Ҷой аввал барои 3-нафар ронанда, муайян карда шуд, ки онҳо дар давоми давраи мусобиқа (аз 28.06.2021 то 12.08.2021) аз 1200 холро аввалин шуда сазовор гаштанд.
Намояндаи расмии ширкати Lukoil барои иштироки фаъол ба ронандагоне, ки дар ин мусобиқа (300 ронандаи /мошини) иштирок намуданд изҳори сипос баён карданд.
Хуллас, ронандаҳое ки ҷойи аввалро сазовор шуданд аз инҳо иборат ҳастанд:1. Холов Шамсиддин – ронандаи автомобили рақами бақайдгирии давлатии 1128 ТТ О9 (ID–725), бо телевизори SmartTV 65дюма мукофотонида шуд;2. Нуров Амриддин - ронандаи автомобили рақами бақайдгирии давлатии 1412 ТТ О9 (ID–775), бо Ноутбуки тамғаи DELL мукофотонида шуд;3. Абдурозиқов Бахтиёр - ронандаи автомобили рақами бақайдгирии давлатии 9316 ТТ О5 (ID–347), бо плей стейшн мукофотонида шуд;
Ба Ронандаҳое ки ҷойи 2-юм ва 3-юмро ишғол карданд инчунин мукофотҳои арзишманд дода шуданд ки шумораи онҳо зиёда аз даҳо нафарро ташкил карданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ Директори Хадамоти «Олуча Такси» - Саидзода Қурбон ба намояндагони ширкати Lukoil, ронандаҳое ки дар ин мусобиқа иштирок карданд, ғолибони озмун ва ҳозирин изҳори сипос баён карданд ва қайд намуданд ки ҷиҳати идомаи ҳамкорӣ бо ширкати Lukoil мавриди баррасӣ қарор дода мешавад ва кушишҳо баҳри натиҷагирии мусбӣ аз ин корҳо, равона карда мешаванд.
Тел: 7000Сомона: www.olucha.tj
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев