1.
Нишони мо пас аз мурдан биҷӯянд,
Хатои мо пас аз мурдан бигӯянд.
Чи гулҳо , ки надидему начидем,
Пас аз мурдан зи хоки мо бирӯянд.
2.
Гахе ёру гахе бор аст дунё,
Гахе тору гахе дор аст дунё.
Надонад кимати мардон агарчанд,
Харидор асту бозор аст дунё.
3.
Яке андешаманду худгаре буд,
Дигар инсони инсонпарваре буд.
Яке баьд аз вафоташ хайкале ёфт,
Дигар дар зиндагони хайкале буд.
4.
Хама олудаи дардем, афсус,
Губоролуда пургардем афсус.
Зи кас мардонаги хохему худмон,
На дар хар бобате мардем, афсус.
5.
Айб аст бузург баркашидан худро,
Бар чумлаи халк баргузидан худро.
Аз мардумаки дида наёмухтаи,
Дидан хама касрову надидан худро.
6.
Рафтам ба сари кабри Шоханшохи Яман,
У даст бароварду ба ман дод кафан.
Гуфто, ки аз ин саховатам айб макун,
Аз моли чахон хамин расида бар ман.
7.
Чахон пахновар аст аммо чи танг аст,
Кучо санге фитад бар пои ланг аст.
Зи кухистони сангафкан чи донам,
Ки дар пироманам дилхои санг аст.
8.
Чахон бегонабози дуст дорад,
Чахон девонабози дуст дорад.
Ба пиромуни шамьи мурдаи хеш,
Чахон гамхонасози дуст дорад.
9.
Фалак фарзонагонро куштанат чист?
Хама якдонагонро куштанат чист?
Ту худ девона карди окилонро,
Пас он девонагонро куштанат чист?
10.
Дар ин дунё, ки эчоди тазод аст,
Ба кавли Рудаки абр асту бод аст.
Паи одамгари фурсат надорам,
Паи ноодами фурсат зиёд аст.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев