Воқеан, хам шабакаҳои иҷтимоӣ ва шахсони пайгиркунандаи ахбор, аз шуниди номи ТЭТ ҲНИ ва саркардагону думраваонаш мондаву хаста шуданд. Зеро, ин афрод дар ягон нашри ахбор бо амалҳои инсондӯстиву ватанпарарӣ муаррифӣ намегарданд. Танҳо, бо амалҳои ваҳшиёна рӯйхати аввали хабарҳоро соҳиб мешаванд. Ҳатто ВАО-и хусусиву давлатӣ фаъолияти созмони наҳзатро даркорӣ намешуморанд ва қалами худро аз онҳо дур сохтаанд. Чун, ба ҳама алаккй фаъолияти онҳо айён аст.
Созмони террористии наҳзати ислом, ки сарчашмаи фаъолияташ ҳанӯз ба солҳои 80-уми қарни гузашта рост меояд, тавонист, дар давраи Шӯравӣ нисбат ба инсоният ҷиноят содир намуда, номи халқи тоҷикро байни кишварҳои дӯст паст занад. Бинобар ин, роҳбарияти кишвари ҳамон вақта фаъолияти ташкилоти мазкурро манъ карданд, ки дар натиҷа наҳзатиҳои экстремист роҳи гурезро мегирифтанд. Он вақт, ҳам онҳо ба кишварҳои наздики исломӣ рӯ ба гурез оварда, муддати муйян дар он кишварҳо паноҳ мебурданд. Ва баъд аз тайёрии махсус ба қаламравӣ кишвар баргашта, амалҳои тахрибиро анҷом медоданд.
Аввали солҳои 90-уми асри ХХ буд, ки ин ифротиҳои наҳзатӣ бори дигар зери дастгирии ва роҳнамоии хоҷагони хориҷиашон дар саҳнаи сиёси пайдо шуда, дар байни мардуми тоҷик низоъҳои динӣ ва сиёсиро авҷ доданд, ки дар натиҷа мардумро хонасӯз карданд. Маҳз таҳлилу тадқиқотҳои мақомотҳои дахлдор буд, ки ҷиноятҳои содирнамудаи ташиклоти террористи наҳзат зери «ронамоӣ»-и М. Кабирӣ бо факту далелҳо айён гардида, бори дигар фаъолияташ дар қаламравӣ кишвар қатъ карда шуд.
Дар ин раванд, ҳар вақте, ки фаъолияти ин ташкилот манъ карда мешуд, роҳбарону аъзоёни ин ҳизби террористӣ ба кишварҳои исломии наздик ва ё Аврупо гуреза мешуданд. Наҳзатиҳои қотил барои ба даст овардани понаҳандагии сиёсӣ дар Аврупову кишварҳои исломӣ Тоҷикистонро зери таҳқиру танқид қарор медоданд. Ин таҷриба чанд соли охир амалӣ шуда, бо дастгири ахшоси алоҳида наҳзатиҳои террорист паноҳандагии сиёсиро ба даст оварданд. Аммо, шахси паноҳдиҳанда, дар асл ин рӯи ин террористонро дуруст намешинохтанд, зеро онҳо таҳти шиори исломӣ амал менамуданд.
Имрӯз, алаккай ба ҳамагон маълум аст, ки ТЭТ ҲНИ чӣ аст ва наҳзатиҳои беватан кистанд?! Афсӯс бисёре аз кишварҳои Аврупо дар вақти нодониашон террористонро дар кишварашон ҳамчун паноҳанда ҷой доданд. Ҳатто, як давра онҳоро пуштибонӣ ҳам карданд. Лекин, имрӯз вазъият дигар шуд ва бисёре аз кишварҳои дунё маҳз бо заҳмати мақотҳои дахлдорӣ кишвар нисбати наҳзатиҳо тассавуроти пурра оид ба террористу экстремист буданашон маълумоти заркриро пайдо намуданд.
Зикирзода Ҳ,
таҳлилгар
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев