Share
Урсула вон дер Лейен, раиси Комиссияи Аврупо рӯзи 10 сентябр эълон кард, ки барои ҷорӣ кардани таҳримҳо ва боздоштани бахше аз тиҷорат бо Исроил бинобар ҷанги Ғазза, чораҳо хоҳанд андешид.
Ин як чархиши ошкор дар сиёсатҳои ӯ ба унвони яке аз пуштибонҳои деринаи Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба шумор меравад.
Иттиҳоди Аврупо, ки аз 27 кишвар иборат аст, дар баробари ҷанги Исроил ва Фаластин амиқан дучори ихтилофҳо аст ва ҳанӯз маълум нест, оё аксарияти кишварҳои аъзо аз ин таҳримҳо пуштибонӣ хоҳанд кард ё не.
Ба гузориши хабаргузории “Ассошиэйтед пресс”, Урсула вон дер Лейен рӯзи 10 август ҳамчунин аз ташкили “Гурӯҳи кӯмакрасони Фаластин” дар моҳҳои оянда барои бозсозии Ғазза, хабар дод.
Ӯ гуфт, “ҳодисаҳои Ғазза ва ранҷи кӯдакон ва хонаводаҳо, виҷдони ҷаҳонро такон додааст”.
Вазорати тандурустии Ғазза, эълон кард, ки аз 22 август то кунун 124 фаластинӣ, аз ҷумла, 24 кӯдак бинобар камғизоӣ, ҷон бохтанд.
Урсула вон дер Лейен дар порулмони Аврупо таъкид кард, “барқасдона гурусна нигоҳ доштан, ҳаргиз набояд силоҳи ҷанг бошад. Ба хотири кӯдакон, ба хотири инсоният, ин бояд поён ёбад”. https://tajikpress.com/2025/09/11/%d1%80%d0%b0%d0%b8%d1%81%d0%b8-%d0%ba%d0%be%d0%bc%d0%b8%d1%81%d1%81%d0%b8%d1%8f%d0%b8-%d0%b0%d0%b2%d1%80%d1%83%d0%bf%d0%be-%d1%85%d0%be%d1%81%d1%82%d0%be%d1%80%d0%b8-%d1%82%d0%b0%d2%b3%d1%80%d0%b8/
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев