~~~Ҷавонмардию мардиро дар ин маҳфил намеёбӣ.
~~~Худо шоҳид, ки ӯ дасти рафоқат доду пас бифрухт,
~~~Шукуҳу фарри мардиро, аз ин каҷдил намеёбӣ.
~~~Чу моҳӣ зери найрангу иҳонат банди паймонам,
~~~Миёни гандаоби ғам раҳи соҳил намеёбӣ.
~~~Хиёнат дар алобистони рӯяш мекунад хирман,
~~~Шакарро то занӣ дар ҷавҳари фил-фил намеёбӣ.
~~~Биёбони кафаш моро рабуд аз оламу одам,
~~~Агар хори раҳаш ҷуӣ, дар ин манзил намеёбӣ.
~~~Ҳақикатгу агар бошӣ миёни халқи беройе,
~~~Касе чун мистари сабзат ба худ моил намеёбӣ.
~~~Агар шамъи каломамро зади оташ ба дасти нур,
~~~Дареғи чашми нобино бар ӯ қандил намеёбӣ.
~~~Худоё, ишқи Пайдовар шавад девони фардояш,
~~~Дар ин гулзори нопокон гули ҳамдил намеёбӣ!!
Шараф
Пайдовар
Умарзода.
30.01.2025.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев