Предыдущая публикация
Бар ҳифзи ному исмати миллат ҷадал намо!
Дар лаб шиорҳои басо хуб доштӣ,
Тадбиқ ҳол кулли шиору ғазал намо!
Ширин - ширин зи ишқи Ватан ҳарф мезадӣ,
Исбот бо амал ҳама ҳарфи асал намо!
Миллат кунун ба дасти ману ту амонат аст,
Тарк ин раҳи хиёнати худ лоақал намо!
То миллати ману ту бувад сабз то абад,
Ҳифз ин муҳити сабзи варо аз азал намо!
Бо ҷисм ҷавшани Ватанат бош, Ҳотамӣ!
Ҳар хасми ӯ равонаи роҳи аҷал намо!
Ғайратҷон Ҳотамӣ
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев