Абубакр Мухаммад Чаъфар ибни Халафи бухорои яке аз шоирони суфии арабизабон ба хисоб меравад, ки дар асрхои 8-9 зиндаги кардааст. Ин шоир як руз бемор мегардад. Чамъе одамон ба хабаргирии шоир рафтанд. Шоир пурсид, ки: "Шумо киёнед?" Гуфтанд: "Дустони ту". Шоир санг бардошт ва бар эшон хамла кард. Хама бигурехтанд. Бихандиду гуфт: " Боз оед, ай даъвогарони дусти, ки дустон аз дустон нагурезанд ва аз санги чафояшон напархезанд".
КИТЪА
Он аст дустдор, ки харчанд душмани,
Бинад зи дуст, беш шавад дустдортар.
Ба сад хазор санги ситам гар хурад аз у,
Гардад бинои ишкаш аз он устувортар.
Барои табобати шоир халифа табиби тарсоро ба муоличот фиристод. Табиби тарсо аз шоир пурсид, ки хотири ту чи мехохад? Шоир гуфт: " Он, ки ту мусалмон шави". Табиб гуфт: "Агар ман мусалмон шавам, ту сихат мешави ва аз бистари бемори бармехези?" Гуфт: "Оре!" Пас имон овард ва шоир аз бистар бархост ва бар вай аз бемори асар набуд. Пас харду хамрор пеши подшох рафтанду киссаро бозгуфтанд. Подшох гуфт: " Ман пиндоштам, ки табиб пеши бемор фиристодаам, ман худ беморро пеши табиб фиристода будаам".
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев