Худо ҳофиз Рамазон
Гузашт моҳи сиёму расид иди сиём
Кунед яксара баҳри намози ид қиём
Агарчи рафт маҳи рӯзаву маҳи тасбеҳ
Муборак аст ба аҳли сиём иди қиём
Шароби Кавсару боғи биҳишту ҷилваи ёр
Ба рӯзадор ҳалолу ба рӯзахор ҳаром
Бароти афв бигиред аз Худои Карим
Ки гашта афви умумӣ ба дӯстон эълом
Ҳазор ҳайф дареғо чи зуд поён ёфт
Маҳе, ки дасти Илоҳӣ ба мо хӯронд таом
Дуруд бод ба моҳе, ки буд моҳи дуруд
Зи раҳмату баракоту наҷот дод паём
Дуруд бод ба моҳе, ки дошт лайлаи қадр
Дуруд бод ба моҳе, ки буд моҳи тамом
Дуруд бод ба моҳе, ки аз насими хушаш
Расид бӯи Худованд дам ба дам ба машом
Ба вусъати ҳама олам барои меҳмонон
Кушода буд Худованд суфраи итъом
Савоби рӯза худаш буд, беҳтар аз ин чист?
Зи ҳар каромату лутфу инояту икром


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев