Додгоҳе дар шаҳри Душанбе Мирзомурод Алиев, сокини ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷро ба 12 сол зиндон маҳкум кардааст.
Ба гузориши манбаъ:
Масъулони додгоҳ ҳукмро шарҳ надодаанд. Манобеи огоҳи Радиои Озодӣ рӯзи 19-уми август гуфтанд, ки “ӯ ба тундгароӣ ва пайравӣ аз гурӯҳи “Ансоруллоҳ” гунаҳкор дониста шуд”.
Мавқеи худашу наздикон маълум нест. Фаъолияти созмони “Ансоруллоҳ”, ки бовар меравад, аксар тарафдоронаш дар ҳудуди Афғонистон қарор доранд, дар Тоҷикистон мамнуъ ва террористӣ аст.
Як манбаи огоҳ аз қазия рӯзи 19-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳукми Мирзомурод Алиев дар аввали моҳи август содир шудааст. Ҳамсуҳбати мо афзуд: “Ӯ вакили мудофеъ надошт. Ва бо ҷурме, ки чанд сокини дигари деҳаи Жамаки Язгулом айбдор шуда буданд, маҳкум гардид. Ҳануз оиладор нашуда буд.” https://tajikpress.com/2025/08/19/%d0%bc%d0%b0%d2%b3%d0%ba%d1%83%d0%bc%d0%b8%d1%8f%d1%82%d0%b8-%d1%8f%d0%ba-%d1%81%d0%be%d0%ba%d0%b8%d0%bd%d0%b8-%d0%b4%d0%b8%d0%b3%d0%b0%d1%80%d0%b8-%d1%8f%d0%b7%d0%b3%d1%83%d0%bb%d0%be%d0%bc-%d0%b1/
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев