Ҳаводиси идеологӣ - сиёсии кишварҳои исломӣ, аз ҷумла мамлакатҳои Шарқи Наздик ба як бӯҳрони бузург гирифтор шудаанд, ки низоъу ҷангҳои нав ба нав дар майдони муборизаҳои сиёсӣ пайдо шуда, таъсиси ҳизбу ҳаракатҳои нави динӣ нишони айёни он мебошанд. Дар ҳақиқат таҷрибаи ҳизбсозӣ дар динҳо як амали носозгор буда, хусусан дар дини ислом он аз ҷониби аксари мусулмонон пазируфта нашуд. Вале сиёсисозии он аз ҷониби ашхосу давлатҳои манфиатҷӯ бо истифода аз сатҳи пасти иҷтимоӣ ва бемаърифатии сиёсию динии мардуми оддӣ бо пиёда кардани ҳадафҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ дар баъзан маврид татбиқи амалии худро ёфта истодааст.
Аз ҷумла таҷрибаи таъсиси ҳизби динӣ дар Тоҷикистон ҳам маҳз дар заминаи ба майдони сиёсӣ кашидани ҷавонони кишвар пас аз пошхӯрдани Шӯравӣ ба кор омад. Чуноне, ки маълум аст дар ин давра фазои идеологӣ куллан холӣ монда буд ва ҳаракатҳои динӣ аз фурсат истифода карда худро дӯстдору ҳомии мардуми бечора муаррифӣ карданд. Аксари ҷавонон ҳам ба гапҳои бофтаи ин дасисакорон бовар карда аз пушти онҳо вориди майдони сиёсӣ гардиданд, ки дар натиҷа кишварро ба ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд. Мардуми бофарҳанги тоҷик дар ниҳоят ба ваҳдату сулҳ омада, аз баҳри ҳамаи гуноҳои ҳамдигар ба хотири оромию ободии кишвар ва боқи мондани ин сарзамини бузург ба наслҳои оянда гузаштанд.
Ба хотири оромию осудагии кишвар барои фаъолияти сиёсии ҳизби исломӣ дар асоси қонунгузории кишвар иҷозат дода шуд. Умед буд, ки онҳо аз ҷанги шаҳрвандӣ таҷриба гирифтанд, ки ҷанг ба куҷо ва чӣ харобиҳоро меорад. Аммо, омӯзиши фаъолияти ҳизб тамоман натиҷаҳои дигарро собит менамояд. Дар фаъолияти сиёсии ТЭТ ҲНИ дини ислом танҳо барои пиёдасозии ҳадафҳои ашхоси маълум истифода бурда мешуд ва то ҳозир ин тарзи кор чунин боқи мондааст. Мутаассифона, он кишварҳое, ки нисбати Тоҷикистон ҳадафҳои сиёсӣ доштанд, минбаъд сарпараст ва пуштибони ТЭТ ҲНИ шуданд.
Воқеан бо ташкил ва дастгирии чунин ҳизбу ҳаракатҳои динӣ ҳоло давлатҳои абарқудрат низоми сиёсии кишварҳои орому тинҷро фалаҷ карда, ба ҷои низомҳои давлатӣ як ҳараҷу мараҷи идеологӣ ва сиёсиро рӯи кор меоранд, ки дар он ҳизбу ҳаракатҳоро барои ба даст гирифтани қудрати сиёсӣ роҳандозӣ мекунанд.
Хусусан имрӯз ибораи давлатдории дунявӣ аз доираи сиёсии кишварҳои мусулмонӣ бо дастгирии ҳаракату ҳизбҳои исломӣ аз доираи давлатдорӣ берун карда, ба ҷои он низоми хилофати исломиро овардаанд.
Хушбахтона, мардуми тоҷик сиёсати пешгирифтаи ҳукумати кишварро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, мутмаин аст, ки тамоми ормонҳои миллии мардуми тоҷик ҷомаи амал пӯшанд.
Бинобар ин, ҳар як шаҳрванди ватанпарастро зарур аст, ки дар муқобили рафтору кирдор ва идеяҳои ифротии бегонапарастонаи баъзе аз пешвоёни ба ном дин бетарафӣ зоҳир накарда, бояд нақши бориз баранд ва дар таҳкими давлати миллӣ саҳми арзандаи худро гузорад.
Яқуб Шодиён
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев