Доналд Трамп барои нахустин бор дар як даҳаи ахир, Владимир Путинро ба хоки Иёлоти Муттаҳида даъват кард ва бо умеди дастёбӣ ба як созишнома, ба дидори ӯ рафт; бо ин ҳол, ин раисиҷумҳур натавонист ба ҳадафҳои худ аз ин нишаст даст ёбад.
Ба гузориши ТоҷикПресс, Аляска дар рӯзи ҷумъаи гузашта меҳмони сарони ҳукумати ду кишвари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Русия буд, то дар бораи оташбас ва сулҳ дар Украина бо ҳамдигар гуфтугӯ кунанд.
Даъвати Трамп аз Путин бо интиқодҳои зиёде рӯбарӯ шуд. Ин раисиҷумҳур бетаваҷҷуҳ ба ҳамаи ин интиқодҳо, умедвор буд, ки метавонад бо эҷоди заминаи сулҳ дар Украина, бори дигар худро ҳамчун номзади ҷоизаи Нобел муаррифӣ кунад. Вале ин хоҳиши ӯ ҳақиқӣ нашуда ва ин дидор мувофиқи меъёри ӯ пеш нарафт.
Маҷаллаи таҳлилии “Foreign Policy” дар ин замина навиштааст, ки Трамп ҳатто натавонист дар ин дидор ба ҳадди ақали хоҳиши худ, яъне “оташбас”, даст ёбад.
Ин маҷалла таъкид кардааст, ки бо вуҷуди суханҳои мутавозинаи Путин ба Трамп ва ҳамчунин таърифҳои Трамп аз Русия ҳамчун як “шарики аъло”, ба назар мерасад, ки Маскав ҳеҷ гуна ақибнишинии қобили қайде дар заминаи мавқеъҳои худ надоштааст. https://tajikpress.com/2025/08/17/%d1%80%d0%b0%d1%81%d0%be%d0%bc%d0%b0%d0%b8-%d0%b0%d0%bc%d1%80%d0%b8%d0%ba%d0%be%d3%a3-%d0%bd%d0%b0%d2%9b%d1%88%d0%b0%d0%b8-%d1%82%d1%80%d0%b0%d0%bc%d0%bf-%d0%b1%d0%b0%d1%80%d0%be%d0%b8-%d1%80%d1%83/
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев