Андешаи он неъматекун, ки Худованд ба ту додааст. Ва мебинӣ, иннеъмат аз болову чор суйи ту туро фарогираст, хеле беҳисобу бешумор аст. «Агарнеъмати Аллоҳро ба ҳисоб гирӣ, беҳисоб аст».(Сураи Иброҳим: ояти 34). Сиҳатӣ дар бадан,оромӣ дар ватан, хурокаву пушокавункшокиҳо, обу ҳавои пок дунёи туст. Ва туарзиши ин неъматҳои Худоро наметавонӣ, кикомилан дарк кунӣ. Соҳиби ду чашму забонудасту пой ҳастӣ. Оё ин неъмати Худо нест? Оёин мкъҷиза нест, ки бо ду поят роҳ мегардӣ.Нафароне ҳастанд, ки роҳ гаштанаметавонанд, пойҳои эшон бо сабабе буридава ё билкулл фалаҷ (шал) аст. Оё ҳақиқатимаҳз нест, ки чашмонатро пушида хоб мекунӣ,тану баданат оромиш мегирад. Аммо одамонеҳастанд, ки дарду алам аз чашми эшон хоброрабудааст. Шикамат аз таъоми болаззат сераст, бо нушобаву лазизтарин, нушокиҳоташнагии хеш мешиканӣ, вале нафаронеҳастанд, шикамашон аз хурок серу ҷигариташнаашон аз нушидан комёб намешавад.Андеша кун, ки гушҳои шунавоят кар нестанд.Андеша кун, ки чашмҳои биноят кур нестанд.Андеша кун, ки забони гуёат гунгу лол нест.Пусти баданат аз бемориҳои ҳазаркунанда дураст, ақли расои туро Худованд аз.девонагӣнигоҳ доштааст, оё ин неъмати бузургиХудованд нест? Оё мехоҳӣ, ки чашмҳоибиноятро ба амсоли куҳи Уҳуди тиллоӣбифрушӣ? Оё розӣ ҳастӣ, ки гушҳоишунавоятро ба хонаву қасри боҳашамат ивазнамоиву кар гардӣ? Оё мехоҳӣ, ки ду даступоятро бурида дар ивазаш ҳамвазни ту зарутилло диҳанду ту бе дасту пой бошӣ? Ҳаргизне! Албатта ту дар неъмати фаровон буданмехоҳӣ. Лекин лаззати ин офияту саломатиронамедонӣ ва шукри ин неъматҳоро поснамедорӣ. Ҳаёти ғамгине ба сар мебарӣ, дарфикри ҳар чизи набудаву дастнорас ғуссамехурӣ. Ҳар чизе, ки дастраси ту аст, шукрнамегуйӣ, ҳамеша беқарор ҳастӣ. Ба андакезарари молӣ, сару калоба гум мекунӣ,намедонӣ, ки саратро ба кадом деворе кубӣ.Ҳол он, ки Худованд калиди хушбахтиро бадасти ту додааст. Яъне, тану ҷони солимухотири ҷамъ дорӣ, ки болотар аз халтаҳоизару кушку қасрҳои боҳашамат аст. Пас боядандеша намоӣ ва шукр гуйӣ. Боре нек андешакун, ки зани ҳамсари ҳалим, фарзандонидуструяк, хонаву дар, ҷойи кори хубу дустонибовафо ва ватани тинҷу осуда дорӣ. Пас индунё комилан аз они туст. Бародар ва хоҳар,ғамгин машав, ҷойи ғусса нест.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев