиханд.
Акнун туи «суннати» мегуему аммо танхо хамон «хатна» -аш суннатисту боки хама боз ъамалхои Шайтони! Магар туи суннати дини нест? Охир кадом дин аст дини шумо ки дар туи сунати хофизону раккосахои бешарму хаё меоред, арак медихед, занону духтарони худро ним-урён ба тамошо мегузоред ва г??
Гуянд ки туи суннати хохи кардан «акика» кардан лозим- мегуянд ки ин ба мо бегона аст! Пас чаро туйятро «суннати» меноми? Охир суннат ба ту барин мусалмон бегона будааст- пас чи ба ту наздик аст?
Охир Паёмбари Худо (с.а.в.с) дар суннаташ акика фармудааст на раксу бозиву аракхури! Аммо мо туи «шайтони» мекунему онро суннати меномем! Дар тамоми маъракахои худ хатто нони «худои»- хо ъамале мекунем ки Худованд онро нафармудааст ва хатто аз он манъ кардааст!
Боз хам рузе ки вазнини болоямон омад ва ё шикасте хурдем он руз Худо даркор. Дар вакти хурсанди аз Худо дур мешавему аммо мусибате омад, бемор шудем, фарзанддор нашудем он руз танхо он рузу соат Худоро зиёд ёд мекунем. Ин «ёдкуни» хам муваккат.
Пас «акика» ки аз мо нест- ин туйхои «шайтони» аз моли кист? Пас агар 1400 сола таърихи Ислом ба мо бегона оё хамин 100 сола таърихи комунисти аз мост? Пас оё мусалмони танхо хамин намозу руза аст? Пас оё он кадар ояхои Куръониву аходиси Набави барои мо нест?
Ислом на факат савму салот аст,
Илмасту низом асту хаёт аст!!.
Бародарону хохарони Исломи! Мову шумо бояд на танхо дар намозу рузаи худ балки дар хар як нафаси худ ёде аз Худо дошта бошем. Худованд худ дар Куръон дар сураи «Бакара- ояи 152» ба мо бандагон мефармояд:
« Фазкуруни азкурукум»- яъне шумо ёд кунед Маро то Ман (ч.ч) ёд кунам шуморо!
Дар тафсири ин ояи муборак уламо гуфтаанд ки Худованд ба бандагонаш огохи мекунад ки:
- «Шумо бандагон Маро дар хурсанди ёд кунед- то шуморо дар мусибататон ёд кунам», «Маро дар тенчиву амониатон ёд кунед- то шуморо дар вазниниву тангдасти ёд кунам», «Маро дар солими ёд кунед- то шуморо дар бемори ёд кунам», «Маро дар чавони ёд кунед- то шуморо дар пири ёд кунам», «маро дар руи Замин ёд кунед- то шуморо дар кабри тангу тор ёд кунам» ва гайра!
Паёмбар (с.а.в.с) фармудаанд:
-«Аллох Таъоло мефармояд ки Ман назди гумони бандаам нисбат ба худам мебошам ва харгох зикри Маро кунад-Ман бо у хастам, ва агар Маро дар дилаш зикр кунад-Ман уро назди худам зикр мекунам, ва агар Маро дар гурухе зикр кунад -Ман уро дар гурухи бехтар аз он (фариштахо) зикр мекунам, ва хар гох як вачаб ба Ман наздик шавад- як газ ба у наздик мешавам, ва агар як газ ба Ман наздик гардад-як бозу ба у наздик мегардам, ва агар бо рох рафтан ба суйи Ман ояд -Ман шитобон ба суйи у меравам». ( МУТТАФАКУН ЪАЛАЙХ)
Пас оё хамин ёд кардан танхо ба «забон» аст? Не харгиз не! Ёд кардан дар ъамал аст- чун Мусалмони ъамали хазор маротиба аз Мусалмони «забони» бех аст! Пас дар хама зиндагиатон Худовандро ёд кунед хам дар хурсандиву тенчиву амони ва хам дар мусибату камбудиву беморихо ва он гох бо хости Он Холики Бениёз муваффак мешавед- ва илло аз он ъамалхое ки дар он танхо хурсандии Шаётин аст рузе пушамониву во хасратист!!
Туй кунед ва хеч кас ба шумо манъ накардааст ки хурсанди кунед- хурсанди кунед аммо дар доираи оне ки Худованд фармудааст ва он гох мебинед ки бо хости Илохи фарзандонатонро бахт ёрашон мешавад, фарзандони солеху солеха таваллуд мекунанд, молу мулкдор мешаванд, аз балохо Худованд онхоро дур мекунад ва г.
Аз ин туйхои бемаъниву сарфу харчи зиёде ки хеч кас аз шумо миннатдор намешаваду ба мо бегона аст хар чи зудтар даст кашед. Дар туйхоятон Худовандро ёд кунед- на шаётинро. Мо хам солхое аз хамин навъ маъракахо даст кашидему Худованд инак Муваффакамон гардонид- пас ба шумо хам маслихат медихем ки рохи муваффак шудан дар чист! Дар Панохи Аллох (ч.ч) бошед бародарону хохарони Эмони!
Муаллиф: Садриддин.
13.04.14с.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 3