Нохост чашмаш ба дар афтод, ки сӯрох шудааст. Рӯй ба ғуломон карду гуфт:
___ Чи касе иллати ин сурохро медонад!?
Марди фақире аз моҷаро хабар ёфту назди шоҳ омада гуфт:
Дохили дар, кирм аст. Ҳар мушкилоте, ки ҳаст, иллат дар дохилаш аст.
Шоҳ фармон дод, ки даро тафтиш кунанд.
Воқеан дохили он кирм буд.
Шоҳ амр кард:
___ Ин мардро ба ошхона бибаред ва аз хӯрокҳои пасмонда тановул кунаду роҳат кунад.
Чанд рӯз аз байн гузашт. Шоҳ дар кӯча боз ҳам мардро дид. Ба мард гуфт:
__ Мехоҳам, чизи ҷолиберо бароям қисса куни.
Мард гуфт:
_____ Ба ин роҳе ки пул сохта шудааст, нарав. Чун асп ба об меҷаҳад. Шоҳ ба он роҳ рафту нохост аспаш ба об ҷаҳид.
Шоҳ ба одамонаш амр кард, ки ин мардро боз ба ошхона баранд то пасмондаи хӯрокро бихӯрад ва роҳат кунад.
Чанд рӯз аз байн гузашт. Рӯзе шоҳ ин мардро даъват намуд ва гуфт:
Мехоҳам чизи ҷолиби дигаре бигӯӣ.
Марди фақир гуфт:
___ Агар гӯям асаби хоҳи шуд.
Шоҳ гуфт:
____ Амонат медиҳам.
Мард гуфт:
___ Ту шоҳзода нести.
Шоҳ ба ғазаб омаду ба назди модараш омаду қазияро нақл кард.
Модараш гуфт:
___ Рост мегӯяд, ману шоҳи пешин фарзандор намешудем, бинобар ин кӯдаки як канизамонро гирифта бузург кардем. Ва он тӯӣ.
Шоҳ ба назди марди фақир омаду гуфт:
___ Ту аз куҷо донисти, ки ман шоҳзода нестам!?
Фақир гуфт:
Ман ду маротиба ба ту ҳақиқатҳои ҷолиби зиндагиатро нақл кардам. Аммо ту ба ман пасмондаи хурок додӣ. Шоҳзодаро ки зоташ шоҳ аст бахшишаш низ шоҳона аст. Ту бошад мисли гадо муносибат кардӣ. Аз ҳамонҷо фаҳмидам, ки зотат гадост.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев