Ҳ. Шанхай: Эрон; бозигарӣ барои раҳоӣ аз инзиво
Созмони ҳамкории Шанхай (SCO) ҳамчун яке аз бузургтарин созмонҳои минтақаии ҷаҳон, нақши калидӣ дар тақвияти ҳамкориҳои амниятӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ дар Осиё иҷро мекунад.
Ба гузориши ТоҷикПресс, Эрон навтарин аъзои комили Созмони ҳамкории Шанҳай аст. Ҳузури Теҳрон дар ин созмон аз мавқеи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Исломӣ, таҷаллии амалии сиёсати “Нигоҳ ба Шарқ” аст.
Эрон дар шароити фишори таҳримҳои Амрико, Созмони ҳамкориҳои Шанҳайро фурсате барои густариши муносибатҳои иқтисодӣ, амниятӣ ва сиёсӣ бо қудратҳои бузурги шарқӣ мебинад.
Теҳрон бахусус бар се меҳвар тамаркуз дорад:
Иқтисодӣ: Истифода аз роҳҳои тиҷоратӣ ва транзитӣ монанди коридори шимол–ҷануб ва ҳамкорӣ дар лоиҳаҳои энергетикӣ.
Сиёсӣ–амниятӣ: Баҳрагирӣ аз дастгирии сиёсии Чин ва Русия дар наҳодҳои байналмилалӣ.
Дипломатикӣ: Тақвияти машруияти байналмилалии худ тавассути ҳузур дар созмоне, ки беш аз 40 фоизи аҳолии ҷаҳонро намояндагӣ мекунад. https://tajikpress.com/2025/09/15/%d1%81-%d2%b3-%d1%88%d0%b0%d0%bd%d1%85%d0%b0%d0%b9-%d1%8d%d1%80%d0%be%d0%bd-%d0%b1%d0%be%d0%b7%d0%b8%d0%b3%d0%b0%d1%80%d3%a3-%d0%b1%d0%b0%d1%80%d0%be%d0%b8-%d1%80%d0%b0%d2%b3%d0%be%d3%a3-%d0%b0/
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев