Баъди маргаш дар сари қабраш гиристанҳо чӣ суд,
Аз қафои тобуташ сад дод гуфтанҳо чӣ суд.
Ҳолате ки зинда буд, қадраш накарди нохалаф,
Санги беҷон дар сари гӯраш ниҳоданҳо чӣ суд.
✨✨✨✨✨✨✨✨✨✨✨✨✨✨✨
Солу моҳ бемор буд, як бор нарафтӣ диданаш
Ин замон болои хокаш по ниҳоданҳо чӣ суд.
Сею ҳафту чилу солаш ин ҳама беҳуда аст,
Мисли каргас рӯи хонаш ин париданҳо чӣ суд.
✨✨✨✨✨✨✨✨✨✨✨✨✨✨✨
Хост то боре бубинӣ қомати хамгаштааш,
Рӯ ба сӯи хонааш акнун давиданҳо чӣ суд.
Даст бар сӯи он Худо бардору умре зора кун,
Тавба дар даргоҳи ӯст, аз ину аз онҳо чӣ суд.
✨✨✨✨✨✨✨✨✨✨✨✨✨✨✨
Ту яқин дон, қарзи фарзанд ин дифои волидайн,
Варна аз ин будани мову ту дар ин дунё чӣ суд.
🪷🪷🪷🪷🪷🪷🪷🪷🪷🪷🪷🪷🪷🪷🪷
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев