МАНАМ ТОҶИК КАЁНИЯМ.
Ман аз Бурҷам , гулафшонам,
Зи Боғистону Хатлонам
Чу як пайванди соҳибтоҷ,
Зи кӯҳсори Тиёншонам.
Манам тоҷик, каёниям,
Зи асли насли ориям!
Ниҳоле аз Самарқандам,
Нанайманзил, фараҳмандам,
Бухороро нишон дорам,
Зи Раштибуми чун қандам.
Манам тоҷик, каёниям,
Зи асли насли ориям!
Бубин, Боми ҷаҳон дорам,
Зи Сомонӣ нишон дорам,
Шиори неки зардуштӣ,
Ба мағзи устухон дорам.
Манам тоҷик, каёниям,
Зи асли насли ориям!
Сикандар бар талош омад,
Араб аз баҳри пош омад,
Ба хунхориву хунрезӣ,
Муғул ҳам баҳри чош омад.
Манам тоҷик, каёниям,
Зи асли насли ориям!
Манам болу пари тоҷик,
Шукӯҳу ҳам фари тоҷик,
Чу шери нар ба майдонам,
Нигаҳбони дари тоҷик.
Манам тоҷик, каёниям,
Зи асли насли ориям!
Салим Иномзода,
17 0 3 2022.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев