Хохам ки шабу рузон ëрам ба барам бошад, Рухсораи хандонаш пеши назарам бошад. Бе У дили ман танг аст,Аллох мадад бинмо, Симои дурахшонаш шамсу камарам бошад. Хар лахза парешонам,гуë,ки ба зиндонам, Гуед хиромонро,то чону танам бошад. Мискину факирам ман,бехолу сагирам ман, Дар доираи хасти нури басарам бошад. Эй зиндаги пандам дех,аз гур бурун овар, Бар торикию дахшат дасти зафарам бошад. Озурда тане дорам харчанд,ки хандонам, Дар олами бегона дарду аламам бошад. Эй олами афсункор,эй чархи чафопеша, Омодаи хар дардам то У ба барам бошад
Показать ещё