ПАЁМБАР (С)
Майк Тайсон қаҳрамони
маъруфи амрикоӣ дар риштаи
варзиши бокс ҳанӯз дар синни
20 солагӣ унвони қаҳрамонии
ҷаҳониро касб карда буд.
Тайсон дар оилаи фақир нашъу
намо ёфта, баъди воридшавӣ
ба варзиши мазкур ва
ғолибиятҳои пай дар пай
маҳбубияти ҷаҳониро ҳосил
намуд. Вай соли 1997 дар
рақобат бо муштзани маъруфи
дигар Эвандер Хо лифилд
(таваллуд: 19 октяби соли
1962) ва газидани гӯшаш
мағлуб гардид.
Майк Тайсон аз тарафи
бадхоҳонаш ба тӯҳмати ғасб ва
таҷовус ба номуси духтари
сиёҳпӯсте муттаҳам гардид ва
худи духтар низ ӯро ба ин амал
айбдор кард
Ҳамин буд, ки Майк Тайсон ба
муҳлати шаш сол маҳкум ба
зиндон гашт. Зоҳиран
зиндоншавӣ барояш бад
менамуд, аммо аз куҷо
медонист, ки баръакс сабаби
расидан ба хайри дунёву
охират, яъне пазируфтани
Ислом мегардад.
Тайсон дар муддати се соле, ки
дар зиндон боқӣ монд,
тавассути иддае аз
мусалмонони зиндонӣ бо
Ислом ошно гардид ва қасд
кард, ки баъди берун шудан,
ҳатман мусалмоншавии худро
эълон мекунад. Ҳамин тавр ҳам
шуд. Вай баъди раҳоӣ аз
зиндон, ки ҳамагӣ се сол тӯл
кашид, зеро бегуноҳиаш ба
исбот расид, исломи худро
эълон карда, ҳатто номашро ба
Умар Абдулазиз ва баъдтар ба
Молик Тайсон тағйир дод.
Тайсон ҳангоми дар зиндон
будан ва ошноӣ бо дини Ислом
ба хулосае омад, ки ягона
воситае, ки метавонад ӯро
барои расидан ба саодат кӯмак
кунад, ҳамин дин асту бас.
Вақте Майк Тайсон ба зиёрати
Хонаи Каъба мушарраф гашт,
шахсан худаш нақл мекунад, ки
ҳангоми назди қабри Паёмбар
(с) истодан ашкони чашмамро
нигаҳ доштан натавонистам.
Вай зимни баёни хотираҳои
худ аз ин рӯзии таърихии
зиёрати Хонаи Худо қисса
карда, мегӯяд, ман аз он
хушҳолам, ки дар ин кишвар
(Маккаву Мадина) ҳаводорони
зиёд доштаам, аммо бисёр дӯст
медоштам, то маро барои гӯш
андохтан ба соатҳову лаҳзаҳои
рӯҳонӣ дар ин маконҳои
муқаддас танҳо гузоранд.
Шоҳзода Раиси Ҷамъияти
Даъвати Канада, ки дар ин
сафар Тайсонро ҳамроҳӣ
мекард, ҳолати Майк Тайсонро
ҳангоми назди қабри Паёмбар
(с) истодан чунин тавсиф
кардааст: "Майк Тайсон вақте
пеши қабри Паёмбар (с) истод,
бисёр дар ҳолати отифӣ ва
нармдилӣ буд. Вай ҳудудан
якуним соат пеши равзанаи
мубораки Расули акрам (с) бо
дасти дуъо, гиряву зорӣ ва
тиловати Қуръони карим
истод." Сипас озими Маккаи
мукаррама гашт.
http://ok.ru/group/57284612587571
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев