Мақомти Тоҷикистону Чин масъалаи тавсеа ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ба гузориши манбаъ:
Вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар Завқи Завқизода дар мулоқот бо сафири навтаъини Чин дар Тоҷикистон Го Жиҷун таъкид кард, ки дар нимсолаи якуми соли 2025 гардиши савдои дуҷониба 37% рушд карда, 1,2 миллиард долларро ташкил дод.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, зимни мулоқот тарафҳо тавсеа ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ миёни ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Оқои Завқизода дар ин дидор таъкид кард, ки ҳамкориҳои стратегии ду кишвар мунтазам рушд карда, ба сатҳи сифатан нав баромаданд. https://tajikpress.com/2025/08/19/%d0%b0%d1%84%d0%b7%d0%be%d0%b8%d1%88%d0%b8-37-%d1%82%d0%b0%d0%b1%d0%be%d0%b4%d1%83%d0%bb%d0%b8-%d0%ba%d0%be%d0%bb%d0%be-%d0%bc%d0%b8%d1%91%d0%bd%d0%b8-%d1%82%d0%be%d2%b7%d0%b8%d0%ba%d0%b8%d1%81%d1%82/
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев