🔴 Ҳомиёни режими саҳюнистӣ ва баъзе аз афроди худи режими ғосиб ёвагӯиҳое дар ин ду-се рӯз кардаанд ва идома дорад, аз ҷумла ин ки Эрони исломиро пушти ин ҳаракат муаррифӣ мекунанд; иштибоҳ мекунанд.
🔴 Албатта мо аз Фаластин ва аз муборизаҳо дифоъ мекунем!
🔴 Мо пешонӣ ва бозуи тарроҳони мудаббиру ҳушманд ва ҷавонони шуҷои фаластиниро мебӯсем ва ба онҳо ифтихор мекунем.
🔴 Ин ҳаст, аммо онҳое, ки мегӯянд: «Кори фаластиниҳо ношӣ аз ғайри фаластиниҳо аст», миллати Фаластинро нишинохтаанд ва миллати Фаластинро дасти кам гирифтаанд.
🔴 Иштибоҳашон дар ҳамин аст ва ин ҷо ҳам муҳосибаи ғалат мекунанд.
🔴 Албатта ҳамаи дунёи Ислом вазифа дорад, ки аз фаластиниҳо ҳимоят кунад ва бо иҷозати Худо ҳимоят ҳам хоҳад кард, аммо ин кор, кори худи фаластиниҳо аст.
🔴 Тарроҳони ҳушманд, ҷавонони шуҷоъ, фаъолони азҷонгузашта тавонистаанд ин ҳамосаро ба вуҷуд биёранд ва ин ҳамоса Ин шоа Аллоҳ гоми бузурге барои наҷоти Фаластин хоҳад буд.
Оятуллоҳ Хоманаӣ - раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон
18 меҳри 1402 ҳ.ш. (10/10/2023)
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев